Мы в Telegram
Добавить новость
smi24.net
Ozodi.org
Сентябрь
2023

Новости за 19.09.2023

Бозии «Истиқлол» бо «Ал-Дуҳайл» бидуни гол хотима ёфт

Ozodi.org 

Нахустин бозии дастаи «Истиқлол»-и Душанбе дар марҳалаи гурӯҳии Лигаи қаҳрамонҳои AFC (Конфедератсияи футболи Осиё)-2023/24 бо бошгоҳи «Ал-Дуҳайл»-и Қатар бо ҳисоби 0:0 ба поён расид. Ин бозӣ шаби сешанбеи 19-уми сентябр дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе баргузор шуд.

Худкушии ду духтари ҷавон дар Панҷакент

Ozodi.org 

Ҷасади ду духтари ҷавонро, ки худро дар рӯди Зарафшон ғарқ кардаанд, дар шаҳри Панҷакент ба хок супориданд. Ба гуфтаи мақомот, ҳодиса рӯзи якшанбеи 17-уми сентябр рух дода, аз рӯи он тафтиш шуруъ шудааст. Лаҳзаи ба об афтодани духтарони ноболиғ дар дурбинҳои назоратӣ сабт гардидааст.

Аз Байден хостанд, ба панҷ президент аз ҳуқуқи мардум бигӯяд

Ozodi.org 

Дар остонаи нишасти нахустини президентони панҷ кишвари Осиёи Марказӣ ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Ню-Йорк, созмони Дидбони Ҳуқуқи Башар хостааст, ки раиси ҷумҳурии Амрико Ҷо Байден дар ин мулоқот аз ҷумла бо Эмомалӣ Раҳмон вазъи ҳуқуқи инсонро дар миён гузорад.

Порлумони Қирғизистон тарҳи қонуни ҷанҷолиро баррасӣ накард

Ozodi.org 

Рӯзи 19 сентябр дар ҷаласаи Кумитаи порлумони Қирғизистон оид ба тартиби қонунӣ, мубориза бо ҷинояткорӣ ва муқобила бо фасод, вакилон мебоист тарҳи қонун "дар бораи созмонҳои ғайритиҷорӣ"-ро баррасӣ мекарданд. Аммо ба далели набуди кворум ё бештари вакилон, ин тарҳи қонун ба баррасӣ гирифта нашуд.

Табиби тоҷикро барои “хатои марговар” зиндонӣ карданд

Ozodi.org 

Додгоҳи ноҳияи Шоҳмансур як табиби тоҷикро бо гуноҳи роҳ додан ба иштибоҳ, ки боиси марги як духтари ноболиғ шудааст, ба зиндон маҳкум кард. Қазияи марги ин духтар дар шабакаҳои иҷтимоӣ сару садои зиёде барангехт ва то раҳбарони сатҳи олии Тоҷикистон расид.

Амрикову Эрон зиндониёнашонро иваз карданд

Ozodi.org 

Панҷ амрикоӣ, ки аз зиндоне дар Эрон озод шуданд, шаби 18-уми сентябр ба Давҳа, маркази Қатар, расиданд. Раҳоии онҳо дар ивази озодии панҷ эронӣ аз зиндонҳои Амрико ва дастрасии Теҳрон ба 6 миллиард доллари бандмондааш дар бонки хориҷӣ имконпазир шуд.



Черевченко мухлисонро умедвор кард

Ozodi.org 

Соати 9-и бегоҳ дар варзишгоҳи марказии Душанбе дастаи "Истиқлол" нахустин бозиашро дар марҳилаи гурӯҳии Лигаи қаҳрамонҳои Конфедератсияи футболи Осиё муқобили бошгоҳи футболи "Ал-Дуҳайл"-и Қатар баргузор мекунад.

Пизишки тоҷикро барои "хатои марговар" 6 сол зиндонӣ карданд

Ozodi.org 

Як пизишки тоҷикро ба 6 соли зиндони низомаш умумӣ маҳкум карданд. Додгоҳи ноҳияи Шоҳмансури Душанбе рӯзи 19-уми сентябр Расул Ҳоҷиевро ба он гунаҳкор кард, ки хатояш боис ба марги Севинч Шукурова шудааст. Ҳоҷиев аз ҳукми додгоҳ норозигӣ кардааст.

"Истиқлол" мебарад, ё "Ал-Дуҳайл"?

Ozodi.org 

Дастаи "Истиқлол"-и Душанбе нахустин бозиашро дар марҳалаи гурӯҳии Лигаи қаҳрамонҳои AFC-2023/24 муқобили бошгоҳи футболи "Ал-Дуҳайл"-и Қатар баргузор мекунад. Бозӣ 19-уми сентябр, дар Варзишгоҳи марказии Душанбе соати 21:00 оғоз меёбад. Сокинон умедворанд, "Истиқлол" мебарад.

Анҷумани расонаҳои Осиёи Марказӣ таъсис меёбад?

Ozodi.org 

Дар вохӯрии ахири президентони кишварҳои Осиёи Марказӣ дар Душанбе, Эмомалӣ Раҳмон аз ҳамсояҳо даъват кард, ки як анҷумани воситаҳои ахбори умуми минтақаи Осиёи Марказӣ таъсис шавад. Бархе таҳлилгарон ин даъватро як талоши дигари ҷорӣ кардани сензура меноманд, вале акнун дар сатҳи минтақавӣ.

Черевченко мухлисонро умедвор кард. "Истиқлол" бо қатариҳо рӯбарӯ мешавад. ВИДЕО

Ozodi.org 

Дастаи "Истиқлол"-и Душанбе нахустин бозиашро дар марҳалаи гурӯҳии Лигаи қаҳрамонҳои AFC (Конфедератсияи футболи Осиё)-2023/24 муқобили бошгоҳи футболи "Ал-Дуҳайл"-и Қатар баргузор мекунад. Ин бозӣ имрӯз, 19-уми сентябр, дар Варзишгоҳи марказии Душанбе соати 21:00 оғоз меёбад.

Қазоқистон. Як хонавода дар садама ҷон бохтанд

Ozodi.org 

Шоми 17 сентябр дар вилояти Қазоқистони Ғарбӣ дар натиҷаи бархурди мошини сабукрав бо мошини борбар як хонавода бо чаҳор кӯдак фавтидааст. Ба иттилои пулис, ин садама соати тақрибан 19:30 дар километри 290-уми шоҳроҳи Самара-Чимкент рух додааст. Мошини сабукрави навъи Lada Priora бо мошини борбари DAF бархурдааст. "Дар натиҷаи шаш кас фавтид: марди 34-сола, зани 35-сола ва чаҳор кӯдаки ноболиғ", - хабар додааст пулиси Қазоқистон. Пештар аз ин дар шоҳроҳи вилояти Атирауи Қазоқистон мошини... Читать дальше...





СМИ24.net — правдивые новости, непрерывно 24/7 на русском языке с ежеминутным обновлением *