Мы в Telegram
Добавить новость
smi24.net
Ozodi.org
Сентябрь
2023

Новости за 23.09.2023

Некрӯз Ниёзовро дафн карданд, вале касе ҷазо хоҳад гирифт?

Ozodi.org 

Некрӯз Ниёзов, овозхонеро, ки шаби 21-уми сентябр бар асари садама дар Душанбе ҷон бохт, рӯзи 23-юми сентябр дар зодгоҳаш, ноҳияи Шуғнон, дафн карданд. Вале бисёре аз корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ мепурсанд, ки оё касе ҷазо хоҳад гирифт ё не?

Некрӯз Ниёзовро дар ноҳияи Шуғнон дафн карданд

Ozodi.org 

Некрӯз Ниёзов, овозхони ҷавони тоҷикро дар зодгоҳаш деҳаи Возми ноҳияи Шуғнон ба хок супориданд. Ниёзов шаби 21-уми сентябр дар садамае дар наздикии тарабхонаи "Боми Ҷаҳон"-и Душанбе ҳалок шуд. Ронандаи мошине, ки овозхони ҷавонро пахш кард, писари ректори Донишгоҳи славянӣ будааст.

Даҳҳо кӯдак дар Узбекистон заҳролуд шудаанд

Ozodi.org 

Вазорати тандурустии Узбекистон гуфт, аҳволи кӯдакони заҳролудшуда дар вилояти Намангон беҳтар шудааст. Рӯзи 21-уми сентябр дар ноҳияи Чусти ин вилоят бо гумони заҳролудшавӣ 71 кӯдак дар бемористон бистарӣ карда шуд.

Ҳасан чӣ гуна ба Корея рафт ва онҷо чанд пул кор мекунад? ВИДЕО (Рӯзгори муҳоҷир)

Ozodi.org 

Кор дар бахши кишоварзӣ, сохтмон ва ҷангал, танҳо чанде аз номгӯи  машғулиятҳоест, ки  муҳоҷирони тоҷик дар  Кореяи Ҷанубӣ анҷом медиҳанд. Ин кишвар ки дар Осиёи Шарқӣ ҷойгир аст, солҳои ахир ба масири нави кории зодагони Тоҷикистон табдил ёфтааст.

"Корея хуб аст, вале пеши фарзандон беҳтар"

Ozodi.org 

Бино ба оморҳои гуногун, дар Кореяи Ҷанубӣ бештар аз 5 ҳазор муҳоҷири кории тоҷик кору иқомат мекунанд ва теъдоди онҳо ба тадриҷ меафзояд. Яке аз онҳо ба Радиои Озодӣ нақл кард, ки кор дар Кореяи Ҷанубӣ чӣ гуна аст.





СМИ24.net — правдивые новости, непрерывно 24/7 на русском языке с ежеминутным обновлением *