Мы в Telegram
Добавить новость
smi24.net
Ozodi.org
Апрель
2022

Новости за 12.04.2022

Тирпарронӣ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон. Як сарбози тоҷик захмӣ шуд

Ozodi.org 

Бар асари тирпарронӣ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон як сарбози тоҷик захмӣ шуда, дар бемористон бистарист. Ҳодиса шоми 12 апрел дар байни деҳаи Хистеварзи ноҳияи Бобоҷон Ғафурови Суғд ва деҳаи Борбордуки ноҳияи Лайлаки Бодканд рӯй дод. Мақомоти Тоҷикистон ҳодисаро ба таври расмӣ шарҳ надодаанд.

Тақдири норӯшани 93 хона дар Навбаҳор

Ozodi.org 

Гурӯҳе аз сокинони маҳаллаи Навбаҳори ноҳияи Синои шаҳри Душанберо таҳдидҳои пайҳами тахриби манзилҳояшон нигарон кардааст. Онҳо мегӯянд, субҳи 6-уми апрел барои додхоҳӣ назди Дастгоҳи раиси ҷумҳури Тоҷикистон рафтанд, вале аз ин ниҳод посухи мушаххсе дарёфт накарданд.

"Ба назди Озода Раҳмон рафтем, аммо..." Сокинони Навбаҳор чӣ мехоҳанд? ВИДЕО

Ozodi.org 

Гуруҳе аз сокинони маҳаллаи Навбаҳори ноҳияи Синоро дар Душанбе таҳдиди тахриби хонаҳояшон нигарон кардааст. Онҳо мегӯянд, барои додхоҳӣ ба Дастгоҳи иҷроияи президенти Тоҷикистон рафтанд, аммо посухи мушаххас нагирифтанд.

Ифтори пас аз пандемия дар масҷиди Имом

Ozodi.org 

Ҳафтаи дуввуми моҳи Рамазон идома дорад. Барои мусалмонони тамоми дунё ин саввумин Рамазон дар давраи пандемия аст. Маркази Имом дар Амрико аввалин масҷиде аст, ки дар он мардум бидуни риояти маҳдудиятҳо намози дастаҷамъона мехонанду ифтор мекунанд.

Сӯхтор дар як кӯдакистон дар Душанбе. АКС

Ozodi.org 

Масъулони кӯдакистони “Истиқлол” гуфтанд, сӯхтор рӯзи 12-уми апрел дар ошёнаи сеюми бино сар зад. Ҳангоми сӯхтор кӯдакон дар ҳавлӣ машғули бозӣ будаанд.



"Сарбозшикор набуд." Чаро Назаралиевро дар фурудгоҳ "дастгир" карданд?

Ozodi.org 

Раёсати корҳои дохилии Душанбе гуфт, навори боздошти як ҷавон дар назди Фурудгоҳи Душанбе "ба облава рабт надорад." Пайвандони Исмоил Назаралиев мегӯянд, хешовандони ҳамсараш талош кардаанд, ӯро дастгир кунанд. Тарафи дигар иддао дорад, ки мехостанд, домоди пешинро ба идораи пулис баранд.

Мунтахаби футзали Тоҷикистон ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2022 роҳ ёфт

Ozodi.org 

Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бо раҳбарии сармураббӣ Пайрав Воҳидов дар мусобиқаи интихобии Ҷоми Осиё-2022 дар минтақаи Марказ ва Ҷануб дар Бишкеки Қирғизистон дар гурӯҳи «В» ҷои дуюмро гирифт ва ба марҳилаи ниҳоии мусобиқа, ки тирамоҳи имсол дар Кувайт баргузор мешавад, роҳ ёфт.

Бори дувоздаҳум дар Душанбе Ниммарафони байналмилалӣ баргузор мешавад

Ozodi.org 

16-уми апрел дар Душанбе Ниммарафони XII байналмилалӣ бахшида ба Рӯзи пойтахт доир мегардад. Дар ин мусобиқаи анъанавӣ дар баробари варзишгарони тоҷик давандаҳои ҳирфаӣ аз кишварҳои хориҷӣ ширкат хоҳанд кард.

Дороиҳои хонаводаи муовини сарвазири Узбекистон тафтиш мешавад

Ozodi.org 

Оҷонси мубориза зидди коррупсияи Узбекистон тафтиши ширкати офшорӣ ва ҳисобҳои бонкиеро дар Швейтсария оғоз кардааст, ки ба хонаводаи муовини сарвазири ин кишвар Очилбой Раматов рабт доранд.

Дар Қазоқистон чандин қудратии пешинро дастгир карданд

Ozodi.org 

Намояндаи Додситонии кулли Қазоқистон Елдос Килимжанов 11-уми апрел дар суҳбат бо расонаҳо гуфт, додситонҳои махсус муайян карданд, ки дар ҳодисаҳои моҳи январи имсол 12 гуруҳи созмонёфтаи ҷиноӣ иштирок доштанд.

Ҳамла ба консулгарии Эрон дар Ҳирот дар эътироз ба "бадрафторӣ бо муҳоҷирони афғон"

Ozodi.org 

Шуморе аз эътирозгарони афғон, ки ба "бадрафторӣ алайҳи муҳоҷирони ин кишвар дар Эрон" эътироз доштанд, рӯзи душанбеи 11-уми апрел дарвозаи вурудии Консулгарии Эрон дар шаҳри Ҳиротро оташ заданд

Фуруди изтирории ҳавопаймои "Uzbekistan Airways" баъди хабари бомбгузорӣ шудан

Ozodi.org 

Ҳавопаймои "Airbus A320"-и ширкати "Uzbekistan Airways", ки дар масири "Минск – Тошканд" парвоз мекард, баъди хабари бомбгузорӣ шудан маҷбур шуд, дар фурудгоҳи "Домодедово"-и шаҳри Москва поин ояд. Ба иттилои хадамоти матбуотии ширкат, ҳавопаймо 11-уми апрел тибқи ҷадвал, аз шаҳри Минск ба самти шаҳри Тошканд парвоз карда буд. "Аммо ҳангоми қарор доштанаш дар осмони Русия хабар расид, ки гӯё он бомбгузорӣ шудааст. Ин хабарро шахси номаълум ба почтаи электронии ширкат фиристодааст", - афзудааст "Uzbekistan Airways". Читать дальше...

Бохти дуюми "Истиқлол" дар Лигаи қаҳрамонҳои AFC-2022. Ин дафъа ба "Шарҷа"

Ozodi.org 

Дастаи “Истиқлол”-и Душанбе дар бозии дуюмаш дар сабқати гурӯҳии Лигаи қаҳрамонҳои AFC (Конфедератсияи футболи Осиё)-2022 аз бошгоҳи «Шарҷа»-и Имороти Муттаҳидаи Араб бо ҳисоби 1:2 мағлуб шуд. Ин бозӣ шаби 11-ум ба 12-уми апрел дар Варзишгоҳи байналмилалии Шоҳ Фаҳди шаҳри Риёзи Арабистони Саудӣ доир гардид. Нимаи аввали бозӣ бо ҳисоби 1:0 ба нафъи “Истиқлол” ба поён расид. Тӯбро Манучеҳр Ҷалилов, капитани “Истиқлол”, дар дақиқаи 29-ум ба самар расонид. Ӯ аз назди дарвоза тӯбро ба ҳадаф расонд. Читать дальше...





СМИ24.net — правдивые новости, непрерывно 24/7 на русском языке с ежеминутным обновлением *