Мы в Telegram
Добавить новость
smi24.net
Ozodi.org
Ноябрь
2019

Новости за 09.11.2019

Баробарӣ аз нигоҳи кӯдакони тоҷик

Ozodi.org 

Дар як намоишгоҳе дар Душанбе, рассомони хурдсоли тоҷик аз муроот нашудани ҳуқуқи ҳамсолони худ дар ҷомеа ва оила гуфтанд. Тақрибан нисфе аз 9 миллион аҳолии Тоҷикистонро кӯдакон ва наврасони зери синни балоғат ташкил медиҳанд.

Имконияти маҳдуд ва ҳуқуқи баробар дар тасвири кӯдакони тоҷик. ВИДЕО

Ozodi.org 

Дар як намоишгоҳе дар Душанбе, рассомони хурдсоли тоҷик аз муроот нашудани ҳуқуқи ҳамсолони худ дар ҷомеа ва оила гуфтанд. Тақрибан нисфе аз 9 миллион аҳолии Тоҷикистонро кӯдакон ва наврасони зери синни балоғат ташкил медиҳанд. Ҳазорон нафар аз ин атфол аз замони кӯдакӣ, ки овони “ чун гул ба чаман сар кашидани онҳост,” кашидани бори аробаи зиндагии хонаводаҳои худро бар дӯш мегиранд, ҳазорони дигар аз шароити шоистаи зиндагӣ ва таълиму тарбия маҳрум бо умеди як қути лоямут дар кӯчаву хиёбон рӯзи худро шаб мекунанд. Читать дальше...

Ҳушдори ҳукумати Бритониёи Кабир аз сафар ба Тоҷикистон

Ozodi.org 

Ҳукумати Бритониёи Кабир аз эҳтимоли такрори ҳамлаҳои террористӣ дар Тоҷикистон ҳушдор додааст. Дар як баёния, ки дар сомонаи ҳукумати ин кишвар нашр шудааст, бо зикри ҳамлаи маргбори 6-уми ноябр ба дидбонгоҳи "Ишқобод" дар ноҳияи Рӯдакӣ гуфта мешавад, ки “эҳтимолан террористон дар Тоҷикистон боз талоши ҳамла кунанд”. Ҳукумати Бритониё аз шаҳрвандони ин кишвар хостааст, ки ҳангоми сафар ба Тоҷикистон, ба хусус ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва дигар минтақаҳои марзӣ эҳтиёт кунанд. Гуфта мешавад... Читать дальше...

Дар Эрон 80 деҳа бар асари заминларза хароб шуд

Ozodi.org 

Телевизиони давлатии Эрон хабар дод, ки теъдоди захмиён дар заминларзаи 8-уми ноябр аз 300 ба 520 нафар расидааст. Бархе хабаргузориҳои Эрон аз кушта шудани шаш нафар низ хабар нашр карданд. Заминларза бо қувваи 5,9 дараҷа бар асоси ҷадвали Рихтер дар шарқи вилояти Озарбойҷони Эрон, 400 километр дуртар аз Теҳрон рух додааст. Заминларза беш аз 80 деҳаро хароб ва ба сокинон зарари зиёд расонидааст. Мақомоти Эрон мегӯянд, ҳоло 28 нафар захмиён дар беморхона бистарӣ ҳастанд ва онҳое, ки захми сабук доштанд, рухсат шудаанд. Читать дальше...

Танқиди Амрико аз ҳамлаҳои ҳавоии Сурия

Ozodi.org 

Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ҳамлаҳои ҳавоии нерӯҳои ҳукумати Сурияро маҳкум кардааст. Ба гуфтаи мақомоти ИМА, ин ҳамлаҳои нерӯҳои Сурия, ки аз ҳимояти Русия бархурдор ҳастанд, ба аҳдофи ғайринизомӣ дар шимолу ғарби Сурия сурат гирифтааст. Морган Ортагус, сухангӯи Вазорати хориҷаи ИМА дирӯз гуфт, дар ин ҳамлаҳо 12 нафар кушта ва наздики 40 нафар захмӣ шудаанд. Ба гуфтаи ӯ, дар ин ҳамла инчунин, чандин хона, як мактаб ва як беморхона хароб шудааст. Режими Башор Асад, перзиденти Сурия аз моҳи апрели... Читать дальше...

Трамп гуфт, ки ҳанӯз даъвати Путинро қабул накардааст

Ozodi.org 

Доналд Трамп, президенти Амрико мегӯяд, дар бораи даъвати Владимир Путин, президенти Русия барои ширкат дар ҷашни бахшида ба пирӯзӣ ба Олмони нозӣ дар соли 1945 фикр мекунад. 9-уми май ҳамчун рӯзи пирӯзӣ ба Олмони нозӣ таҷлил мешавад. Доналд Трамп гуфтааст, ки 9-уми майи соли оянда авҷи маъракаи интихоботи дар Амрико аст, аз ин рӯ, ҳанӯз тасмим нагирифтааст, дар ин ҷашн иштирок кунад ё на. Ӯ гуфтааст, ки агар аз ҳоло имкон медошт, даъватро қабул мекард. Дмитрий Песков, сухангӯи Крмел низ гуфтааст... Читать дальше...

Нишондоди зидди Доналд Трамп нашр шуд

Ozodi.org 

Кумитаи палатаи намояндагони Конгреси ИМА оид ба истихборот нишондоди Александр Виндман, мутахассиси аршади Шӯрои амнияти миллӣ дар масоили Украинаро нашр кард. Подполковник Виндман ба суоли аъзои Конгерс дар доираи таҳқиқи эҳтимолии импичменти президент, ки дар охири моҳи октябр сурат гирифтааст, вале он тоза ошкор шуд, нишондод додааст. Виндман  тасдиқ кардааст, ки барои сӯҳбати  телефонии 25-уми июли соли равон миёни Доналд Трамп бо Владимир Зеленский, президенти Украина мавзуҳои калидиеро омода карда буданд. Читать дальше...

Молҳои Made in Uzbekistan дар бозорҳои Тоҷикистон ҷойи по пайдо кард? ВИДЕО

Ozodi.org 

Молҳои истеҳсоли Узбекистон дар бештар аз як соли ахир дар бозорҳои Тоҷикистон бо маҳсулоти чинӣ ва туркӣ вориди рақобат шудааст. Ин маҳсулот аз либосу пойафзол ва таҷҳизоти техникӣ иборат аст. Шуморе аз соҳибкорон мегӯянд, мардум барои нархи арзонаш ба молҳои тавлиди Узбекистон бартарӣ медиҳанд. Вале дар ҷомеа ин нигарониҳо низ вуҷуд дорад, ки додугирифт бо Узбекистон дар сатҳи баробар нест. Коршиносон мегӯянд, бояд тоҷирони тоҷик низ ба молҳои худ дар он кишвар ҷойи по ёбанд. Соҳибкорони тоҷик ба Узбекистон асосан семент мебаранд. Читать дальше...





СМИ24.net — правдивые новости, непрерывно 24/7 на русском языке с ежеминутным обновлением *