Добавить новость
smi24.net
World News in Tajik
Март
2018

Президенти Тоҷикистон ба раҳбари Русия арзи тасаллият кард

0
Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 7 март дар робита бо  суқути як ҳавопаймои ҳарбии Русия ба президенти ин кишвар Владимир Путин изҳори тасаллият кард. Шоми 6 март ҳавопаймои борбари низомии Ан-26-и Русия дар фосилаи 500 метр то хати фуруди  фурудгоҳи Хмеймими Сурия нарасида суқут кард. Дар натиҷа тамоми сарнишинони он, аз ҷумла 33 мусофир ва 6 халабон ва ҳайати хусусӣ ба ҳалокат расиданд.  


Дар матни барқияи президенти Тоҷикистон, аз ҷумла гуфта мешавад, ки  "хабари фоҷеабори суқути ҳавопаймои ҳарбӣ-нақлиётӣ, ки бар асари он хизматчиёни ҳарбии Федератсияи Россия ба ҳалокат расиданд, моро андӯҳгин намуд". 


 














Музыкальные новости






















СМИ24.net — правдивые новости, непрерывно 24/7 на русском языке с ежеминутным обновлением *