Мы в Telegram
Добавить новость
smi24.net
World News in Tajik
Март
2018

Новости за 17.03.2018

Номаи Эмомалӣ Раҳмон ба раҳбари Чин

Ozodi.org 

Раиси ҷумҳури Тоҷикистон дар як нома Сӣ Ҷинпинро барои дубора интихоб шуданаш ба мақоми раҳбари Чин табрик гуфтааст. Хадамоти матбуоти президенти Тоҷикистон гуфт, ки ин нома рӯзи 17-уми март ирсол шуд. Сӣ Ҷинпин, ки соли 2013 ба қудрат расид, як давраи панҷсолаи раёсати ҷумҳуриро паси сар кард. Порлумони он кишвар рӯзи 17-уми март ӯро бори дувум раиси ҷумҳур баргузид. Ба тарафдорӣ аз ӯ 2970 вакил раъй додаанд. Дар гузашта раиси ҷумҳури Чин ҳақ дошт, танҳо ду давраи панҷсолӣ раёсат кунад. Аммо бар асоси ислоҳи Қонуни асосии Чин... Читать дальше...

Азиз Набизода: "Ҷониби Русия ҳама вақт ба мо фишор меорад"

Ozodi.org 

Бо гузашти тақрибан як ҳафта аз талаби Вазорати нақлиёти Русия, Тоҷикистон ҳеч посухи расмӣ надодааст. Русия аз ҷониби Тоҷикистон хоста буд, ки ба парвози ҳавопаймоҳои ширкати “Уралские авиалинии” иҷозат диҳад, вагарна аз чораҳои ҳамсон нисбат ба ширкатҳои ҳавопаймоии Душанбе кор мегирад.

Беш аз ҳафт ҳазор нафар Ғутаи Шарқиро тарк кардаанд

Ozodi.org 

Бино ба гузориши расонаҳои Русия, рӯзи 17-уми март беш аз 7 ҳазор нафар минтақаи Ғутаи Шарқии Сурияро тарк кардаанд. Дар натиҷаи ҳамлаҳои артиши Сурия ва ҳавопаймоҳои ҷангии Русия болои Ғутаи Шарқӣ даҳҳо ҳазор нафар ин минтақаро тарк гуфта, худро ба ҷойҳои амн расондаанд. Созмони Дидбони ҳуқуқи башари Сурия, қароргоҳаш дар Лондон, мегӯяд, дар ҳамлаи ҳавопаймоҳои русӣ рӯзи 16-уми март дар Ғутаи Шарқӣ ҳадди ақал 80 ғайринизомӣ кушта шуданд. Бо ин хабар, шумори кушташудаҳо дар Ғутаи Шарқӣ дар як моҳи гузашта ба беш аз 1300 нафар расид. Читать дальше...

"Доналд Трампи хурдӣ ва ҳамсараш ҷудо мешаванд"

Ozodi.org 

Доналд Трампи хурдӣ, писари калонии Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико ва ҳамсараш Ванесса аз ҳам ҷудо мешаванд. Шабакаи телевизионии CNN дар ин бора бо такя ба аризаи муштараки онҳо хабар дод. Никоҳи Трампи хурдӣ ва Ванесса 12 сол идома кард. Онҳо гуфтаанд, ки акнун ба нигоҳубин ва меҳрубонии панҷ фарзанди худ авлавият хоҳанд дод. Расонаҳои Page Six ва New York Daily News хабар доданд, ки келини раиси ҷумҳури Амрико рӯзи панҷшанбе барои талоқ аз шавҳараш ба Додгоҳи олии Манҳеттен муроҷиат кардааст. Читать дальше...

Русия гуфт, 23 дипломати Бритониёро ихроҷ мекунад

Ozodi.org 

Мақомоти Русия ба Лори Бристоу – сафири Бритониё дар Маскав – гуфтанд, ки 23 дипломати ин кишварро ихроҷ мекунанд. Бристоу рӯзи 17-уми март ба Вазорати корҳои хориҷии Русия эҳзор шуда буд. Ба ин дипломатҳо як ҳафта муҳлат дода шудааст, то қаламрави Русияро тарк кунанд. Бар илова, намояндагии Шӯрои Бритониё дар Русия баста хоҳад шуд. Ин шӯро созмони ғайрисиёсӣ буда, Бритониёро дар бахши илму маориф дар ҷаҳон намояндагӣ мекунад.   Русия, инчунин, ризоияташро барои ифтитоҳи консулгарии генералии... Читать дальше...

Кумитаҳои порлумон аз созиши Тоҷикистону Узбекистон ҳимоят кард

Ozodi.org 

Порлумони Тоҷикистон рӯзи 19-уми марти имсол ҷаласаи изтирорӣ ё ғайринавбатӣ баргузор хоҳад кард. Қарор аст, дар ин ҷаласа созишномаи миёни Тоҷикистону Узбекистон дар бораи сафари бидуни визаи шаҳрвандони ду кишвар (то 30 рӯз) ба тасвиб расад.

Се кишвари аврупоӣ хостори таҳримҳои нав алайҳи Эрон шуданд

Ozodi.org 

Бритониё, Олмон ва Фаронса ба Иттиҳоди Аврупо пешниҳод кардаанд, ки алайҳи Эрон таҳримҳои тоза ҷорӣ намояд. Аз он пеш Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико, низ хостори таҳримҳои бештари иқтисодӣ болои Эрон шуда буд.

Атбои Русия дар Украина наметавонанд раъй диҳанд

Ozodi.org 

Русҳои муқими Украина наметавонанд, ки дар интихоботи президентии кишвари худ иштирок кунанд. Арсен Аваков, вазири умури дохилии Украина ин мавзуъро рӯзи 16-уми март дар саҳифаи Фейсбукаш навишт. Ба қавли ӯ, чораҳои амниятӣ барои маъмуриятҳои дипломатии Русия дар шаҳрҳои Украина, аз ҷумла Киев, Харков ва Одесса, дастарсӣ ба имконот барои раъйдиҳандагонро дар интихоботи Русия фароҳам намекунад. Ин иқдомро Украина пас аз он рӯи даст гирифт, ки Русия эълон кард шаҳрвандони нимҷазираи Қрим ҳаққи раъйдиҳӣ дар интихоботи 18-уми мартро доранд. Читать дальше...

Додситони кулли Амрико муовини раиси ФБР-ро барканор кард

Ozodi.org 

Ҷеф Сешнз, додситони кулли Амрико, Эндрю Маккейб –муовини Бюрои федеролии тафтишотро аз мақомаш барканор кард. Қаблан Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико, аз ончи ҳаракати муғризонаи Маккейб алайҳи худаш ва ҷонибдории ӯ аз Ҳилларӣ Клинтон номид, интиқод карда буд. Додситони кулли Амрико гуфт, муфаттишон ба ин натиҷа расидаанд, ки Эндрю Маккейб ба ифшои ғайриқонунии иттилоот ба расонаҳо даст зада, дар чанд маврид пас аз  адои савганд дар кораш содиқ набудааст. Аммо Маккейб ин иттиҳомро рад кард. Читать дальше...

Қурбонхонов барои иҷрои мадҳия дар бораи Путин касеро наёфт

Ozodi.org 

Чанде аз сарояндаҳои машҳури Русия дархости Толибҷон Қурбонхоновро барои иҷрои суруди нав дар васфи Владимир Путин рад кардаанд. Пас аз чанд ҷавоби рад аз сарояндагони рус Қурбонхонов дар ниҳоят таронаи навашро дар васфи Путин ба танҳоӣ иҷро кард.





СМИ24.net — правдивые новости, непрерывно 24/7 на русском языке с ежеминутным обновлением *