Мы в Telegram
Добавить новость
smi24.net
Ozodi.org
Апрель
2022

Новости за 18.04.2022

Мансабгирии наздикони президентро дар Қазоқистон манъ мекунанд?

Ozodi.org 

Темиртай Избастин, хеши президенти Қазоқистон Қосимҷомарт Тоқаев, эҳтимол баъди ворид шудани тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи ин кишвар, ки фаъолияти наздикони раисҷумҳурро дар мансабҳои сиёсӣ манъ мекунад, аз мақоми сафирӣ дар Булғористон барканор карда шавад.

"Барои худамон захира дорем." Дар Қазоқистон гуфтанд, ки чаро содироти гандумро маҳдуд карданд. ВИДЕО

Ozodi.org 

Вазири кишоварзии Қазоқистон рӯзи 16-уми апрели имсол фармонеро имзо кард, ки тибқи он барои содироти гандум ва орд квота ҷорӣ шудааст. Ин фармон дастикам то нимаи моҳи июни имсол амал хоҳад кард. ​

Қазоқистон чаро содироти гандумро маҳдуд кард?

Ozodi.org 

То замони манъи содироти ғалла аз Русия, фаъолияти корхонаҳои истеҳсоли орду гандуми Қазоқистон тибқи нақшаи муайяншуда пеш мерафт. Онҳо маҳсулоти арзонро аз Русия харида, гандуми нисбатан гарони худро ба кишварҳои дигар содир мекарданд.

Сарнавишти Саодат ва Исфандиёр. Мақомот ваъдаҳои худро иҷро карданд? ВИДЕО

Ozodi.org 

Радиои Озодӣ пас аз солҳо ба суроғи ду қаҳрамони гузориши худ рафт, ки ҳоло чӣ кор мекунанд ва оё дар зиндагияшон тағйире пеш омадааст ё не. Яке Саодат Хоҷаева, сокини ноҳияи Восеъ аст, ки бо пой кор мекунад ва дигаре Исфандиёри Ҳамроҳхон, сокини ноҳияи Муъминобод аст, ки бо даст роҳ мегардад.

Саррнавишти қаҳрамонони Радиои Озодӣ баъди пахши гузоришҳо чӣ шуд?

Ozodi.org 

Зиндагии зане, ки дар ноҳияи Восеъ бо пойҳояш гулдузӣ мекард, пас аз гузориши Радиои Озодӣ комилан тағйир кардааст. Аммо мақомот ба ҷавоне, ки дар ноҳияи Мӯъминобод баръакс, бо дастонаш роҳ мерафт, ваъдаи кумак дода буданд, вале ба ваъдаашон амал накардааcт.



Тоҳиру Зоҳир, ду бародари маълул, муҳтоҷи кумак шудаанд. ВИДЕО

Ozodi.org 

Дар шаҳри Душанбе ду бародари маълуле зиндагӣ мекунанд, ки бо модаркалони худ танҳо мондаанд ва намедонанд, пас аз марги бибии кӯҳансолашон онҳоро кӣ нигоҳубин хоҳад кард. Модарашон якуним сол пеш аз бемории саратон даргузашт. Падарашон қаблан таксиронӣ мекарду ҳоло бекор мондааст.

Тоҳиру Зоҳири маълул ятим мондаанд

Ozodi.org 

Дар шаҳри Душанбе ду бародари маълуле зиндагӣ мекунанд, ки бо бибиашон танҳо мондаанд ва намедонанд, ки пас аз марги бибии куҳансолашон онҳоро кӣ нигоҳубин хоҳад кард.

Бозори кори Русия ва муҳоҷирони тоҷик. Оё ояндае ҳаст?

Ozodi.org 

Коршиносон ба ин назаранд, ки дар пасманзари таҳримҳо ба зидди Русия ояндаи бозори кори ин кишвар барои муҳоҷирон тангтар хоҳад шуд. Сарнавишти муҳоҷирони тоҷик чӣ хоҳад шуд? Оё интихобе барои тағйир додани самти нерӯи кор аз Тоҷикистон вуҷуд дорад?

"Хатлон" дар мусобиқаи лигаи олии футболи Тоҷикистон пешсаф аст

Ozodi.org 

Дастаи “Хатлон”-и Бохтар баъди натиҷагирии даври сеюми мусобиқаи  қаҳрамонии футболи Тоҷикистон миёни дастаҳои лигаи олӣ, ки рӯзҳои 16-17-уми апрел доир шуд, дар ҷадвал пешсаф аст. Футболбозони “Хатлон” дар даври сеюми мусобиқа дар майдони худ – варзишгоҳи “Пахтакор”-и шаҳри Бохтар – дастаи «Эсхата»-и Хуҷандро бо ҳисоби 3:2 мағлуб намуданд. Дар ҳамин ҳол бохтариҳо бо 7 имтиёз дар ҷадвал мақоми аввалро азони худ кардаанд. Клуби марказии варзишии артиши шаҳри Душанбе (КМВА), ки дар меҳмонӣ тими «Равшан»-и Зафарободро бо ҳисоби 2:0 шикаст дод... Читать дальше...

Бишкек: созиш оид ба убури боркашҳо аз марзи Қазоқистон "ба таври комил" иҷро намешавад

Ozodi.org 

Ноиби аввали раиси девони вазирони Қирғизистон Орзубек Кожошев бо муовини сарвазири Қазоқистон Бахит Султонов масъалаи убуру мурури мошинҳои боркашро аз марзи Қирғизистону Қазоқистон ва Русия баррасӣ кард. Ин мулоқот рӯзи 15 апрел сурат гирифтааст. Ҷониби Қирғизистон дар ин мулоқот гуфтааст, ки созиш бо ҷониби Қазоқистон дар мавриди убуру мурури мошинҳои боркаш аз марзи ду кишвар на таври комил иҷро мешавад. "Мо ба созиш расидем, ки агар ҳуҷҷатгузорӣ дуруст набошад ва ё мошинҳо комилан ҳуҷҷат надошта бошанд... Читать дальше...





СМИ24.net — правдивые новости, непрерывно 24/7 на русском языке с ежеминутным обновлением *