Мы в Telegram
Добавить новость
smi24.net
World News in Tajik
Июнь
2023

Новости за 17.06.2023

Толибон мегӯянд, дар Афғонистон панҷ мадрасаи "ҷиҳодӣ" боз мекунанд

Ozodi.org 

Шайх Абдулвоҳид Ториқ, раиси мадориси ҷиҳодии вазорати маорифи ҳукумати Толибон гуфтааст, имсол дар панҷ вилояти Афғонистон мадрасаи ҷиҳодӣ боз карда ва Толибонро ба онҳо шомил кардаанд.

Муассисаҳо ва аҳолии Кӯлоб аз "Барқи Тоҷик" 400 миллион сомонӣ қарздор шудаанд

Ozodi.org 

Мақомоти расмӣ мегӯянд, қарзи аҳолӣ ва муассисаҳои шаҳру ноҳияҳои Кулоб аз ширкати “Барқи Тоҷик” ба марзи 400 миллион сомонӣ ва бештар аз 35 миллион доллар наздик шудааст. Баҳром Ҳикматзода, намояндаи «Шабакаҳои тақсимоти барқ» ба нашрияи “Cадои Мардумт” минбари порлумони Тоҷикистон гуфтааст, ки айни замон пули напардохта барои истифодаи нерӯи барқ дар минтақаи Кӯлоб бештар аз 391 миллион сомониро ташкил медиҳад ва “аз ин 232 миллиону 415 ҳазор сомонӣ қарзи аҳолӣ мебошад.” Баҳром Ҳикматзода ҳамчунин... Читать дальше...

Ҷангҷӯёни шарики ДОИШ 41 нафарро дар Уганда куштаанд

Ozodi.org 

Ҷангҷӯёни вобаста ба гуруҳи ба ном Давлати исломӣ дар як ҳамлаи террористӣ ба мактабе дар ғарби Уганда 41 нафарро куштаанд. Дар ин бора мақомоти ин кишвари африқоии ҳаммарз бо Ҷумҳурии Демократии Конго хабар доданд. Ба гуфтаи мақомоти пулис, аъзои як гуруҳи ифротӣ, ки ба Давлати исломӣ изҳори садоқат кардааст ва дар шарқи Конго паноҳ мебарад, шоми 16-уми июн ба мактаби миёнаи Лубирира дар ноҳияи Мпондве ҳамла кардаанд. Онҳо хобгоҳи мактабро ғорат карда ва сипас оташ задаанд. Мақомоти пулис нагуфтаанд... Читать дальше...

Вазорат мегӯяд, зиндониёни собиқро беназорат намегузорад. ВИДЕО

Ozodi.org 

Вакилони парлумони Тоҷикистон  аз тарҳи қонуне ҷонибдорӣ намудаанд, ки бар асоси он гурӯҳе аз маҳбусон баъди раҳоӣ аз зиндон, расман зери назорати пулис қарор мегиранд. Вакилон ҳадаф аз қабули ин тарҳро пешгирӣ аз содир намудани ҷиноятҳо миёни маҳбусони собиқ  арзёбӣ намуданд.

Гапи озод: Чаро додрасҳои тоҷик ришва мегиранд? ВИДЕО

Ozodi.org 

Дар даҳ соли охир дар Тоҷикистон на камтар аз сӣ додрас ва ё судяро бо иттиҳоми "кирдоре, ки шаъну эътибори судяро паст мезанад"аз мансаб рондаанд ва сипас ҷазо гирифтаанд. Ё барои гирифтани ришва, ё барои кадом як муомилаи ғайриқонунӣ. Чаро чунин аст?





СМИ24.net — правдивые новости, непрерывно 24/7 на русском языке с ежеминутным обновлением *