Мы в Telegram
Добавить новость
smi24.net
Ozodi.org
Апрель
2022

Новости за 15.04.2022

Таҳримҳои зидди Русия Узбекистонро ба ҷустуҷӯи шарикони нав водор кардаанд

Ozodi.org 

Коршиносони Сандуқи Байнулмилалии Пул огоҳ кардаанд, ки ҳифзи нишондодҳои мусбат дар бахшҳое амсоли мубориза бо таваррум, барқарории иқтисод ва офаридани ҷойҳои нави корӣ осон нахоҳад буд.

Осорхонаи Садриддин Айнӣ дар Самарқанд таъмир шуд

Ozodi.org 

Дар дили Самарқанд, рӯ ба рӯи майдони Регистон, ҳавлие аст, ки дар он бунёдгузори адабиёти шӯравии тоҷик, Қаҳрамони Тоҷикистон, Садриддин Айнӣ беш аз сӣ сол зиставу эҷод кардааст. Масъулонаш гуфтанд, биноро ба қарибӣ таъмир карданд. Ин дар ҳолест, ки дар Тоҷикистон мехостанд, хона-музейи ӯро вайрон кунанд ва танҳо дар пайи эътирози баъзе сокинону рӯшанфикрон аз тасмими худ гаштанд. Садриддин Айнӣ 114 сол пеш дар ҳамин рӯз ба дунё омадааст.

Медведев: Агар Финландия ва Шветсия узви НАТО шаванд...

Ozodi.org 

"Агар Финландия ва Шветсия узви НАТО шаванд, пас, дар бораи мавқеи бидуни силоҳи ҳастӣ будани Балтик гуфтугӯе сурат нахоҳад гирифт." Дар ин бора муовини раиси Шӯрои амнияти Русия Дмитрий Медведев дар Телеграм навишт.



Баҳси нав байни Душанбеву Бишкек. Камобӣ дар деҳаҳои марзӣ аз куҷост? ВИДЕО

Ozodi.org 

Сокинони ноҳияҳои наздимарзии вилояти Суғд аз камобӣ ё қисман қатъ шудани об дар маҳалли зист ва киштзорашон дар як ҳафтаи охир хабар медиҳанд. Ба гуфтаи онҳо, ин вазъ дар деҳаҳои марзии шаҳрҳои Исфараву Конибодом ва ноҳияи Бобоҷон Ғафуров мушкилҳоеро ба вуҷуд овардааст.

Талаби 400 ҳазор сомонӣ. Гумонбари пешин ба таҷовуз як сомона ва равоншиносро ба додгоҳ кашид

Ozodi.org 

Як сокини ноҳияи Вахш, ки қаблан ба таҷовузи ноболиғе гумонбар буд, сомонаи “Оила” ва як равоншиносро ба додгоҳ кашида, дар умум 400 ҳазор сомонӣ товон хостааст. Хабарро ҷонибҳо тасдиқ карданд. Додгоҳи ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе ба ин баҳс баҳои ҳуқуқӣ хоҳад дод.

Тоҷикистон дар радабандии ҷаҳонии футзал дар байни 118 кишвар дар ҷои 56-ум аст

Ozodi.org 

Дастаи мунтахаби миллии футзали Тоҷикистон дар рейтинг ё радабандии ҷаҳонӣ, ки дар сайти futsalworldranking.be 14-уми апрел нашр шудааст, дар байни 118 кишвар бо 940 имтиёз дар ҷойгоҳи 56-ум қарор гирифтааст.

Муҳлати ҳабси раиси пешини Кумитаи амнияти Қазоқистонро тамдид карданд

Ozodi.org 

Муҳлати ҳабси пешакии раиси собиқи Кумитаи амнияти миллии Қазоқистон Карим Масимов то 6-уми майи соли равон тамдид карда шуд. Ба иттилои хабаргузориҳои маҳаллӣ, муовинони пешини раиси кумитаи мазкур Ануар Садикулов ва Даулет Ергожин ҳам то 6 ва 8 майи имсол дар ҳабс мемонанд. Кумитаи амнияти миллии Қазоқистон боздошти Карим Масимовро, ки яке аз ёрони дерини Нурсултон Назарбоев, раиси ҷумҳури пешини ин кишвар гуфта мешуд, 8 январи соли равон тасдиқ карда буд. Дар баёнияи расмӣ омада буд, "рӯзи... Читать дальше...

Қирғизистон ҳам паради ҳарбиро дар Рӯзи ғалаба бекор кард

Ozodi.org 

Вазорати дифои Қирғизистон хабар дод, ки рӯзи 9-уми майи имсол дар майдони "Ала-Тоо"-и шаҳри Бишкек бахшида ба Рӯзи ғалаба паради ҳарбӣ баргузор намешавад. Ба огаҳии вазорат, он рӯз дар Майдони Ғалаба ҳамоиш ва роҳпаймоии "Полки абадӣ" баргузор хоҳад шуд. Пештар хабар дода шуд, ки Қазоқистон низ имсол бахшида ба Рӯзи ғалаба паради ҳарбӣ баргузор намекунад. Дар Қирғизистон давоми ду соли охир ба далели пандемияи коронавирус бахшида ба 9 май чорабинии оммавие баргузор намешавад.

Бозии сеюми "Истиқлол" дар Лигаи қаҳрамонҳои AFC-2022 бо "Ал-Ҳилол" баргузор мешавад

Ozodi.org 

Дастаи “Истиқлол”-и Тоҷикистон дар даври сеюми мусобиқаи гурӯҳии Лигаи қаҳрамонҳои AFC (Конфедератсияи футболи Осиё)-2022 бо бошгоҳи “Ал-Ҳилол”-и Арабистони Саудӣ бозӣ мекунад. Бозии қаҳрамони Тоҷикистон - «Истиқлол» муқобили барандаи феълии Лигаи қаҳрамонҳои AFC - “Ал-Ҳилол” шаби 15-ум ба 16-уми апрел дар шаҳри Риёзи Арабистони Саудӣ баргузор мешавад. Бозӣ дар варзишгоҳи Шоҳзода Файсал бин Фаҳд соати 23:15 бо вақти маҳаллӣ (соати 01:15 бо вақти Душанбе) оғоз меёбад. “Истиқлол”, ки дар даври... Читать дальше...





СМИ24.net — правдивые новости, непрерывно 24/7 на русском языке с ежеминутным обновлением *