Мы в Telegram
Добавить новость
smi24.net
World News in Tajik
Июнь
2023

Новости за 09.06.2023

Ҳавои Тоҷикистон ҳафтаи оянда то ба ҳадди тоқатфарсо метасфад.ВИДЕО

Ozodi.org 

Идораи ҳавошиносии Тоҷикистон мегӯяд, мумкин аст, ҳаво дар кишвар ба ҳадди тоқатфарсо ва то 40 дараҷа гарм шавад. Ҳарорате, ки дар аввали моҳи июн дар Тоҷикистон кам дида мешавад. Пизишкони тоҷик мегӯянд, мардум ва бахусус онҳое, ки бемории дил доранд, бояд дар ин гуна рӯзҳо эҳтиёт кунанд.

Ахбори Озодӣ аз 9-уми июни соли 2023 (Пахши зинда)

Ozodi.org 

Ихроҷи муҳоҷирони боздоштшуда дар Котелникии Русия, бозгашти навраси фирорӣ, ки бо кумаки Радиои Озодӣ пайдо ва ба хонааш интиқол дода шуд, ҳушдори ҳавошиносони тоҷик ва матолиби дигар.

Қирғизистон пули миллиашро дар дохил чоп мекунад

Ozodi.org 

Раҳбарони Қирғизистон мегӯянд, ин кишвар дар ояндаи наздик пули миллии худро дар дохил чоп мекунад. Ин нуктаро Содир Ҷабборов  раисҷумҳури Қирғизистон рӯзи 9-уми июн дар як чорабинии расмӣ баён доштааст.  Дафтари матбуотии президенти Қирғизистон мегӯяд, ки айни замон корҳо барои чопи пули миллӣ дар дохил идома дорад ва таҷҳизоти зарурӣ барои онро харидаанд.  Содир Ҷабборов дар оғози имсол гуфт, Қирғизистон шиноснома ва пули миллии худро мустақилона чоп мекунад ва аз ин кор ба буҷаи давлат дасти кам 3 миллиард сом фоида меорад.

Сафири Амрико кори Радиои Озодиро дар Тоҷикистон муҳим номид

Ozodi.org 

Мануэл Микаллер, cафири Амрико дар Тоҷикистон гуфт, ки ба зарурати озодии баён ва фаъолияти расонаҳои мустақил бовар дорад ва ин мавзуъҳоро ҳамвора дар ҳама мулоқотҳои сатҳи баланд бо мақомоти Тоҷикистон дар миён мегузорад.



Подполковникеро, ки ба таҷовузи Шаҳло муттаҳам мешавад, бозпурсӣ кардаанд

Ozodi.org 

Мақомоти Оҷонси мубориза бо коррупсия як занеро, ки афсари баландрутбаи милисаро ба таҷовузи ҷинсӣ дар утоқи кориаш ва тамаъҷӯӣ муттаҳам мекунанд, бо худи ӯ ва наздиконаш рӯ ба рӯ ва бозпурсӣ кардаанд.

Додситонҳои Тоҷикистону Эрон табодули зиндониёнро баррасӣ кардаанд

Ozodi.org 

Мақомоти Эрон ва Тоҷикистон ба мувофиқа расидаанд, ки вобаста ба вазъи Афғонистон барои мубориза бо терроризм ҳамкорӣ хоҳанд кард ва ба ҳамдигар «маълумоти фаврӣ» хоҳанд дод.  Додситонии кулли Тоҷикистон рӯзи 8-уми июн бо нашри як баёнияи расмӣ гуфт, ки ин мавзӯъ рӯзи 8-уми июн дар сӯҳбати Муҳаммад Ҷаъфар Мунтазирӣ, додситони кулли Эрон бо Юсуф Раҳмон, додситони кулли Тоҷикистон матраҳ шудааст. Ду додситон ҳамчунин  "истирдоди ҷинояткорон  ва бозпас додани маҳкумшудаҳоро баррасӣ карданд.” Муҳаммадҷаъфар Мунтазирӣ... Читать дальше...

Аз блогерони туркман мехоҳанд, танҳо таърифу тавсиф кунанд

Ozodi.org 

Дар баъзе минтақаҳои Туркманистон маъмурони пулис рӯзҳои ахир блогерони маъруфи маҳаллиро, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ, аз қабили "YouTube", "TikTok" ва "Instagram" фаъол ҳастанд, бозпурсӣ мекунанд. Аз блогерон талаб мешавад, ки дар саҳифаҳои худ дар бораи Туркманистон танҳо матлабҳои мусбатро ҷой диҳанд. Аз ҷумла, дар бораи "Туркманистони шукуфон" бигӯянд ва "кудакони хушбахту биноҳои бунёдшаванда"-ро нишон диҳанд. Блогерони бозпурсишуда огаҳ карда шудаанд, ки нашри кадом матлабҳо манъ аст. Аз ҷумла ҳушдор гирифтаанд... Читать дальше...

WSJ: Чин дар Куба пойгоҳи махфӣ месозад

Ozodi.org 

Чин барои ҷосусӣ алайҳи ИМА дар Куба пойгоҳи махфӣ месозад. Нашрияи "The Wall Street Journal" бо истинод ба манбаъҳои огаҳ аз маълумоти махфӣ навиштааст, ки Пекин барои ҷойгиркунии пойгоҳаш дар ҷазира чанд миллиард доллар пардохт хоҳад кард.  Ҳамсӯҳбатони нашрия гуфтаанд, ки пойгоҳ иктишофи радарӣ анҷом медиҳад. Аз ҷумла, он суҳбатҳои телефонӣ ва мукотибаҳоеро, ки тавассути шабакаҳои гуногуни иртиботӣ, бахусус моҳвораӣ сурат мегиранд, пайгирӣ мекунад. Ба гуфтаи манбаъҳои нашрия, иншооти Чин дар... Читать дальше...





СМИ24.net — правдивые новости, непрерывно 24/7 на русском языке с ежеминутным обновлением *