Зеварбону Рауфӣ: "Муҳоҷирон қаҳрамонанд"
Дуруд, эй ҳаммеҳан! Имрӯз мехоҳам ба пурсише посух диҳӣ! То ба ҳол аз худат пурсидаӣ, ки муҳоҷир кист? Мегӯӣ: “афсӯс, мардуми ман солҳост, ки бо ин вожа ошноянд”. Аммо чӣ касе медонад, пушти ин як вожа чӣ дунёи бузургест? Дунёи пуропур аз садоқат! Дунёе моломол аз ишқ! Дунёи лабрези азхудгузаштагӣ! Дунёе саршор аз фоҷеа... Намедонам, шумо муҳоҷирро чӣ гуна мебинед. Ман муҳоҷирро аз наздик мешиносам. Ҳамеша зиндагии муҳоҷирона доштаам. Ҳамин ҳоло ҳам дар муҳоҷиратам. Аммо ҳоло намехоҳам, аз муҳоҷирату худу хонаводаамон гӯям. Читать дальше...