Мы в Telegram
Добавить новость
smi24.net
Ozodi.org
Апрель
2022

Новости за 01.04.2022

Баҳси Қаробоғи Кӯҳиро ба Брюссел мебаранд

Ozodi.org 

Арманистону Озарбойҷон соли 2020 бар сари ин минтақаи баҳсии Қаробоғи Кӯҳӣ шаш ҳафта бо ҳам ҷангиданд. Даргирии тарафҳо бо миёнравии Русия ва бо созиши оташбас поён ёфт.

"Ба бозор медароӣ, роҳатро гум мекунӣ." Шикоят аз гаронӣ дар остонаи Рамазон. ВИДЕО

Ozodi.org 

Рӯзи 2-юми апрел дар Тоҷикистон ва бисёре аз кишварҳо моҳи Рамазон фаро мерасад. Бо наздик омадани ин моҳи барои мусалмонон муқаддас, сокинон дар Тоҷикистон аз болоравии нархи маҳсулот шикоят доранд. Мақомот бо ташкили ярмаркаҳо талош доранд, нархҳоро “дар як сатҳ” нигоҳ доранд.

Баҳси чарогоҳ дар ноҳияи Мӯъминобод

Ozodi.org 

Мақомоти ноҳияи Мӯъминобод беш аз 300 гектар заминро ба ду нафар ҳуҷҷат кардаанд, ки ин дар миёни сокинони як деҳа баҳс эҷод кардааст. Ҳамкорам Маҳмудҷон Раҳматзода ба ин деҳа сафар кард ва баҳси тарафҳоро сабт кард. Тафсилотро пешниҳоди шумо мекунем



Таҳдиди Путин ба изҳороти кишварҳои ғарбӣ

Ozodi.org 

Президенти Русия Владимир Путин таҳдид кардааст, ки агар кишварҳои аврупоӣ пули газро бо рубл напардозанд, аз 1-уми апрели имсол содироти маводи сӯхтро ба ин кишварҳо мутаваққиф мекунанд.

Салам Имомназаров. Мақомот мегӯянд, ба қочоқ гумонбар аст, наздиконаш бегуноҳ медонанд. ВИДЕО

Ozodi.org 

Наздиконаш мегӯянд, бо гузашти як моҳ, мақомот то ҳанӯз Салам Имомназаров, писари Имомназар Имомназаров, аз роҳбарони ғайрирасмии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшонро раҳо накардаанд. Имомназар Имомназаров соли 2012 дар Хоруғ кушта шуд.

Ширкатҳои русӣ бо ҳавопаймоҳои "Сухой" ба Узбекистон мераванд

Ozodi.org 

Ширкатҳои ҳавопаймоии Русия, ки шомили рӯйхати таҳримҳои иқтисодӣ ва молии Ғарб шудаанд, метавонанд, бо ҳавопаймоҳои истеҳсоли Русия -- Sukhoi Superjet 100 -- ба Узбекистон парвоз кунанд. Пештар ин ширкатҳо бо ҳавопаймоҳои Boeing ва Airbus парвоз мекарданд.

Мунтахаби Тоҷикистон дар радабандии нави FIFA як зина боло шуд   

Ozodi.org 

Дастаи мунтахаби миллии футболи Тоҷикистон дар радабандӣ ё рейтинги FIFA (Федератсияи байналмилалии футбол), ки 31-уми март дар сомонаи расмии ин созмон нашр шудааст, дар байни 210 кишвар бо 1159 имтиёз дар ҷойи 114-ум қарор гирифтааст.

Мунтахаби олимпии Тоҷикистон бозии санҷиширо бо Кувайт дар Туркия мусовӣ кард

Ozodi.org 

Дастаи мунтахаби олимпии футболи Тоҷикистон (U-23) дар доираи ҷамъомади таълимиву тамринӣ дар Туркия бозии сеюми санҷиширо рӯзи 29-уми март бо мунтахаби олимпии Кувайт (U-23) бо ҳисоби 1:1 анҷом дод, хабар медиҳад сомонаи Федератсияи футболи Тоҷикистон. Ба иттилои манбаъ, дар ин бозӣ голи мунтахаби Тоҷикистонро Шоҳрух Сангов ба самар расонид. Аз ин пеш футболбозони ҷавони тоҷик дар бозии санҷишӣ дар Туркия аз ҳамсолонашон аз Того бо ҳисоби 0:1 мағлуб шуда, бозиро бо мунтахаби Урдун (U-23) бо ҳисоби 0:0 анҷом дода буданд. Читать дальше...

Ҳаракати қатораҳо миёни Қазоқистону Узбекистон дигарбора ба таъхир афтод

Ozodi.org 

Ҳаракати қатораҳои мусофирбар миёни шаҳрҳои Қазоқистону Узбекистон, ки қарор буд, 2-юми майи оғоз шавад, дубора ба таъхир афтод. Ба иттилои ширкати роҳи оҳани Узбекистон, ҳаракати қатораҳо ба далели ҷорӣ шудани маҳдудиятҳо дар Қазоқистон ба таъхир гузошта шуд. "Ин тасмим дар ҷаласаи Комиссияи байниидоравии мубориза бо коронавирус дар Қазоқистон гирифта шудааст", - омадааст дар иттилоияи ширкат. Ширкати роҳи оҳани Узбекистон қаблан эълом карда буд, ки аз 2-юми майи имсол дар масири "Алмато-2... Читать дальше...

Ҳомиёни ҳуқуқ: раванди баргардонии пулҳои Гулнора Каримова шаффоф нест

Ozodi.org 

Анҷумани ҳомиёни ҳуқуқи Русия ва бахши русиягии созмони "Transparency International" 29-уми март дар бораи талошҳои Тошканд барои таъмини шаффофият дар баргардонидани пулҳои духтари президенти пешини Узбекистон Гулнора Каримова гузориши нав нашр карданд. Дар гузориш аз ҳукумати Узбекистон даъват карда шудааст, ки дар раванди баргардонидани пулҳои Каримова бо ҷомеа ҳамкории зич дошта бошад. Ба гуфтаи ҳомиёни ҳуқуқ, ҳамкории зич бо ҷомеа барои таъмини шаффофият ва пешгирӣ аз коррупсия муҳим аст. Ҳомиёни ҳуқуқ мегӯянд... Читать дальше...

Доллар захира мекунед, ё сомонӣ. ВИДЕО

Ozodi.org 

Дар як моҳи ахир қурби сомонӣ, пули миллии Тоҷикистон дар баробари қурби рубли русӣ ва доллари амрикоӣ зуд-зуд тағйир меёбад. Коҳиши арзиши пули миллӣ, сабаби афзоиши нархи маҳсулоти ниёзи аввалия дар бозорҳои кишвар ва мояи нигаронии мардум ва бахусус муҳоҷирони корӣ шудааст.





СМИ24.net — правдивые новости, непрерывно 24/7 на русском языке с ежеминутным обновлением *