Сарвазири Исроилро ҷарроҳӣ кардаанд
Бенямин Нетаняҳу, сарвазири Исроилро шоми шанбе дар беморхонаи “Шеба”-и Тел-Авив бистарӣ кардаанд. Пизишкон гуфтаанд, ки дар роҳҳои хунгарди дили ӯ дастгоҳи назоратӣ гузоштаанд ва амалиёти ҷарроҳӣ хуб гузаштааст. Қарор аст, рӯзи душанбе ӯро аз беморхона ҷавоб диҳанд. Дар ин рӯз дар порлумони Исроил масъалаи ислоҳот дар сохтори додгоҳӣ баррасӣ мешавад. Ин ислоҳот тазоҳуроти сартосариро дар Исроил ба бор оварда буд. Мухолифон мегӯянд, Нетаняҳу мехоҳад бо ин роҳ мустақилияти додрасҳоро аз байн барад. Читать дальше...