Мы в Telegram
Добавить новость
smi24.net
Ozodi.org
Апрель
2022

Новости за 24.04.2022

Дар Покистон навъи хатарноктарини фалаҷи атфол ошкор шуд. Чаро дар Тоҷикистон ҳам бояд донанд?

Ozodi.org 

Мақомоти тандурустӣ дар Покистон гуфтанд, ки намунаҳои нави ваҳшии полиомиелитро дар ин кишвар ошкор кардаанд. Ин хабар боиси он шуд, ки нахуствазири тоза интихобшуда Шаҳбоз Шариф ҷаласаи изтирории мақомоти хадамоти фавқулоддаро барои муқобила бо сирояти нав даъват кард. Ба гуфтаи мақомот дар Покистон, ахиран як писарбачаи 15-сола бо нишонаҳои бисёр сахт сирояткунандаи вируси полиомиелит дар ноҳияи Вазиристони Шимолӣ бистарӣ гардид. Шаҳзод Баиқ, раҳбари Маркази миллии муқобила бо полиомиелит ё фалаҷи атфол гуфт... Читать дальше...

Блинкен аз Эрон озодии як зиндонии сиёсиро тақозо кард

Ozodi.org 

Котиби давлатии ИМА Энтони Блинкен аз Эрон тақозо кард, ки як шаҳрванди амрикоиро, ки, ба гуфтааш, давоми солиёни зиёд чун як “пиёдаи сиёсӣ” (истилоҳи шоҳмот) дар ҳабс нигаҳдорӣ мешавад, озод кунад. Матбуоти эронӣ гуфт, Имод Шарқӣ барои ҷосусӣ ба 10 соли зиндон маҳкум шуда, замоне, ки мехост аз кишвар фирор кунад, боздошт гардид. Блинкен гуфт, ки аз он замон чор сол гузашт ва “оилаи ӯ бо нигаронӣ аз сарнавишти ӯву умедворӣ ба озодшавиаш чашм ба роҳ мондааст”. Блинкен рӯзи 23-юми апрел дар як изҳороташ дар Твиттер гуфт... Читать дальше...

Макрон ё Лё Пен? Дар Фаронса президенти ояндаро интихоб мекунанд

Ozodi.org 

Имрӯз дар Фаронса интихоботи президентӣ ҷараён дорад. Номзадҳои асосӣ президенти амалкунанда Эммануэл Макрон ва рақиби ростгарои ӯ Марин Лё Пен барои ҳақи раҳбарии кишвар дар панҷ соли оянда мубориза мебаранд.

"Ба фарзандони ҳукуматдорон даъватнома мефиристода бошанд?"

Ozodi.org 

Шояд Шумо ҳам видеои доду фарёди ҷавонеро дида бошед, ки баъдан маълум шуд, хабарнигор асту ӯро аз маркази шаҳри Душанбе бардошта ба артиш бурданд. Баҳси зиёде, ки ин ҳафта дар вебсайти Радиои Озодӣ идома дошт, дар бораи ҳамин ҷавону "сарбозшикор" ё ҷалби иҷборӣ ба артиши Тоҷикистон буд.

"Фарзандони ҳукуматдоронро ба хидмати ватан мебаранд?" ВИДЕО

Ozodi.org 

Шояд видеои доду фарёди ҷавонеро дида бошед, ки баъдан маълум шуд, хабарнигор асту ӯро аз маркази шаҳри Душанбе бардошта ба артиш бурданд. Мақомот гуфтанд, азбаски Шоҳрухи Исмоил даъватномаҳоро ба комиссариати ҳарбӣ нодида гирифту ба онҷо ҳозир нашуд, бар асоси қонун маҷбур бурданд.





СМИ24.net — правдивые новости, непрерывно 24/7 на русском языке с ежеминутным обновлением *