Мы в Telegram
Добавить новость
smi24.net
World News in Tajik
Июль
2023

Новости за 11.07.2023

Мусалмонони Котелники аз рафтори ОМОН-и Русия шикоят карданд. ВИДЕО

Ozodi.org 

Гуруҳе аз мусулмонони масҷиди Котелникии Маскав дар як муроҷиати видеоӣ ба Владимир Путин, раиси ҷумҳурӣ Русия аз бетартибии кормандони ОМОН дар ибодатгоҳи мусалмонони ин минтақа шикоят карда, хостори муҷозоти афроде шудаанд, ки қонуншиканӣ карданд.

Муроҷиати мусулмонони Котелники ба Путин

Ozodi.org 

Ҷомеаи мусулмонони Котелникии Маскав аз Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия, хостаанд, ба рафтори маъмурони ОМОН баҳо бидиҳад, ки ба қавли онҳо, дар як ҷойи муқаддас барои эътиқодмандон бадрафторӣ карданд. Муроҷиати видеоӣ баъд аз он нашр шуд, ки маъмурони пулис намози рӯзи ҷумъаро ба ҳам заданд.

"Як муҳоҷирро бо табар ва дигариро буғӣ карда куштанд"

Ozodi.org 

Додгоҳе дар вилояти Маскав шаш ҷонибдори миллатгарои рус Максим Мартсинкевич - машҳур бо лақаби Тесакро дар қатли муҳоҷирон айбдор донист. Ба иттилои тафтишот, соли 2003 ҷонибдорони Тесак - Семён Токмаков ва Андрей Кайл "бо пешниҳоди корҳои сохтмонӣ" ду муҳоҷирро фирефта ба манзили берунишаҳрии хонаводаи Тесак дар вилояти Смоленск бурдаанд. Яке аз муҳоҷиронро бо табар ва дувумиро бо роҳи буғӣ кардан куштаанд. Ҷасади ҳардуро дар қитъаи назди манзил гӯр кардаанд. Каме дертар Токмаков, Кайл ва чор... Читать дальше...

Фатвои Шӯрои уламо: фурӯхтани хун нодуруст аст

Ozodi.org 

Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон гуфтааст, сокинон барои кумак ба дигарон хуни худро фурӯхта наметавонанд, "чун манъ аст". Вале ниҳоди содиркунандаи фатво "дар ҳолати зарурат" ҳадя додани хунро ҷоиз донистааст. Дар Тоҷикистон солҳои охир таблиғи додани хун байни мардум афзудааст. Баъзе аз сокинон ихтиёрӣ ва бепул хун медиҳанд ва бархеи дигар дар ивази ин кор маблағ мегиранд. Созмони Ҷаҳонии Тандурустӣ мегӯяд, бемористонҳои кишварҳои дар ҳоли рушд ба мисли Тоҷикистон фавқулода ба хун эҳтиёҷ доранд. Читать дальше...

Узбекистон мақбараи Асосгузори давлати Сомониёнро бозсозӣ мекунад. ВИДЕО

Ozodi.org 

Мақомоти Узбекистон ният дорад баъди тақрибан сад сол, мақбараи Асосгузори давлати тоҷикон Исмоили Сомониро бозсозӣ намояд. Кормандони марказҳои ҳифзи ёдгориҳои таърихӣ мегӯянд баъди нав шудани Президент дар соли 2016 андаке намуди зоҳирии онро рангу бор карданд.



Бозсозии мақбараи Асосгузори давлати Сомониён

Ozodi.org 

Мақомоти Узбекистон ният дорад Мақбараи Асосгузори давлати тоҷикон, Исмоили Сомониро бозсозӣ намояд. Кормандони марказҳои ҳифзи ёдгориҳои таърихӣ мегӯянд баъди нав шудани Президент дар соли 2016 андаке намуди зоҳирии онро рангу бор карданд, ҳамакнун бозсозии куллӣ дар назар гирифта шудааст.

Собиқ сафири Қирғизистон дар Тоҷикистон даргузашт

Ozodi.org 

Жаниш Рустенбеков, собиқ сафири Қирғизистон дар Тоҷикистон дар синни 74-солагӣ даргузашт. Вазорати корҳои хориҷии Қирғизистон дар бораи марги Рустенбеков хабар дода, аммо сабаби марги ӯро нагуфтааст. Расонаҳо аз қавли наздикони собиқ сафир навиштаанд, "ӯ пас аз бемории тӯлонӣ" вафот кард.

Аз блогерони Қазоқистон андоз меситонанд

Ozodi.org 

Қосимҷомарт Тоқаев, президенти Қазоқистон қонунеро имзо кард, ки бахши блогериро танзим ва блогеронро водор мекунад, ки худро ҳамчун шахси ҳуқуқӣ сабти ном кунанд.

Тоҷикистону Қирғизистон аломатгузории марзро баррасӣ карданд

Ozodi.org 

Мақомоти Тоҷикистону Қирғизистон дар бораи делимитатсия ва демаркатсияи сарҳади давлатии Тоҷикистону Қирғизистон музокира карданд. Дар ин бора дафтари матбуоти Вазорати хориҷии Тоҷикистон хабар дод. Ба иттилои манбаъ, музокирот "дар фазои дӯстӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ" баргузор шуд. Тибқи иттилои ин вазорат, мулоқоти ҷонибҳо дар шаҳри Ботканди  Қирғизистон баргузор шудааст. Аз натиҷаи ин мулоқот санади  дахлдор низ ба имзо расидааст. Ҷузъиёти дигари ин мулоқот расонаӣ нашудааст. Бо гузашти се даҳсола аз истиқлоли ҳарду кишвар... Читать дальше...

Эрдуғон шомилшавии Шветсияро ба НАТО ба узвияти Туркия дар ИА рабт дод

Ozodi.org 

Президенти Туркия Раҷаб Эрдуғон шомилшавии Шветсияро ба НАТО бо қабули Туркия ба Иттиҳоди Аврупо рабт дод. Ин изҳороти вай дар остонаи саммити НАТО садо дод, ки қарор аст, 11-12 июл дар Вилнюс баргузор шавад. Шветсия барои шомил шудан ба НАТО моҳи майи соли 2022 дархост дода буд. Дархости Шветсияро бояд ҳамаи 31 кишвари узви НАТО тасдиқ кунанд. Ҳоло танҳо Туркия ва Маҷористон (Венгрия) онро тасдиқ накардаанд. Туркия аз Шветсия истирдоди мухолифон ва аъзои ҳаракати Курдҳоро талаб кард, ки онҷо паноҳандагӣ доранд. Читать дальше...

САҲА: Интихоботи Узбекистон берақобат, аммо бо омодагии хуб гузашт

Ozodi.org 

Интихоботи пеш аз муҳлати президентӣ дар Узбекистон, ки 9 июл баргузор шуд, "аз ҷиҳати техникӣ худ омода шуда буд", аммо "бидуни рақобати воқеӣ" доир гардид. Чунин хулосаро нозирони байналхалқӣ аз Бюрои ниҳодҳои демократӣ ва ҳуқуқи инсони САҲА нашр карданд. Нозирони САҲА 7 июн вориди Узбекистон шуданд ва корашонро 18 июл ҷамъбаст мекунанд. 10 июл намояндагони маъмурият хулосаи аввалияи худро нашр карданд. Дар рӯзи интихобот 198 нозир аз 26 кишвари узви САҲА қитъаҳои раъйдиҳиро назорат карданд.... Читать дальше...





СМИ24.net — правдивые новости, непрерывно 24/7 на русском языке с ежеминутным обновлением *