Мы в Telegram
Добавить новость
smi24.net
World News in Tajik
Июль
2023

Новости за 04.07.2023

СММ ба Тоҷикистон: Фаъолони ҷомеа ифротгаро ва террорист нестанд

Ozodi.org 

Созмони Милали Муттаҳид аз ҳукмҳои пайиҳами ҳомиёни ҳуқуқи инсон ва хабарнигорону фаъолони маданӣ дар Тоҷикистон ибрози нигаронӣ карда, аз ҳукумат хостааст, ки барои беҳтар кардани вазъи онҳо ба аҳдҳои супурдааш вафо кунад.

"Суръати баланд, фасод ё бефарҳангӣ". Чаро тасодуфҳои маргбор кам намешаванд?

Ozodi.org 

Садамаи мудҳиш дар ноҳияи Файзобод, ки боиси марги 11 нафар шуд, бори дигар баҳси фарҳанги ронандагӣ дар кишварро доғ кард. Мақомот мегӯянд, чунин садамаҳо бештар ба далели аз меъёр зиёд будани суръати ҳаракати мошин ва ба самти муқобил баромадани онҳо рух медиҳанд.

Дар амалиёти Исроил дар Ҷенин чанд нафар кушта шудаанд

Ozodi.org 

Ҳилоли Аҳмари Фаластин мегӯяд, ки дар ҷараёни амалиёти Исроил дар урдугоҳи Ҷенин шуморе аз фаластиниён кушта шуда, садҳо нафар фирор кардаанд. Мақомоти Исроил гуфтанд, ба ҷангҷӯён ҳамла карданд ва агар зарур бошад, амалиёт идома хоҳад ёфт. Ҳукумати Фаластин мегӯяд, иртиботро бо Исроил қатъ мекунад.

Тасмими Саудӣ ва Русия қимати нафтро дар бозорҳои ҷаҳонӣ боло бурд

Ozodi.org 

Русия ва Арабистони Саудӣ, бузургтарани содиркунандагони нафт дар ҷаҳон рӯзи душанбеи 3-юми июл эълон карданд, ки коҳиши тавлиди нафтро идома хоҳанд дод. Ин тасмими боиси афзоиши қимати нафт дар бозорҳои ҷаҳонӣ шуд.

Чаро Литсейи Оқохон давлатӣ шуд? Мақомот сабабро намегӯянд

Ozodi.org 

Мақомоти Тоҷикистон Литсейи Оқохонро дар Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон давлатӣ кардаанд. Омӯзгорони ин муассиса гуфтанд, аз ин ба баъд дар ҷойи литсей мактаби хонандагони боистеъдод таъсис ёфта, зери назари Вазорати маориф амал хоҳад кард.

Дар Тоҷикистон чӣ чизро меписандед, чиро не?

Ozodi.org 

Сокинон дар Тоҷикистон на ҳамеша метавонанд назари худро дар бораи он чӣ, ки барояшон писанд нест, бигӯянд. Ҳарчанд мардум роҷеъ ба масоили гуногун гуфтаниҳое доранд. Хабарнигорони "Озодӣ" дар хиёбонҳои Душанбе аз роҳгузарон пурсиданд, ки дар шароити ҳозира ба онҳо чӣ писанд аст ва чӣ писанд нест.

СММ: аксарият дар Тоҷикистон ба тавоноии занон бовар надоранд. ВИДЕО

Ozodi.org 

Як пажӯҳиши нави Барномаи Рушди Созмони Миллал маълум кардааст, ки дар аксар кишварҳои ҷаҳон мардум ба тавонмандиҳои занон чандон бовар надоранд. Бинобар хулосаи ин назарсанҷӣ беш аз 83 дар сади пурсидашудаҳо дар 60 кишвари ҷаҳон нисбат ба занон қазоватҳои ғалат доштаанд.





СМИ24.net — правдивые новости, непрерывно 24/7 на русском языке с ежеминутным обновлением *