Эътирозгарони гурҷӣ ислоҳоти қонун ва интихоботи пешакӣ талаб доранд
Эътирозгарони гурҷӣ ислоҳоти қонуни интихобот ва интихоботи пешакӣ талаб доранд. Тазоҳурот 25-уми ноябр дар канори порлумони Гурҷистон баргузор шуд.
Эътирозгарони гурҷӣ ислоҳоти қонуни интихобот ва интихоботи пешакӣ талаб доранд. Тазоҳурот 25-уми ноябр дар канори порлумони Гурҷистон баргузор шуд.
Мавсими имсолаи ҷамъоварии пахта дар Тоҷикистон ба анҷом мерасад. Арзонии ҳосили дастранҷи деҳқонон ва "хилофкории миёнаравҳо" мавзӯи баҳси доғе дар Маҷлиси Намояндагон шуд. Пахта яке аз ду маҳсулоти асосии содиротии Тоҷикистон ва манбаи даромади асъори хориҷӣ ба кишвар аст. Ба иттилои вазири кишоварзӣ, ширкатҳое, ки ба коркард ва содироти пахта машғуланд, имсол нархи як килои онро ҳудуди 4 сомонӣ (баробар ба тақрибан 40 сенти амрикоӣ) таъйин кардаанд. Деҳқонон мегӯянд, ин маблағ хароҷотро намепӯшонад. Читать дальше...
Пойҳои Саодат Хоҷаева, сокини 40-солаи деҳаи Пушёни Поёни ноҳияи Восеъ, кори дастонашро иҷро мекунад. Ӯ маълули модарзод аст, аммо ба тақдир тан надода ва худро аз дастнигарӣ раҳондааст. Саодат мегӯяд, аз хурдӣ бо пой кор карданро ёд гирифт. Вай бо як дасту як пой тамоми корҳои имконпазири хонаро анҷом медиҳад. Шустушӯи либос ва ба бар кардани либоси се кӯдакашро низ бар уҳдаи касе намегузорад. Мегӯяд, хона мерӯбад, либос мешӯяд, бо як даст хамир мекунаду хӯрок мепазад ва дар пояш "селофан" печонда пиёзу картошка пӯст меканад. Читать дальше...
Думаи давлатии Русия тарҳи наверо баррасӣ мекунад, ки бино бар он кормандони Горди Русия ё "Росгвардия", як ниҳоди вижаи ҳарбӣ ва интизомӣ, вазифадоранд, ҳангоми муроҷиат ба шаҳрвандон худро шиносоӣ кунанд ва шаҳодатномаи корияшонро нишон диҳанд. Вале дар тарҳи нав гуфта мешавад, ба фарқ аз кормандони пулис ин талабот аз кормандони Горди Русия танҳо ҳолатҳои муайянро фаро хоҳад гирифт: Ҳангоми тафтиши ҳуҷҷатҳои шахсе, ки гумон меравад, таҳти пайгард аст. Ҳангоми қабули силоҳ ва муҳимоти ҷангӣ... Читать дальше...
Пойҳои Саодат Хоҷаева, сокини 40-солаи деҳаи Пушёни поёни ноҳияи Восеъ кори дастонашро иҷро мекунад. Саодат маълули модарзод аст. Ӯ маҷбур аст, ки бо пой вазифаи дастонашро иҷро кунад. Маълулии дастон натавонист пеши роҳи Саодатро бигирад, то дар зиндагӣ дастнигар шавад.
Расонаҳои эронӣ аз боздошти даҳҳо раҳбари эътирозҳои зиддиҳукуматӣ хабар медиҳанд
Дар шаҳри Кобули Афғонистон рӯзи 24 ноябр дар натиҷаи ҳамла ба мошини СММ, як шаҳрванди хориҷӣ кушта шудааст. Нусрат Раҳимӣ, сухангӯи вазорати корҳои хориҷии Афғонистон хабар дод, ки панҷ тани дигар дар он ҳамла маҷруҳ шудаанд. То кунун масъулияти ин ҳамларо касе ба душ нагирифтааст, аммо дар гузашта масъулияти аксари ҳамлаҳои ҳамсонро ҷангҷӯёни ҳаракати "Толибон" ва гуруҳи тундрави "Давлати исломӣ" ба душ гирифта буданд. Дар ноҳияи Каҷрони вилояти Дойкундии Афғонистон ҳадди ақал ҳашт низомӣ дар натиҷаи ҳамлаи толибон кушта шуд. Читать дальше...
Ҳашт зиндонии парвандаи "таблиғи терроризм" ва "ангезондани бадбинӣ" дар Қазоқистон ба ҳабс фиристода шуданд. Дар ин бора хешовандони зиндониён хабар доданд. Ба гуфтаи онҳо, танҳо як тан аз онҳо дар маҳбаси вилояти Алмато боқӣ монд. Дигаронро ба маҳбасҳои вилоятҳои Чимкент, Оқтеппа, Қарағанда ва Қазоқистони Шимолӣ фиристоданд. Хешовандон мегӯянд, ҳукми додгоҳ танҳо 29 ноябр қувваи қонунӣ пайдо мекунад. Ба гуфтаи онҳо, фиристодани зиндониён ба маҳбас барои адои ҷазо эҳтимол дорад, ки ғайриқонунӣ бошад. Читать дальше...
Додситонӣ барои милисаҳои муттаҳам бо шиканҷа муддати тӯлонии ҳабс тақозо кард, ду зодаи деҳаи Қаратоғ, ки дар садамаи автомобилӣ дар Оренбург вафот кардаанд, ба ватан интиқол дода мешаванд, боздошти эътирозгарон дар Эрон, шикоят аз нархи пасти пахта ва матолиби дигар.
Русия барои иҷрои тарҳи бунёди роҳи оҳани "Чин-Қирғизистон-Узбекистон" 200 миллион рубл ҷудо кардааст. Дар ин бора президенти Қирғизистон Сооронбой Ҷеенбеков иттилоъ дод. "Тасмими сиёсӣ гирифта шуд. Гуруҳи коршиносон фаъолият дорад. Ҷониби Чин розӣ шуд. Ман дубор аз Чин боздид кардам, ки дар ҷараёни ин сафарҳо гуфтугӯҳо дар бораи тарҳ анҷом дода шуд. Бо президенти Русия низ дар ин замина суҳбат доштем ва тасмими сиёсӣ гирифта шуд", - изҳор дошт Ҷеенбеков. Ташаббуси бунёди роҳи оҳани Чин-Қирғизистон-Узбекистон... Читать дальше...
Президенти ғарбгарои Руминия Клаус Йоҳаннис дар даври дуввуми интихобот пирӯз шуд. Натиҷаҳои пешакӣ нишон медиҳанд, ки Йоҳаннис беш аз 66 дарсади овозҳоро дар баробари сарвазири пешини чапгаро Виорика Дансила ба даст овард. Сарвазири пешини Руминия 34 дарсади овозҳоро гирифтааст. "Ваъда медиҳам, ки барои ҳама руминиҳо президент бошам... Имрӯз Руминияи замонавӣ, аврупоӣ ва оддӣ пирӯз шуд,” – гуфт Йоҳаннис ба ҳаводоронаш дар назди ситоди пешазинтихоботӣ дар Бухарест. Вай афзуд: "Ман ин пирӯзиро бо шодӣ... Читать дальше...
Рӯзи душанбе издиҳоме дар назди бинои парламенти Қирғизистон дар шаҳри Бишкек ҷамъ шуда, ҳабси як мақомдори баландпояи хадамоти гумрукро талаб кард. Раҳимбек Матраҳимов дар як гузорише масъули хориҷшавии пули зиёд аз ин кишвар номида шудааст.
Дар шаҳри Бишкеки Қирғизистон зидди фасодкорӣ тазоҳуроти осоишта баргузор шуд. Сокинон гуфтанд, тасмими ташкили тазоҳуротро пас аз нашри таҳқиқоти фасодкорӣ дар мақомоти гумруки Қирғизистон гирифтаанд. Эътирозгарон се талаб доштанд. Муовини пешини раиси хадамоти гумруки Қирғизистон Райимбек Мамадраимов боздошт, ҳамаи дузду ғоратгарон зиндонӣ ва ислоҳоти воқеӣ гузаронида шавад. Таҷаммуъгарон пас аз садо додани суруди миллӣ шиор партофта, баъди ҷамъоварии имзо пароканда шуданд. "Имзоҳоро барои он ҷамъ мекунем... Читать дальше...
Интиқоли пули муҳоҷирони кории тоҷик аз Русия ба Тоҷикистон дар нӯҳ моҳи имсол 7 дарсад афзудааст. Ҷамшед Нурмуҳаммадзода, раиси Бонки Миллии Тоҷикистон гуфт, муҳоҷирон аз моҳи январ то сентябри имсол ба кишвар беш аз 2 миллиарду 490 миллион доллар фиристодаанд. Раиси Бонки Миллӣ рӯзи 22-уми ноябр ҳангоми қабули қонуни буҷаи Тоҷикистон барои соли 2020 дар ин бора ибрози назар кард. Чанд сол боз Бонки Миллии Тоҷикистон аз ифшои маблағҳое, ки муҳоҷирон ба Тоҷикистон мефиристанд, ба иддаои он ки расонаҳо ба ин омор «обу ранги сиёсӣ» медиҳанд... Читать дальше...
Ҳизби мухолифе, ки дар ибтидои дастёбӣ ба истиқлол, амалан барномаҳои мухолифатро таъйин мекард, вале баъдтар нуфузи худро аз даст дод, бо шӯру шавқ ба интихоботи порлумонии соли 2020 омода мешавад. Ҳизби демократи Тоҷикистон, ки ҳоло дар порлумон намоянда дорад, ба интихоботи соли оянда омодагӣ мегирад. Дар назар аст, 15-уми декабри имсол анҷумани ҳизб барпо шавад. Дар интихоботи пеширӯ Ҳизби демократ мехоҳад, 13 номзадро бар асоси рӯйхати ҳизбӣ ва 19 нафарро аз ҳавзаҳои интихоботӣ пешбарӣ намояд. Читать дальше...
Намояндаи Додситонии кулли Тоҷикистон талаб кард, ки чаҳор маъмури пешини Раёсати корҳои дохилии Душанберо аз 15 то 23 сол зиндонӣ кунанд. Ин афрод ба шиканҷаи боздоштшудаҳо муттаҳаманд. Худи онҳо дар мурофиаҳои додгоҳӣ иттиҳомотро рад кардаанд. Муҳокимаи Фарҳод Нурхонов, Аваз Сабзаев, Умед Ваҳҳобов ва Ирониддини Аҳлиддин се моҳ боз дар додгоҳ идома дорад. Рӯзи 22-юми ноябр намояндаи Додситонии кул аз додгоҳ талаб кард, ки Фарҳод Нурхонов, муовини пешини сардори Шӯъбаи кофтукоби ҷиноӣ дар Раёсати... Читать дальше...
Ислом Толибов, варзишгари тоҷик, дар қаҳрамонии Осиё оид ба гуштии юнонӣ-румӣ миёни наврасони то 15-сола медали тилло ба даст овард. Ӯ дар рақобатҳо дар вазни то 57 кило пас аз ду пирӯзӣ бар Соҳит Соҳит аз Ҳиндустон ва Алтинбек Жадрасинов аз Қазоқистон ба даври ниманиҳоӣ роҳ пайдо кард. Ислом дар нимфинал бар Йу Сианг Ҳанг аз Кореяи Ҷанубӣ ғолиб омада, ба финал баромад. Гуштигири навраси тоҷик дар қувваозмоии ниҳоӣ Алтинбек Жадрасиновро аз Қазоқистон шикаст дод ва бо медали тилло мукофотонида шуд. Читать дальше...
Мунтахаби олимпии занонаи Тоҷикистон (U-23) бозии дувумашро дар мусобиқаи қаҳрамонии CAFA-2019 миёни дастаҳои мунтахаби олимпии занона (U-23) бо мунтахаби Қирғизистон бо ҳисоби 0:0 анҷом дод. Ин бозӣ 23-юми ноябр дар Варзишгоҳи марказии Душанбе доир гардид. Ёдовар мешавем, мунтахаби Тоҷикистон дар даври аввали қаҳрамонии CAFA-2019 миёни дастаҳои мунтахаби олимпии занона (U-23) аз тими Эрон бо ҳисоби 0:4 шикаст хӯрда буд. Пешсафони мусобиқа – дастаҳои мунтахаби Узбекистон ва Эрон – дар даври дувум низ пирӯз шуданд. Читать дальше...
Тобути ду муҳоҷири тоҷикро, ки дар садамае дар вилояти Оренбурги Русия ба ҳалокат расиданд, барои фиристодан ба Тоҷикистон омода мекунанд. Ҳоло ҷасадҳо шиносоӣ шуда, дар сардхона ҳастанд. Иброҳим Аҳмадӣ, сухангӯи намояндагии Вазорати меҳнат ва муҳоҷирати Тоҷикистон дар Русия, 25-уми ноябр ба Радиои Озодӣ гуфт, бо кумаки пайвандони муҳоҷирони фавтида санадҳоро барои интиқоли тобутҳо омода мекунанд. Вай афзуд, талош доранд, ҷасадҳоро ба зудӣ аз Оренбург ба Душанбе мефиристанд. "Бо наздиконаш дар... Читать дальше...
Рӯзи 24-уми ноябр як бастаи санадҳои махфӣ нашр шуд, ки дар он назорати зиндагии се миллион ақаллияти вилояти ғарбии Шинҷон дар боздоштгоҳҳо ошкор шудааст. Консорсиуми байналмилалии хабарнигорони таҳқиқотгар асноди пинҳонии ҳукумати Чин дар мавриди боздоштгоҳҳоро нашр намудааст. Хабарнигорон ошкор намудаанд ки Чин як низоми хоси назорати ин минтақаи мусулмоннишинро таҳия намудааст. Ин санад ё худ дастурамал соли 2017 аз тарафи раиси амнияти Шинҷон тасвиб шуда, ба таври қотеъ назорат аз ороиши муйи... Читать дальше...
Рӯзи 25-уми ноябр дар Тоҷикистон 16 рӯзи мубориза бо хушунат ба зидди занон оғоз ёфт. Барно (номи воқеии ин зан бо далелҳои ахлоқӣ нашр намешавад) соли 2013, замоне ки 32-сола буд ва бар асоси меъёрҳои маҳаллӣ "пирдухтар" шудаву гӯиё аллакай таҷрибаи муайяни зиндагӣ дошт, бори аввал издивоҷ кард. Дар хонаи домоди 45-сола аз Бохтар, ӯро дар баробари хусуру хушдоман ва бародарони шавҳар, инчунин, панҷ фарзанди ҳамсараш аз ду зани аввал пешвоз гирифтанд. Танҳо се рӯз баъд аз хонадоршавии ин духтар аз ноҳияи Нуробод... Читать дальше...
Мусобиқаи байналмилалии ҷудо бо номи Osaka Grand Slam 2019, ки рӯзҳои 22-24-уми ноябр дар шаҳри Осака баргузор шуд, бо пирӯзии мизбонон - варзишгарони Ҷопон - ба поён расид. Мунтахаби Ҷопон дар рақобатҳо миёни мардону занон бо касби 34 медал (11 тилло, 8 нуқра ва 15 биринҷӣ) дар ҳисоби умумидастаӣ ҷойи аввалро соҳиб шуд. Дастаҳои мунтахаби Фаронса ва Русия думедалӣ (як тилло ва як биринҷӣ) гирифтанд. Бо дарназардошти ҷойҳои панҷуму ҳафтум дар рақобатҳои инфиродӣ фаронсавиҳо ҷойи дувум ва русиягиҳо ҷойи севумро ишғол карданд. Читать дальше...
Бошгоҳи футболи «Истиқлол»-и Душанбе, ки дар бозии ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон-2019 бар дастаи «Регар-ТадАЗ»-и Турсунзода аз рӯи силсилаи пеналтӣ бо ҳисоби 4:2 пирӯз шуд, бори ҳаштум ғолиби ин мусобиқаи ҷумҳуриявӣ гардид. Бозии ниҳоӣ миёни дастаҳои “Истиқлол”, қаҳрамони Тоҷикистон ва “Регар-ТадАЗ”, ҷоизадори биринҷии мусобиқаи имсолаи лигаи олии кишвар, рӯзи якшанбеи 24-уми ноябр дар Варзишгоҳи марказии Ҳисор баргузор шуд. Замони асосии дидор бо ҳисоби мусовии 1:1 ба охир расид. Ҳисобро Комрон Турсунов... Читать дальше...
Мухолифони сиёсатҳои Чин дар Ҳонгконг дар нахустин интихоботи нисбатан озоди ин минтақа, пас аз моҳҳо эътироз тавонистанд ба пирӯзии чашмгир бирасанд. Ба бовари бисёре аз нозирон ва коршиносон, ин интихобот ба унвони имтиҳоне барои санҷиши мизони ҳимоят аз Каррие Лам, мудири иҷроии Ҳонгконг аст, ки ба маҳдуд кардани озодии шаҳрвандони ба нафъи ҳукумати марказӣ дар Чин муттаҳам аст. Он тавр, ки расонаҳои маҳаллӣ гузориш додаанд, мухолифони сиёсатҳои Чин, ки хостори озодии бештар ва интихоботи умумӣ барои ҳама ниҳодҳои қонунӣ ва иҷроӣ ҳастанд... Читать дальше...