Мы в Telegram
Добавить новость
smi24.net
Ozodi.org
Ноябрь
2019

Новости за 26.11.2019

Аз Қирғизистон беш аз 900 миллион долларро ба хориҷ бурдаанд

Ozodi.org 

Боқир Тоҳиров, раиси Хадамоти давлатии мубориза бо ҷиноятҳои иқтисодӣ дар Қирғизистон, гуфт, тоҷири чинӣ Айеркен Саймаити, ки дар оғози моҳи ноябри имсол дар Туркия кушта шуд, бо ҳафт нафари дигар аз ин кишвар беш аз 932 миллион долларро ба берун бурдаанд. Қаблан таҳқиқоти якҷояи бахши қирғизии Радиои Озодӣ, OCCRP ва Kloop маълум карда буд, ки аз ин кишвари Осиёи Марказӣ беш аз 700 миллион доллар ба хориҷа бурда шудааст. Тоҳиров рӯзи 26-уми ноябр дар порулмон гуфт, пулиси молиявӣ бар асоси таҳқиқоти... Читать дальше...

Донишҷӯро ба артиш бурдаанд. Аввал "сарбозшикор", баъд ихроҷ аз донишгоҳ? ВИДЕО

Ozodi.org 

Интизор меравад, охири ҳафта мавсими тирамоҳии даъват ба артиш дар Тоҷикистон ба поён бирасад, вале дар минтақаи Кӯлоб нақшаи даъват пурра иҷро нагардидааст. Волидони яке аз наваскарон мегӯянд, фарзанди онҳоро на танҳо бо роҳи зӯрӣ ба хидмат бурдаанд, балки ба масъулони донишгоҳ фишор овардаанд, то ӯро аз мактаби олӣ хориҷ кунанд.​  Ба қавли волидони Фирдавс Абдураҳимов, вай донишҷӯйи соли севуми Донишгоҳи давлатии Кӯлоб буд. Писарашон телефонӣ хабар додааст, ки ӯро барои хидмат ба як қисми ҳарбии ноҳияи Панҷ мебаранд. Читать дальше...

Донишҷӯи "маст"-ро артиш бурдаанд

Ozodi.org 

Дар охири мавсими имсолаи даъвати тирамоҳӣ ба артиш, дар шаҳри Кӯлоб "сарбозшикор" ё "облава"-и ғайриоддӣ сурат гирифтааст. Тафсилоти ҳодисаро дар видео бинед.

Мурофиаи муҳоҷирони гумонбар ба қатли Чуев. Ташхис чиро нишон дод?

Ozodi.org 

Наздикони шаш муҳоҷири тоҷик, ки ба қатли варзишгари рус Сергей Чуев гумонбаранд, аз тӯл кашидани мурофиаи додгоҳии онҳо нигарон ҳастанд. Ҳодиса ним сол пеш иттифоқ афтод. Ҷониби Русия ба гунаҳкор будани муҳоҷирон таъкид дорад, аммо наздиконашон ба бегуноҳии онҳо. Намояндагони сафорати Тоҷикистон дар Маскав гуфтанд, масъаларо бодиққат пайгирӣ доранд.   Равшан Акрамов, бародари Рустам Аминов, яке аз муҳоҷирони гумонбар дар қатли варзишгари рус, рӯзи 26-уми ноябр ба Радиои Озодӣ гуфт, ташхиси тиббиву додгоҳӣ ҳарчанд дер ба дасти онҳо расид... Читать дальше...

Ахбори Озодӣ аз 26-уми ноябри соли 2019

Ozodi.org 

Дар ҳамла ба посгоҳи марзии "Ишқобод" наврасон ҳам ҳузур доштаанд, вакилони мудофиа Бузургмеҳр Ёров Нуриддин Маҳкамов афв шуданд, вакили мудофиаи тоҷикони муттаҳам бо куштори варзишгари рус мегӯяд, гуноҳи онҳо собит нашуд.

Ҷустуҷӯи даҳҳо зани тоҷик бо иттиҳоми иштирок дар ҷангҳои хориҷӣ

Ozodi.org 

Дар як соли ахир мақомоти Тоҷикистон бо иттиҳоми "ҳамкорӣ, иштирок дар задухӯрдҳо ва ҷанг дар қаламрави кишварҳои бегона" ба зидди беш аз 60 зан парванда кушодаанд. Онҳо таҳти ҷустуҷӯ ҳастанд. Қаблан баъзе аз занони муттаҳам ба ифротгароӣ ва наздиконашон гуфта буданд, ки онҳо бо даъвати шавҳарони худ ба Сурияву Ироқ рафтаанд ва аз паёмади он огоҳ набуданд. Дар нишасте дар мавзӯи вазъи оилаҳо ва занон дар Душанбе Муҳаммад Саидов, намояндаи Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, гуфт, дар маҷмӯъ дар 7... Читать дальше...

БОР барои рушди сайёҳӣ ба Тоҷикистон 10 миллион доллар дод

Ozodi.org 

Бонки Осиёии Рушд барои ривоҷи сайёҳӣ дар Тоҷикистон 10 миллион доллар грант ё кумаки бебозгашт кардааст. Дафтари матбуоти Бонки Осиёии Рушд дар Душанбе рӯзи 25-уми ноябр дар иттилоияи расмӣ гуфт, "ин нахустин тарҳи бонк дар арсаи сайёҳӣ дар Тоҷикистон аст". Ризо Фаррух, сардори шуъбаи лоиҳаҳои Бонки Осиёии Рушд мегӯяд,  "Тоҷикистон барои рушди сайёҳӣ имкониятҳои бисёр дорад, вале зарфиятҳои сайёҳии кишвар истифоданошуда мемонад," -- афзуд ӯ. Дар доираи барномаи рушди минбаъдаи сайёҳӣ, аз ҷумла... Читать дальше...



Фармондеҳи Сипоҳ эътирозҳоро дар Эрон маҳкум кард

Ozodi.org 

Ҳусайн Саломӣ, фармондеҳи умумии Сипоҳи посдорони инқилоби исломии Эрон, рӯзи 25-уми ноябр ҳангоми суханронӣ дар як гирдиҳамоии густурдае эътирозҳои ҳафтаи гузаштаро маҳкум ва ба Амрико ва ҳампаймононаш таҳдид кард. Даҳҳо ҳазор тазоҳуркунанда рӯзи душанбе бо парчами афрохтаи Эрон ва сурати раҳбари олии ин кишвар Оятуллоҳ Алии Хоманаӣ барои маҳкум кардани рӯзҳои “шӯриш”, ки ҳукумати Эрон душманони хориҷиашро дар он гунаҳкор медонад, дар маркази Теҳрон гирди ҳам омаданд. Рӯзи 15-уми ноябри имсол... Читать дальше...

Боздошти 10 зодаи Узбекистон баъди занозанӣ дар Маскав

Ozodi.org 

Дар шаҳри Маскави Русия бо иштироки узбекистониҳо занозании гуруҳӣ сурат гирифт. Пулис 15 нафар, аз ҷумла 10 зодаи Узбекистонро бо гумони иштирок дар занозанӣ боздошт кард. Расонаҳои Русия рӯзи 24-уми ноябр хабар доданд, ки кӯчарубҳо дар кӯчаи Ефремови шаҳри Маскав занозанӣ кардаанд. Ба навиштаи расонаҳо, шаҳрвандони Узбекистон бо шаҳрвандони Қирғизистон занозанӣ карданд. Кӯчарӯбҳо баъди бозии футбол занозанӣ ва аз белу оҳан истифода кардаанд. Бозии футбол бо вайрон кардани қоидаҳо ба поён расид ва яке аз тимҳо эътироз кард. Читать дальше...

Як бонкро дар Бишкек ғорат карданд

Ozodi.org 

Мақомоти интизомии шаҳри Бишкеки Қирғизистон рӯзи 26-уми ноябр хабар доданд, ки бонке дар ин шаҳр ғорат шудааст. Ба иттилои пешакӣ, ду одами ношинос нисбати муҳофиз зӯроварӣ карда, пулҳоро дуздидаанд. Дар ҳоли ҳозир ҳаҷми маблағи ғоратшуда муайян мегардад. Пулис номи бонки ғоратшударо ошкор намекунад. Ин ҳодиса дар Рӯйхати ягонаи ҷиноятҳо ва қонуншиканиҳо бо моддаи "ғоратгарӣ" сабт шудааст. Тафтишот идома дорад.

Дулат Агадил, фаъоли қазоқистонӣ аз боздошт раҳо шуд

Ozodi.org 

Дулат Агадил, фаъоли ҷамъиятии Қазоқистон рӯзи 26-уми ноябр аз боздоштгоҳи муваққатии деҳаи Акмоли наздикии шаҳри Нурсултон баъди адои ҷазо раҳо шуд. Фаъоли раҳошуда тасмим дорад, дар гирдиҳамоии имрӯзии назди бинои Иттиҳоди Аврупо дар шаҳри Нурсултон ширкат кунад. Ширкатдорони гирдиҳамоӣ имрӯз бо шиорҳо назди бинои Иттиҳоди Аврупо ҳозир шуданд ва озодии маҳбусони сиёсиро талаб карданд. Ширкатдорони гирдиҳамоӣ ҳамчунин талаб карданд, ки қарори додгоҳ дар бораи манъи ҳаракати "Интихоби демократии Қазоқистон" бозбинӣ шавад. Читать дальше...

Мақомоти гурҷӣ бо истифода аз нерӯ роҳ ба порлумонро боз карданд

Ozodi.org 

Нерӯҳои махсуси Вазорати умури дохилии Гурҷистон субҳи имрӯз эътирозгаронеро пароканда карданд, ки дар назди бинои порлумон дар шаҳри Тифлис бо талаби баргузории интихобот бар асоси рӯйхати ҳизбӣ ҷамъ шуда буданд. Эътирозгарон бо даъвати раҳбарони мухолифон мехостанд, аз баргузории ҷаласаи ҳизби ҳокими миллиардер Бидзина Иванишвилӣ - "Орзуи гурҷӣ" дар порлумон пешгирӣ кунанд. Пулис барои боз кардани роҳи вуруд ба порлумон аз мошинҳои обпош истифода кард. Мухолифон гуфтанд, ки тазоҳуротро идома хоҳанд дод. Читать дальше...

"Конҳои Туркманистон ҳаворо баробар бо миллионҳо мошин олуда мекунанд"

Ozodi.org 

Дар натиҷаи назорати вулқонҳо тавассути моҳвора муайян карда шуд, ки конҳои нафту гази Туркманистон ҳаворо баробар ба миллионҳо мошин олуда мекунанд. Хабаргузории "Bloomberg" рӯзи 23 ноябр иттилоъ дод, ки ширкати GHGSat Inc, назораткунандаи вулқонҳо тавассути моҳвора муайян кардааст, ки дар Осиёи Марказӣ манбаи партоби газ ба ҳаво конҳои нафту газ ҳастанд. Ширкат ҳангоми назорати ҳаҷми партоби газҳои гулхонаӣ аз вулқонҳо се нуқтаи равшанро ошкор кардааст. Ширкат пас аз санҷиш дар гузориши худ гуфтааст... Читать дальше...

Соҳибкорони узбекро маҷбур доранд, андозҳоро пешпардохт кунанд

Ozodi.org 

Соҳибкорон ва муассисони корхонаҳои хусусиро дар шаҳри Тошканд ва вилояти Андиҷони Узбекистон маҷбур доранд, ки як қатор андозҳо, аз ҷумла андоз аз даромадро пешпардохт кунанд. "Нозирони андоз талаб доранд, ки ҳамаи андозҳоро пешпардохт кунем. Зеро ба гуфтаи онҳо, нақшаи буҷаи ҷумҳурӣ иҷро нашудааст",-мегӯянд муассисони ду ширкате, ки дар ноҳияҳои Олмазор ва Чилонзори Тошканд бо истеҳсолот машғуланд. Яке аз соҳибкорони вилояти Андиҷон мегӯяд, нозирони андоз бидуни иҷозати пешакии ӯ аз ҳисоби бонкиаш маблағеро гирифтаанд. Читать дальше...

Ҳукми Бузургмеҳр Ёровро 6 сол кам кардаанд

Ozodi.org 

Бар асоси қонуни нави афв аз ҳукми Бузургмеҳр Ёров, вакили мудофеи зиндонӣ, шаш сол кам карда шудааст. Ёров моҳи сентябри соли 2017 бо иттиҳоми сохтакорӣ, тақаллуб ва таҳқири президент ба 28 соли зиндон маҳкум шуда буд. Ӯ ва тарафдоронаш ҳукмро дорои ангезаҳои сиёсӣ медонанд.  Илҳом Маҳмудов, муовини сардори Идораи зиндонҳои Тоҷикистон, рӯзи 26-уми ноябр дар суҳбат бо Радиои Озодӣ татбиқи қонуни афв нисбат ба Бузургмеҳр Ёровро тасдиқ кард. Вай гуфт: "Бар асоси қонуни афв шаш сол аз ҳукми Бузургмеҳр... Читать дальше...

Намояндаи КДАМ: Баъзе тафсилоти ҳамла ба дидбонгоҳи "Ишқобод"

Ozodi.org 

Як намояндаи Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон (КДАМ) дар нишасте бахшида ба вазъи занон рӯзи 26-уми ноябр дар Душанбе баъзе ҷузъиёти ҳамла ба дидбонгоҳи "Ишқобод" дар марзи Тоҷикистону Узбекистонро ошкор кард. Қаблан танҳо як изҳороти КДАМ дар ин бора нашр шуда, мақомоти ин ниҳод аз шарҳи бештари воқеа худдорӣ мекарданд.  Муҳаммад Саидов, намояндаи Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, ҳангоми суханронӣ дар мавзӯи "Тақвияти фаъолияти идеологӣ дар самти мубориза бо зуҳуроти экстремистӣ ва террористӣ" гуфт... Читать дальше...

Эҳтимоли роҳ надодани Русия ба Бозиҳои тобистонаи олимпӣ

Ozodi.org 

Кумитаи назоратии Оҷонсии ҷаҳонии мубориза бо доппинг ба Кумитаи иҷроияи ин созмон машварат додааст ки Русияро барои 4 сол аз ширкат дар мусобиқаҳои байналмилалӣ маҳрум кунад. Дар ин бора шоми душанбе рӯзномаи "Ню-Йорк Таймс" хабар додааст. Аз ин машварат бармеояд, ки варзишгарони Русия имкон хоҳанд дошт, ки дар Бозиҳои олимпии соли 2020 дар шаҳри Токио ва Бозиҳои зимистонаи олимпӣ дар соли 2022, зери парчами бетараф, иштирок кунанд. Мунтахаби Русия аз ширкат дар бозиҳо маҳрум хоҳад буд. Бар илова... Читать дальше...

AI хостори раҳоии афроде шуд, ки аз "озори ҷинсии кӯдакон" дар Афғонистон гузориш таҳия карданд

Ozodi.org 

Созмони Амнести Интернешинал мегӯяд, Раёсати миллии амнияти Афғонистон ҳафтаи гузашта ду ҳомии ҳуқуқи башарро, ки дар бораи озори ҷинсии кӯдакон гузориш пахш карда буданд, худсарона ба ҳабс гирифтааст.  Дар изҳороти ин созмони, ки рӯзи 25-уми ноябр нашр шуд, ин гурӯҳи мустақар дар Лондон мегӯяд, Мӯсо Маҳмудӣ ва Эҳсонуллоҳ Ҳамидӣ, рӯз 21-уми ноябр дар роҳ ба мулоқот бо сафири Иттиҳоди Аврупо дар Кобул боздошт шуданд. Амнести Интернешинал тақозо кардааст ки ду ҳомии ҳуқуқи боздошшуда фавран раҳо гарданд. Читать дальше...

"Ал-Ҳилол" ғолиби Лигаи қаҳрамонҳои AFC-2019 шуд

Ozodi.org 

Бошгоҳи футболи «Ал-Ҳилол»-и Арабистони Саудӣ, ки дар бозии ҷавобӣ дар меҳмонӣ дастаи «Урава Ред Даймондс»-и Ҷопонро бо ҳисоби 2:0 мағлуб кард, ғолиби Лигаи қаҳрамонҳои AFC (Конфедератсияи футболи Осиё)-2019 гардид.  Дар бозии ҷавобӣ голҳоро нимҳимоятгар Салим Ал-Давсарӣ дар дақиқаи 74-ум ва ҳамлагари фаронсавӣ Бафетимби Гомис (90+3) ба самар расониданд. Бозии аввал низ бо пирӯзии бошгоҳи «Ал-Ҳилол» бо ҳисоби 1:0 хотима ёфта буд. Ба ин тартиб, «Ал-Ҳилол» аз шаҳри Ар-Риёзи Арабистони Саудӣ барои... Читать дальше...

Аввалин пирӯзии занони футболбози тоҷик дар CAFA-2019

Ozodi.org 

Мунтахаби олимпии занонаи Тоҷикистон (U-23) дар бозии севумаш дар мусобиқаи қаҳрамонии CAFA-2019 миёни дастаҳои мунтахаби олимпии занона (U-23) бар мунтахаби Афғонистон бо ҳисоби 5:1 пирӯз шуд. Ин бозӣ 25-уми ноябр дар Варзишгоҳи марказии Ҳисор доир гардид. Голҳои мунтахаби Тоҷикистонро Сахина Саидова, Зебонисо Абдуллоева, Сайрамҷон Холназарова, Некӯбахт Худододова ва Ҷонона Ҳалимова ба самар расониданд. Як голи мунтахаби Афғонистон ба Фотима Ҳайдарӣ марбут аст. Ёдовар мешавем, мунтахаби Тоҷикистон... Читать дальше...

Вокуниши ҷомеаи Қирғизистон ба таҳқиқоти "Азаттик" дар бораи фасод

Ozodi.org 

Тадқиқоти муштараки бахши қирғизии Радиои Озодӣ ("Аззатик") дар бораи фасод, вокуниши ҷиддиеро дар ҷомеаи Қирғизистон ба дунбол дошт. Рӯзи душанбеи 25-уми ноябр дар пойтахти Қирғизистон ҳамоишҳои эътирозӣ дар назди бинои парлумони ин кишвар оғоз шуд. Дар майдони "Ала-Тоо" бештар аз ҳазор нафар ҷамъ омаданд ва аз мақомот хостанд, ки дар мубориза бо фасод чораандешӣ кунанд ва муовини пешини раиси Хадамоти гумруки Қирғизистон Раим Матраимовро ба ҳабс бигиранд. "Ин вокуниши шаҳрвандон аст. Мо ба кӯчаҳо рехтем то мавқеи худро изҳор кунем. Читать дальше...

Узбекистон пирӯзӣ дар Ҷанги Дувуми Ҷаҳониро бо барномаи вижа таҷлил мекунад

Ozodi.org 

Ҳукумати Узбекистон барои таҷлил аз 75-солагии пирӯзӣ дар Ҷанги Дувуми Ҷаҳонӣ барномаи вижае қабул мекунад. Дар ин бора расонаҳои маҳаллӣ бо такя ба девони вазирони Узбекистон хабар доданд. Ба гуфтаи мақомоти Узбекистон, яке аз чорабиниҳои асосии таҷлил аз 75-солагии хатми ҷанг кушодани боғи "Ғалаба" дар шаҳри Тошканд хоҳад буд. Дар ин боғ хандақҳои воқеӣ канда ва техникаи замони ҷанг ба намоиш гузошта мешавад. Сохтмони боғи "Ғалаба" дар ноҳияи Олмазори шаҳри Тошканд тобистони соли ҷорӣ шуруъ шуд. Читать дальше...

Википедия дар Туркманистон баъди таҳрири мақола дар бораи Бердимуҳаммадов дастнорас шуд

Ozodi.org 

Расонаҳои маҳаллии Туркманистон дар бораи дастнорас шудани донишномаи озоди онлайнӣ дар ин кишвар хабар медиҳанд. Википедия ё донишномаи озод дар мақолае дар бораи президенти Туркманистон Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов чанде пеш ҷузъиёти гуфтугӯи кормандони сафорати ИМА дар Ишқободро ворид кард. Ин гуфтугӯ чанд соли пеш аз сӯи WikiLeaks нашр шуда буд. Рӯзи 5 ноябр донишномаи озод дар бахши "Шахсият ва дидгоҳ" маводи нашркардаи WikiLeaks-ро ҷо кард. Дипломатҳои амрикоӣ Бердимуҳаммадовро ҳамчун "мағруру ҳасуд... Читать дальше...





СМИ24.net — правдивые новости, непрерывно 24/7 на русском языке с ежеминутным обновлением *