Мы в Telegram
Добавить новость
smi24.net
World News in Tajik
Июнь
2023

Новости за 28.06.2023

Кумаки милисаи рус барои таҳорати муҳоҷир ва баръакс...

Ozodi.org 

Дар Русия, ки садҳо ҳазор муҳоҷири тоҷик кору зиндагӣ мекунанд, намози Иди Қурбон зери чораҳои сахти амниятӣ баргузор шуд. Дар баъзе шаҳрҳо ба муҳоҷирон коре надоштанд, вале дар бархе минтақаҳои дигар боздошти муҳоҷирон ба мушоҳида расидааст.

Таҷлили Иди Қурбон омехта бо баҳси идгардак

Ozodi.org 

Сокинони Душанбе намози имсолаи иди Қурбонро дар масҷиди бузурги тозабунёд хонданд, ки бо миллионҳо доллар сармояи Қатар сохта шудааст. Бузургсолон барои адои намозу табрики наздикон мешитофтанд ва кӯдакон пушти дари сокинон идона дарёфт мекарданд. Баҳс дар бораи ид ҳам кам набуд.

Ҷангҷӯёни ДОИШ-ро ба зудӣ муҳокима мекунанд

Ozodi.org 

Мақомоти курд дар Сурия мегӯянд, аъзои хориҷии ДОИШ-ро баъд аз солҳо боздошту нигаҳдорӣ муҳокима хоҳанд кард. Гап дар бораи беш аз даҳ ҳазор нафар меравад, ки мумкин аст дар байнашон тоҷикон низ бошанд.

Кушта шудани беш аз ҳазор ғайринизомӣ дар ҳукумати Толибон

Ozodi.org 

Бино ба як гузориши тозаи Созмони Милал, баъди ба қудрат расидани Толибон дар Афғонистон дар моҳи августи соли 2021, бештар аз ҳазор ғайринизомӣ дар ҳамлаву бомбгузориҳо кушта шудаанд. Дар ин гузориш, ки Дафтари Созмони Милал дар Афғонистон рӯзи 27-уми июн нашр кард, омадааст, аз рӯзи 15-уми августи соли 2021 то моҳи майи имсол 1095 нафар ғайринизомӣ талаф ёфтаанд ва тақрибан 2700 нафар ҷароҳат бардоштаанд, ки ба маънии идома ёфтани нооромӣ дар ҳамсоякишвари Тоҷикистон аст. Аксарияти талафшудагон... Читать дальше...

Эмомалӣ Раҳмон ҳаҷҷи такрориро танқид кард

Ozodi.org 

Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон афзоиши зиёрати Ҳаҷ аз тарафи сокинонро танқид карда, онро худнамоӣ ва зиёдаравӣ номидааст. Айни ҳамин танқид як моҳ пеш аз забони масъулини Кумитаи дин ҳам садо дода буд.

Нишасти изтирории ҳавопаймои "Сомон Эйр" дар Эрон

Ozodi.org 

Ҳавопаймои хатсайри Дубай-Душанбе рӯзи 27-уми июн дар шаҳри Кирмон нишасти изтирорӣ анҷом додааст. Расонаи эронии "Хабаронлайн" бо такя ба мудири Фурудгоҳҳои вилояти Кирмон навиштааст, сабаби фуруд омадани ҳавопаймо фишори хуни ду мусофир будааст. "Рӯзи 27-уми июн соати 13:01, ҳавопаймои ширкати  "Сомон Эйр"-и Тоҷикистон бо 189 мусофир дархости фурудоии  изтирорӣ дар фурудгоҳи Кирмонро кард. Ба гуфтаи халабон, мусофирон аз фишори хун шикоят карданд. Дар натиҷа, пас аз фуруд омадани ҳавопаймои Боинг... Читать дальше...

Таҷлили Иди Қурбон дар Тоҷикистон

Ozodi.org 

Мусалмонони Тоҷикистон рӯзи 28-уми июн Иди Қурбон яке аз ду иди бузург дар дини Исломро таҷлил карданд. Соати 6-и 28 июн дар садҳо масҷиди ҷомеи Тоҷикистон намози ид гузошта шуд.





СМИ24.net — правдивые новости, непрерывно 24/7 на русском языке с ежеминутным обновлением *