Мы в Telegram
Добавить новость
smi24.net
Ozodi.org
Сентябрь
2023

Новости за 28.09.2023

Мусалмонони Фаластин зодрӯзи паёмбари Исломро ҷашн гирифтанд. ВИДЕО

Ozodi.org 

Рӯзи чоршанбе фаластиниҳои Байтулмуқаддас дар Масҷиди Ал-Ақсо барои ҷашни Мавлуд-ан-набӣ ва ё зодрӯзи паёмбари дини Ислом  ҷамъ шуданд. Масъулони ҷашнвора барномаи диниву фарҳангиро пешкаш намуданд, ки бахши бузурги он ба тафреҳи кӯдакон бахшида шуда буд.

Тазоҳуроти гуруҳе аз мухолифони тоҷик дар Берлин

Ozodi.org 

Гуруҳе аз мухолифони ҳукумати Тоҷикистон рӯзи 28-уми сентябр дар назди сафорати ин кишвар дар Берлин ба муносибати сафари президент Эмомалӣ Раҳмон ба Олмон намоиши эътирозӣ баргузор карданд.

Аз Олмон хостанд, ҳуқуқи инсонро дар Тоҷикистону ҳамсояҳош аз ёд набарад

Ozodi.org 

Дидбони Ҳуқуқи Башар (HRW) аз президенти Олмон хостааст, ки ҳангоми дидор бо раҳбарони панҷ кишвари Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистон, вазъи бади ҳуқуқи инсонро дар минтақа аз ёд набарад.

Баъди чор моҳ дар Тоҷикистон афви моликият хотима меёбад

Ozodi.org 

То анҷоми муҳлати афви моликият чанд моҳи дигар мондааст. Мақомот ваъда дода буданд, ки молу мулки ғайриқонуниро дар афви навбати қонунӣ мекунанд, вале бархе соҳибони манзилҳои ғайриқонунӣ натавонистаанд, соҳиби санадҳои қонунӣ гарданд.

Ахбори Озодӣ аз 28-уми сентябри соли 2023

Ozodi.org 

Сокинони Тоҷикистон аз камбуди нерӯи барқ шикоят доранд; тоҷике дар Русия ба даҳшатафканӣ ва дигар ҷиноятҳои вазнин муттаҳам мешавад; афви амволи ғайриманқул шарт доштааст ва таҷлили зодрӯзи паёмбари ислом.

Таҷлили зодрӯзи паёмбари ислом дар Масҷиди ал-Ақсо

Ozodi.org 

Рӯзи 27-уми сентябр мусулмонони саросари дунё зодрӯзи паёмбари дини Исломро ҷашн гирифтанд. Зодрӯзи паёмбари Ислом дар асоси солшумории исломии қамарӣ буда, аз ин рӯ, ҳар сол 10-11 рӯз тағйир меёбад.



Кӯдакон дар Намангон аз истеъмоли зиёди дору заҳролуд шудаанд

Ozodi.org 

Манобеъ дар Вазорати тандурустӣ ва Оҷонси рушди саноати дорусозии Узбекистон таъйид карданд, ки кӯдакон дар вилояти Намангон ва минтақаҳои дигари он кишвар бар асари истеъмоли аз меъёр зиёди маводи доруворӣ заҳролуд шудаанд.

Озарбойҷон як миллиардери арманиро ҳабс кард

Ozodi.org 

Додгоҳе дар Озарбойҷон Рубен Варданян, миллиардер ва собиқ роҳбари ҷумҳурии худхондаи Қарабоғро ба муддати чор моҳ ба ҳабс гирифт. Мақомоти озарӣ ӯро ба маблағгузории терроризм, ташкили гуруҳи мусаллаҳ ва убури ғайриқонунии марз муттаҳам мекунанд.

Бурду бохти варзишгарони тоҷик дар Бозиҳои 19-уми осиёӣ дар Чин

Ozodi.org 

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Бозиҳои 19-уми тобистонаи осиёӣ, ки дар шаҳри Ҳангжоуи Чин ҷараён дорад, аз рӯи ҳисоби медалҳо бо дарназардошти сифати онҳо бо касби се медал (як тилло, як нуқра ва як биринҷӣ) дар байни 45 кишвар дар ҷойи 19-ум ва аз ҷиҳати теъдоди медалҳо дар ҷойи 21-ум аст.

Боздошти ду корманди Фурудгоҳи Душанбе   

Ozodi.org 

Ду корманди Фурудгоҳи Байнулмилалии Душанберо дастгир кардаанд. Шарҳи расмии мақомот дастрас нест. Ду манбаи аз ҳам ҷудои Радиои Озодӣ дар фурудгоҳ гуфтанд, ки Азаматулло Маҳмадшоев ва Олим Ҷалолов ба ғайриқонунӣ фиристодани тило ба Ҳиндустон гумонзад ҳастанд.

Эмомалӣ Раҳмон ба Олмон рафт

Ozodi.org 

Президент Эмомалӣ Раҳмон субҳи 28-уми сентябр ба Олмон рафтааст. Дафтари матбуоти раиси ҷумҳур навишт, ҳадаф аз сафари оқои Раҳмон ширкат дар вохӯрии сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ-Олмон аст.

Таркиш дар назди Фурудгоҳи Тошканд. Захмиҳо ҳастанд

Ozodi.org 

Кумитаи ҳолатҳои фавқуллодаи Узбекистон мегӯяд, ки соати 2:43-и шаби гузашта ба вақти маҳаллӣ, дар анборҳои ширкати "Интер Логистикс" воқеъ дар наздикии Фурудгоҳи Тошканд, таркиши сахт рух дод. Манбаъ мегӯяд, дар пайи таркиш сухтор ба амал омад.

Шикояти гумонбарони "парвандаи Кампиробод" ба СММ

Ozodi.org 

Вакилони дифои чаҳор сиёсатмадори Қирғизистон Равшан Ҷеенбеков, Азимбек Бекназаров, Жениш Молдокматов ва Кубаничбек Қодиров, ки дар доираи "парвандаи Кампиробод" боздошт шудаанд, ба созмонҳои байналмилалӣ муроҷиат кардаанд. Онҳо дар номаи худ ба Кумитаи зидди шиканҷаи СММ, Human Rights Watch, Amnesty International ва Маркази миллии пешгирии шиканҷа аз шароити нигаҳдории худ дар боздоштгоҳи муваққатӣ шикоят кардаанд. Қаблан низ гумонбарони дигари парвандаи мазкур аз шароити боздоштгоҳ шикоят карда буданд. Читать дальше...

Сарбозони қазоқ гуфтанд, дар таркиши анбори аслиҳа гунаҳкор нестанд

Ozodi.org 

Додгоҳи низомии Қазоқистон 27 сентябр баррасии парвандаи таркиши анбори аслиҳа дар пойгоҳи низомии ноҳияи Байзоқи вилояти Ҷамбилро идома дод. Баррасии парвандаи таркиш моҳи марти имсол шуруъ шудааст. Дар курсии айбдорӣ ду сарбоз - Ерболат Туранов ва Асет Аширбай нишастаанд. Онҳо дар "Барқасдона нест ё вайрон кардани амволи ҳарбӣ" муттаҳам мешаванд. Ҳар дуи гумонбарон дар мурофиаи 27 сентябр худро бегуноҳ номиданд. Додситонӣ аз додгоҳ талаб кард, ки гумонбарон 13-солӣ аз озодӣ маҳрум карда шаванд. Читать дальше...





СМИ24.net — правдивые новости, непрерывно 24/7 на русском языке с ежеминутным обновлением *