Мы в Telegram
Добавить новость
smi24.net
Ozodi.org
Сентябрь
2023

Новости за 27.09.2023

Ҳушдор ба занони узбек, ки дар клубҳои шабонаи Туркия кор мекунанд

Ozodi.org 

Консулгарии генералии Узбекистон дар шаҳри Истанбул аз шаҳрвандони кишвараш, аз ҷумла духтарон ва занон даъват кардааст, ки дар тарабхонаҳои шабонаи Туркия ба ҳайси пешхидмат кор накунанд.

Шикояти муҳоҷирони тоҷик аз амалиёт дар Қазоқистон

Ozodi.org 

Муҳоҷирони тоҷик аз афзоиши амалиёт ё рейди зидди коргарони хориҷӣ дар Қазоқистон шикоят доранд. Яке аз онҳо ба Радиои Озодӣ гуфт, ҳабдаҳ сол боз дар Қазоқистон кор мекунад, аммо бори аввал чунин маъракаро мебинад. Мақомоти Қазоқистон гуфтанд, амалиёти “Участок” мегузаронанд.

Изҳори нигаронии тоҷикон аз амалиёт дар Қазоқистон

Ozodi.org 

Муҳоҷирони тоҷик аз афзоиши амалиёт ё рейди зидди коргарони хориҷӣ дар Қазоқистон шикоят доранд. Яке аз онҳо ба Радиои Озодӣ гуфт, ҳабдаҳ сол боз дар Қазоқистон кор мекунад, аммо бори аввал чунин маъракаро мебинад. Мақомот гуфтанд, барои пешгирӣ аз қонуншиканӣ амалиёти “Участок” мегузаронанд.

Нархи як маҳсулоти серистифода дар Тоҷикистон афзуд

Ozodi.org 

Нархи орд дар Тоҷикистон зиёда аз 18 дарсад афзудааст. Сокинон мехоҳанд, мақомот роҳи ҳалли мушкилро зудтар ёбанд, чун масъалаи орд дар Қирғизистону Қазоқистон ҳам "доғ" шуда, Бишкек содироти онро барои ним сол боздошт. Масъулони ҳукумат ва тоҷирон мегӯянд, болоравии нархи орд аз онҳо вобаста нест.

Талаби ҳашт намояндаи СММ аз ҳукумати Тоҷикистон

Ozodi.org 

Ҳашт коршиноси Созмони Милали Муттаҳид мунтазири посухи як нома ба ҳукумати Тоҷикистон ҳастанд, ки дар он аз сарнавишти хабарнигорон ва ҳомиёни ҳуқуқи зиндонӣ изҳори нигаронии амиқ шудааст.

Русия: Парвандаи Беҳрӯз баъди се сол ба додгоҳ рафт

Ozodi.org 

Парвандаи як зодаи Тоҷикистонро дар Екатеринбурги Русия баъд аз се соли боздошт ба додгоҳ фиристодаанд. Беҳрӯз Ғаниеви 30-сола ва ду ҳамроҳаш ба терроризм, доштани силоҳ, таҳияи маводи тарканда ва ҷиноятҳои дигар гумонзад ҳастанд. Пайвандонаш иттиҳомро рад мекунанд.



Тоҷикистон чанд фурудгоҳи маҳаллиро ба низомиён дод

Ozodi.org 

Тоҷикистон чанд фурудгоҳи маҳаллиро, ки то ин дам дар ихтиёри ҳукуматҳои шаҳру ноҳияҳои кишвар буданд, ба итоати Вазорати мудофиа додааст. Қарорро дар ин бора раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон 31-уми август имзо кард. Радиои Озодӣ нусхаашро 25-уми сентябр дид.

Ахбори Озодӣ аз 27-уми сентябри соли 2023

Ozodi.org 

Ҷароҳати се муҳоҷири тоҷик ҳангоми заноназӣ бо муҳоҷирони узбек дар Маскав; таъқиби муҳоҷирони тоҷик дар Қазоқистон; сару садои зиёд баъди нашри навори азияти боздоштшуда аз тарафи писари раҳбари чечен ва матолиби дигар.

Ҳиҷрати арманиҳо аз Қарабоғи Кӯҳӣ

Ozodi.org 

Ҳиҷрати арманиҳо аз Қарабоғи Кӯҳӣ. Ҳамкорамон Шаҳлои Гулхоҷа гузориш медиҳад, ки даҳҳо ҳазор арамнӣ аз Қарабоғи Кӯҳӣ берун шуданд.

Сухангӯйи Путин дастдарозии писари Қодировро шарҳ надод

Ozodi.org 

Саҳнаи латукӯби як гумонбар ба сӯзондани “Қуръон” аз тарафи Одам Қодиров, писари Рамазон Қодиров, раҳбари Чеченистон, вокунишҳои зиёд ба бор овард. Дар ҳоле ки баъзе аз намояндагони ҳукумати Русия онро ғайриқонунӣ донистанд, Дмитрий Песков, сухангӯйи Кремл, ҳодисаро шарҳ надод.

"Пулис омад, гурехтем." Шикояти муҳоҷирони тоҷик аз амалиёт дар Қазоқистон

Ozodi.org 

Муҳоҷирони тоҷик дар Қазоқистон аз якбора зиёд шудани рейдҳо шикоят доранд. Яке аз муҳоҷирон ба Радиои Озодӣ гуфт, 17 сол аст, ки дар Қазоқистон кор мекунад, вале бори аввал чунин рейдҳоро мебинад.

"Омада бинанд, ки чӣ аҳвол дорем" ВИДЕО, АКС

Ozodi.org 

Беобӣ боғи Искандар Исмоиловро ба нобудӣ мекашонад. Боғи ӯ дар ҷамоати Зарбдори Кӯлоб ҷойгир аст ва имсол камбуди об ҷиддӣ шудааст. Аз ин сабаб пахтаи қариб расида нобуд шуд ва ба ҷойи фоида зарар овард.

Мехоҳед кадом навъи маҳсулот дар бозор арзон бошад?ВИДЕО  

Ozodi.org 

Дар як ҳафтаи ахир дар Тоҷикистон нархи орду равған боло рафтааст. Бар асоси гузориши нави барномаи озуқаи СММ, ки нархи маҳсулот дар бозорҳои кишварро пайгирӣ мекунад, нархи орд ва равған дар аксар бозорҳои кишвар то 18 дарсад боло рафтааст.





СМИ24.net — правдивые новости, непрерывно 24/7 на русском языке с ежеминутным обновлением *