Мы в Telegram
Добавить новость
smi24.net
Ozodi.org
Июнь
2023

Новости за 30.06.2023

Муовини "Ориёнбонк"-ро кӣ рабуд? Кӣ дар шароити имрӯза чунин ҷуръатро дорад? ВИДЕО

Ozodi.org 

Аз рабуда шудани Шуҳрат Исматуллоев, муовини аввали раиси “Ориёнбонк” як ҳафта гузашт. Дар Вазорати умури дохилии Тоҷикистон гуфтанд, бо роҳандозии амалиёти ҷустуҷӯи то ҳол чизе пайдо накардаанд.

Эътирозҳо ба оташ задани Қуръон дар Шветсия

Ozodi.org 

Оташ задани нусхае аз китоби Қуръон дар шаҳри Стокҳолм, маркази Шветсия, вокунишҳои густурдаро дар кишварҳои исломӣ ба бор овард. Мақомоти Туркия ин амалро маҳкум карданд. Ин воқеа эҳтимол ба Раҷаб Таййиб Эрдуғон “дастак” хоҳад шуд, ки ба дархости Шветсия барои пайвастан ба НАТО “не” бигӯяд.

Ҷустуҷӯи мошине, ки Исматуллоевро эҳтимол бо он бурдаанд

Ozodi.org 

Наҷотдиҳандагони Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода, дар соҳилҳои дарёи Зарафшон мошинеро мекобанд, ки эҳтимол бо он Шуҳрат Исматуллозода, муовини раиси “Ориёнбонк”-ро рабуда ва аз Душанбе берун бурдаанд. Исматуллоеви 49-сола сола як ҳафта боз бедарак аст.

Ду омӯзгори Донишгоҳи Хуҷанд аз Аврупо паноҳандагӣ хостаанд. ВИДЕО

Ozodi.org 

Ду устоди Донишгоҳи Хуҷанд аз хатари боздошт ва истирдод ба Тоҷикистон нигаронӣ доранд. Ҷамшед Қаноатов ва Бахтиёр Олимов, ки устодони бахши шарқшиносии ин донишгоҳ буданд, мегӯянд, мақомот онҳоро ба иттиҳоми пайравӣ аз “Ихвон-ул-муслимин”, созмони мазҳабии мамнӯъ дар Тоҷикистон айбдор кардаанд.

Муаллимони тоҷик дар Аврупо паноҳгоҳ хостаанд

Ozodi.org 

Мақомоти тоҷик ду устоди собиқи Донишгоҳи Хуҷандро бо ҷурми ифротгароӣ таҳти пайгард қарор додаанд. Худи онҳо, ки ҳоло дар берун аз Тоҷикистон ҳастанд, мегӯянд, гуноҳ надоранд, вале метарсанд, ки онҳоро боздошту истирдод мекунанд.



Барномаи ҳукумати Тоҷикистон барои танзими муҳоҷират

Ozodi.org 

Ҳукумати Тоҷикистон барномаи танзими муҳоҷиратро то соли 2040  баррасӣ кардааст. Коре, ки садҳо ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон аз ҳисоби он рӯзии худро меёбанд. Маҷлиси ҳукумат рӯзи 29-уми июн дар Душанбе гузашт.   Дафтари матбуоти президент нагуфт, ки мансабдорон дар бораи муҳоҷират дар ҳабдаҳ соли оянда чӣ гуфтанд. Аммо барнома ҳанӯз соли 2021 қабул шуда, дар он аз ҷумла  муҳоҷирати кории тоҷикон ба Русия ва кишварҳои дигар зикр  шудааст.   Дар яке аз бандҳои ин санад гуфтаанд, шумораи онҳое, ки аз  кишвар берун мераванд... Читать дальше...

Раъду барқ як хонаро дар Муъминобод нобуд кард. ВИДЕО

Ozodi.org 

Дар як деҳаи ноҳияи Муъминобод ҳодисаи ғайриодие рух додааст, ки бархеҳо онро хашми табиат ба инсон меноманд. Дар ин ноҳия манзили як сокин аз зарби раъду барқ оташ гирифт, ки дар Тоҷикистон ҳодисаи камсобиқа гуфта мешавад.

Ҳодисаи ғайриодӣ дар ноҳияи Муъминобод

Ozodi.org 

Дар як деҳаи ноҳияи Муъминобод ҳодисаи ғайриодие рух додааст, ки бархеҳо онро хашми табиат ба инсон меноманд. Дар ин ноҳия манзили як сокин аз зарби раъду барқ оташ гирифт, ки дар Тоҷикистон ҳодисаи камсобиқа гуфта мешавад.

Мадонна баъди беморӣ сафари ҳунариашро бекор кард

Ozodi.org 

Овозхони амрикоӣ Маддона, ки бо уфунати вазнин дар бемористон бистарӣ шуда буд, рухсат ёфтааст. Овозхони 64-сола айни замон дар хонааш аст ва худро беҳтар ҳис мекунад, хабар медиҳанд расонаҳо. Ёвари вай Гай Осирӣ пештар дар бораи сиҳатии Мадонна хабар дода буд. Осирӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ навишт, ки овозхон сафари ҳунарии худро бекор кардааст, зеро 24 июн вай бо уфунати шадид дар бемористон бистарӣ шуд. Осирӣ гуфт, дар бораи шуруи сафари ҳунарии овозхон дертар хабар хоҳанд дод. Ба навиштаи хабаргузории Page Six... Читать дальше...

Пешниҳоди аз имтиёзҳои президентӣ маҳрум кардани Ҷээнбеков

Ozodi.org 

Дар порлумони Қирғизистон пешниҳод доранд, ки президенти пешини он кишвар Сооронбой Ҷээнбеков аз мақоми президенти пешин маҳрум карда шавад. Агар ин кор сурат гирад, дар он ҳолат дахлнопазирии Ҷээнбеков мисли дахлнопазирии президенти дигари пешини он кишвар Алмосбек Отамбоев ва ҳамаи имтиёзҳои дигари вай бекор карда мешаванд. Бино ба қонунгузории Қирғизистон, президенти пешин ҳаққи зиндагӣ дар хонаи давлатӣ, муҳофизати давлатӣ, нақлиёти ройгон, тибби ройгон барои худу хонаводаашро дорад. Аз панҷ... Читать дальше...

Дар Қазоқистон 93 муштарии як қаҳвахона заҳролуд шудаанд

Ozodi.org 

93 муштарӣ баъди истеъмоли ғизо дар қаҳвахонаи "Ризик Раяна" дар шаҳри Кентауи Қазоқистон бистарӣ шудаанд. Ба иттилои бемористони марказии шаҳри Кентау, муштариҳо шуруъ аз 27 июн бо шикояти заҳролудшавӣ ба бемористон муроҷиат кардаанд. Миёни заҳролудшудаҳо се зани ҳомила ва 41 кӯдак низ ҳаст. "Ҳамаи беморон аз тасфи баланд ва дилбеҳузурӣ шикоят доранд. Ҳамаи онҳо бемориашонро ба истеъмоли ғизо дар қаҳвахонаи "Ризик Раяна" рабт медиҳанд. Фаъолияти қаҳвахона ҳоло манъ шуда, тафтиши он шуруъ шудааст"... Читать дальше...

Нақлиёти ҷамъиятиро 30 июн барои ҷавонон дар Тошканд ройгон карданд

Ozodi.org 

Дар Узбекистон 30 июн Рӯзи ҷавонон таҷлил мешавад. Мақомоти шаҳри Тошканд тасмим гирифтаанд, ки дар ин рӯз истифода аз автобусҳоро барои мусофирони аз 14 то 30-сола ройгон кунанд. Бо ин вуҷуд маълум нест, ки ҳангоми ворид шудан ба автобус синни мусофиронро чӣ гуна ва кӣ муайян мекунад. Рӯзи ҷавонон дар Узбекистон аз соли 2018 таҷлил мешавад. 30 июни соли 2017 Ҳаракати ҷамъиятии ҷавонон "Камолот" ба Иттифоқи ҷавонон табдил шуд. Он замон президенти Узбекистон Шавкат Мирзиёев пешниҳод кард, ки ҳарсола 30 июн Рӯзи ҷавонон таҷлил шавад. Читать дальше...





СМИ24.net — правдивые новости, непрерывно 24/7 на русском языке с ежеминутным обновлением *