Мы в Telegram
Добавить новость
smi24.net
World News in Tajik
Июль
2023

Новости за 15.07.2023

Чаро Кӯлоб бе истгоҳи автобус монд?

Ozodi.org 

Кӯлоб севумин шаҳри бузурги Тоҷикистон аст ва мусофирбару хатсайр дорад, аммо истгоҳи мусофирбарӣ нест. Сокинон мегӯянд, дар гармиву сардӣ ва зери офтобу барфу борон азият мекашанд. Се сол пеш бо баҳонаи бозсозӣ истгоҳҳои куҳнаро чаппа карда буданд, вале чаро ҳанӯз насохтаанд?

Боздошти ду нафар барои мусоидат ба муҳоҷирати ғайриқонунӣ ба Амрико

Ozodi.org 

Додситонии Узбекистон мегуяд, ки ду нафарро барои ташкили муҳоҷирати ғайриқонунӣ ба Амрико дастгир кардаанд. Дар баёнияи додситонӣ аз рӯзи 12-уми июл омадааст, ки дар ноҳияи Челонзори Тошканд мардеро дастгир кардаанд, ки ба як шиноси худ ваъда додааст, дар ивази 30 ҳазор доллар ӯро аз тариқи Мексика ба Амрико мефиристад.  Фарди дигари боздоштшуда аз хоҳишманди муҳоҷират ба Амрико бештар аз 5 ҳазор доллар пурсидааст. Дар Узбекистон моҳҳои ахир боздошти афроде, ки ба муҳоҷирати ғайриқонунии сокинони ин кишвар ба Амрико мусоидат мекунанд... Читать дальше...

Беларус мегӯяд, зархаридони "Вагнер" ба сарбозонаш шеваи ҷангро меомӯзанд

Ozodi.org 

Вазорати дифои Беларус аз вуруди зархаридори гуруҳи «Вагнер» ба вилояти Могилёв хабар додааст.  Вазорат рӯзи 14-уми июл дар канали худ дар Телеграм гуфт, ки онҳо ба сарбозони кишвар муҳофизати қаламрав, ҳаракат дар майдони ҷанг, тирандозӣ ва муолиҷа дар саҳнаи набардро ёд медиҳанд. Ҳоло маълум нест, чанд нафар аз зархаридони «Вагнер» дар вилояти Могилёв қарор доранд, вале як созмони мустақили нозир гуфтааст, ки дар умум 200 зархариди гуруҳи Вагнер ба Ҷумҳурии Беларус омадаанд. Бахши беларусии Радиои Озодӣ бо таҳлили аксҳои моҳвораӣ гуфтааст... Читать дальше...

Нархи орд дар Душанбе каме арзон шудааст. Чӣ гуна?

Ozodi.org 

Вакилони тоҷик ба як гуруҳ соҳибкорон сабукӣ додаанд, ки барои овардани мол аз хориҷа боҷу андози камтар супоранд, аммо дар иваз нархи маҳсулотро поин биоранд. Чизе, ки ҳамеша мояи нигаронии мардум аст. Ҳамкорони мо аз сокинону тоҷирон дар Душанбе пурсиданд, ки нархи маҳсулот тағйир кардааст ё не.





СМИ24.net — правдивые новости, непрерывно 24/7 на русском языке с ежеминутным обновлением *