Мы в Telegram
Добавить новость
smi24.net
World News in Tajik
Июль
2023

Новости за 18.07.2023

Аз муфтиёт то Қодиров. Эътироз ба рейди ОМОН дар масҷиди Котелники. ВИДЕО

Ozodi.org 

Муфтиёт ё идораи мусулмонони вилояти  Маскав дар пайи ҳамлаи нерӯҳои ОМОН ба масҷиди Дзержинский ба Додситонии кулли Русия шикоят бурдааст. Муфтиёт ин амалкардро ҳамчун таҳқири эътиқоди динии мусулмонон баҳогузорӣ намуда,таҳқиқи рейдро талаб кардааст.

Туркия мубориза бо муҳоҷирати ғайриқонуниро пурзӯр кард

Ozodi.org 

Мақомоти интизомии Туркия давоми чанд рӯзи ахир дар як қатор муассиса ва корхонаҳо "рейд" гузаронида, ҳазорон муҳоҷири ғайриқонуниро боздошт кардаанд. Телевизиони туркии “Аҳабер” рӯзи 16 июл дар як гузориши худ қайд кард, ки "рейдҳо"-и маъмурони пулиси ин кишвар барои ошкор ва боздошти муҳоҷирони ғайриқонунӣ дар як моҳи ахир ба таври қобили мулоҳиза афзоиш ёфтааст. "Рейдҳо" асосан дар шаҳри Истанбул ва минтақаҳои сайёҳӣ сурат гирифтаанд. Санҷиши муҳоҷирон дар Туркия дар ҳолест, ки президент Раҷаб Эрдуғон дар як изҳороти худ гуфт... Читать дальше...

Замини Донишгоҳи марбут ба Бунёди Оқохонро дар Хоруғ бозпас мегиранд?

Ozodi.org 

Додситонии вилояти Бадахшон аз Додгоҳи олии иқтисодӣ тақозо кардааст, ки замини Донишгоҳи Осиёи Марказӣ дар шаҳри Хоруғ ба давлат бозгардонда шавад. Ин замин охири солҳои 90-ум аз сӯи Шабакаи Оқохон харидорӣ шуда, ҳоло мақомот даъво доранд, ки харидуфурӯш пурра қонунӣ набуд.

Хушҳолӣ ва ҳам шикоят аз ҳосили зиёди зардолу

Ozodi.org 

Шохаҳои аксари дарахтони зардолу имсол аз серҳосилӣ ба замин моил шудаанд. Тоҷирону деҳқонон мегӯянд, барои ҷамъоварии ҳосил заҳмати зиёд мекашанду харҷи бештар мекунанд, вале фоидаи камтар мегиранд.



Ахбори Озодӣ аз 18-уми июли соли 2023 (Пахши зинда)

Ozodi.org 

Шикоят аз таъқиби мусулмонони муҳоҷир дар Русия, идораи додситонии Тоҷикистон дар Хоруғ мехоҳад замини Донишгоҳи Осиёи Марказиро бозпас гирад, сарнавишти оилаҳои рӯзноманигорони маҳбус ва матолиби дигар.

"Арқоми хушку холӣ, дағалӣ, иҷозаи савол надодан". Изҳороти ҷомеаи рӯзноманигорӣ  

Ozodi.org 

Шаш созмони рӯзноманигорӣ аз Дастгоҳи иҷроияи президент ва Додситонии кулл хостанд, назорат аз болои нишастҳоро пурзӯр кунанд. Дар изҳорот омадааст, нишастҳои матбуотӣ "на танҳо қолабӣ шудаанд, балки моҳияти худро низ аз даст додаанд: мансабдорон танҳо арқоми хушку холиро пешниҳод мекунанд."

Эмомалӣ Раҳмон аз додрасҳо хост, адолатро риоя кунанд

Ozodi.org 

Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон аз додрасҳо хостааст, ки адолатро риоя кунанд ва парвандаҳоро шаффоф баррасӣ кунанд. Ин ҳарфро Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 18-уми июл ҳангоми суҳбат бо додрасҳо гуфтаат, ки тоза фармони корашон содир шудааст.

Баста шудани "Сементи Душанбе". Сабаб олудагии ҳаво ё корхонаи домоди президент?

Ozodi.org 

Ҳукумати Тоҷикистон дастур додааст, ки фаъолияти яке аз корхонаҳои қадимтарини истеҳсоли семент дар Тоҷикистон то охири имсол боздошта шавад, зеро ҳавои шаҳри Душанберо бисёр олуда мекунад.

Корхонаи "Сементи Душанбе" баста мешавад

Ozodi.org 

Ҳукумати Тоҷикистон дастур додааст, ки фаъолияти яке аз корхонаҳои қадимтарини истеҳсоли семент дар Тоҷикистон то охири имсол боздошта шавад, зеро ҳавои шаҳри Душанберо бисёр олуда мекунад.  “Ховар” хабар дод, ки қарори манъи фаъолияти корхона дар ҷараёни ҷаласаи ҳукумат қабул шудааст.

Дар Узбекистон корхонаҳои муштарак бо Русия афзоиш ёфтааст

Ozodi.org 

Оҷонси омори Узбекистон мегӯяд, давоми 5 моҳи соли равон дар ин кишвар 1300 ширкати муштарак бо сармояи хориҷӣ таъсис дода шудааст. Тибқи иттилои манбаъ, 376 тои ин ширкатҳо бо сармояҳои соҳибкорони рус ташкил шудааст. Ҳамин тариқ Русия аз нигоҳи теъдоди корхонаҳои муштарак дар Узбекистон мақоми аввалро касб мекунад. Чин (245) дар мақоми дувум ва Туркия (121) дар мақоми севум қарор доранд. Тибқи ҳисоби оҷонс, теъдоди ширкат ва корхонаҳо бо иштироки сармояи хориҷӣ дар Узбекистон то 1 июли соли равон дар маҷмӯъ ба 12 ҳазору 807 расидааст. Читать дальше...

Замини Донишгоҳи Осиёи Марказиро дар Хоруғ бозпас мегиранд?

Ozodi.org 

Додситонии вилояти Бадахшон аз Додгоҳи олии иқтисодӣ талаб кардааст, ки замини Донишгоҳи Осиёи Марказӣ дар шаҳри Хоруғ ба давлат бозгардонда шавад. Ин замин охири солҳои 90-ум аз сӯи Созмони Оқохон харидорӣ шуда, ҳоло мақомот даъво доранд, ки харидуфурӯш пурра қонунӣ набуд.





СМИ24.net — правдивые новости, непрерывно 24/7 на русском языке с ежеминутным обновлением *