Эъломи истеъфои нахуствазири Ироқ баъди кушта шудани 400 нафар
Одил Абдулмаҳдӣ, нахуствазири Ироқ, баъд аз тақрибан ду моҳи эътирозҳои зиддиҳукуматӣ дар ин кишвар, ки беш аз 400 кушта ба ҷой гузошт, гуфт, аз қудрат канорагирӣ мекунад. Вай рӯзи 29-уми ноябр дар изҳороте эълом кард, ки ба зудӣ номаи истеъфояшро ба порлумон месупорад ва қонунгузорон метавонанд ҳукумати навро ташкил диҳанд. Ин густурдатарин эътирозҳо аз замони сарнагунии ҳукумати Саддом Ҳусейн, раиси ҷумҳури пешини Ироқ дар соли 2003 аст. Эътирозгарон хоҳони барканории табақаи ҳоким ҳастанд ва... Читать дальше...