Мы в Telegram
Добавить новость
smi24.net
Ozodi.org
Сентябрь
2023

Новости за 14.09.2023

Поёни нишасти Душанбе, ду санад бидуни шарҳи ҷузъиёт

Ozodi.org 

Сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ дар поёни дидорашон дар Душанбе ду санади нав имзо карданд. Ҷузъиёти созишномаҳо дар бораи “таҳкими ҳамбастагии нақлиёти заминӣ” ва "самтҳои умумии сиёсати ҷавонон" нашр нашудааст.

"Барқро қатъ карданд; забонхат мегиранд." Даъват ба артиш дар Ворух

Ozodi.org 

​Сокинони чанд маҳаллаи ҷамоати Ворух дар марзи Қирғизистон мегӯянд, се рӯз боз барқ надоранд ва мақомот гуфтаанд, ба шарте мушкилро ҳал мекунанд, ки писаронашон барои хидмат дар артиш худро сабти ном кунанд. Даъват ба артиш расман аз якуми октябр бояд оғоз шавад.

Дар Русия қотили духтари панҷсолаи тоҷик ба ҳабси абад маҳкум шуд

Ozodi.org 

Ҷазои гунаҳкор ба қатли духтари панҷсолаи тоҷик вазнинтар шуд. Бар асоси ҳукми додгоҳи таҷдиди назар ё кассатсионӣ, Александр Сёмин барои қатли Ҳувайдо Тилозода ба ҳабси абад маҳкум гардид.

Белгия эҳтимол фурӯши "iPhone 12"-ро манъ кунад

Ozodi.org 

Вазорати иқтисоди рақамии Белгия аз танзимгари соҳаи иртиботот дар ин кишвар дархост кардааст, ки хатарҳои эҳтимолии истифодаи "iPhone 12"-ро ба саломати одамон бисанҷад.



Ахбори Озодӣ аз 14-уми сентябри соли 2023 (Пахши зинда)

Ozodi.org 

Нишасти раҳбарони кишварҳои Осиёи Марказӣ дар Душанбе, ҳабси абади қотили духтари 5-солаи тоҷик дар Русия, фавти ҳазорҳо нафар бар асари офати табиӣ дар Либия, мусодираи амволи қарздорон дар Ӯзбекистон ва навбат барои сабти номи муҳоҷирон дар Русия.

Амрико гуфтугӯи Русия ва Кореяи Шимолиро "ташвишовар" хонд

Ozodi.org 

Департаменти давлатӣ ё Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, хабарҳои Русия дар бораи ҳамкорӣ бо Кореяи Шимолӣ дар барномаҳое, ки метавонанд қатъномаҳои Шӯрои амнияти СММ-ро вайрон кунанд, "ташвишовар" аст.

Таъини сафири Чин дар Кобул. Ҳукумати "Толибон" хуш пазируфт, Ҷабҳа танқид кард

Ozodi.org 

Чин (Хитой) кишвари нахустине шуд, ки сафирашро ба Афғонистон фиристод. Ин ҳамсояи Тоҷикистон зиёда аз ду сол боз зери итоати "Толибон" аст ва то кунун ҳеч давлат аморати исломии ин гуруҳи тундравро ба расмият нашинохтааст.

Тоҷикистон ва Узбекистон дар Ҷоми Осиё-2024 ширкат мекунанд

Ozodi.org 

Бозиҳои даври севум ва охирини марҳалаи интихобии Ҷоми Осиё-2024 миёни дастаҳои ҷавонони то 23-сола, ки 12-уми сентябр баргузор шуданд, ҳамаи тимҳои мунтахаби иштироккунандаи қисми ниҳоии мусобиқотро дар Қатар муайян карданд.

Дар Қирғизистон дастрасӣ ба "Kloop"-ро маҳдуд карданд

Ozodi.org 

Баъзе аз ширкатҳои фароҳамкунандаи интернет дар Қирғизистон дастрасӣ ба хабаргузории мустақили "Kloop.kg"-ро маҳдуд кардаанд. Масъулони "Kloop.kg" гуфтаанд, ширкатҳои мобилии "О!" ва "Homeline" талаби Вазорати фарҳанги Қирғизистонро дар бораи масдуд кардани сомона аллакай иҷро намудаанд. Онҳо мегӯянд, бо вуҷуди масдудшавии сомона талаби Вазорати фарҳанги Қирғизистон дар бораи пок кардани матлабҳои танқидиро иҷро нахоҳанд кард. Дар ҳоли ҳозир хондани матлабҳои хабаргузорӣ танҳо тавассути барномаҳои филтршикан имкон дорад. Читать дальше...

Чин дар Афғонистон сафири нав таъйин кард

Ozodi.org 

Чин нахустин кишваре шуд, ки сафири худро дар Афғонистон баъд аз сари қудрат омадани гуруҳи Толибон расман таъйин мекунад. Сафири Чин эътимодномаи худро зимни як маросими расмӣ дар шаҳри Кобул ба сарвазири ҳукумати Толибон дар Афғонистон супурдааст. "Ҳадаф идомаи рушди муколама ва ҳамкориҳо миёни ду кишвар мебошад. Сиёсати Чин нисбат ба Афғонистон возеҳ аст", - гуфтааст намояндаи Вазорати умури хориҷии Чин. Ин бори нахуст аст, ки як кишвари хориҷӣ баъди сари қудрат омадани Толибон дар моҳи... Читать дальше...

Президенти Узбекистон ҳафтаи оянда ба Амрико меравад

Ozodi.org 

Президенти Узбекистон Шавкат Мирзиёев ҳафтаи оянда ба Амрико сафар ва дар 78-умин ҷаласаи Маҷмаи умумии СММ суханронӣ хоҳад кард. Сухангӯи президенти Узбекистон Шерзод Асадов гуфт, Мирзиёев дар доираи ин сафар "дар мубоҳисаҳои сиёсии сатҳи баланд иштирок ва дар ҷаласаи Маҷмаи умумии СММ дар шаҳри Ню-Йорк суханронӣ мекунад. Ҳамчунин президенти Узбекистон бо даъвати ҳамтои амрикоияш Ҷо Байден дар нахустин саммити раҳбарони ИМА ва кишварҳои Осиёи Марказӣ иштирок менамояд.





СМИ24.net — правдивые новости, непрерывно 24/7 на русском языке с ежеминутным обновлением *