Добавить новость
smi24.net
World News in Tajik
Март
2018

Новости за 14.03.2018

Сафари бе визаи тоҷикистониҳо ба Узбекистон аз 16 март иҷозат шуд

Ozodi.org 

Шавкат Мирзиёев, раиси ҷумҳури Узбекистон, бо судури як фармон равуои бе визаи шаҳрвандони Тоҷикистонро ба қаламрави кишвараш иҷозат дод. Фармони Мирзиёев рӯзи 16-уми марти имсол ба иҷро медарояд.

Тоҷикистон ба даъвои Русия посух дод. САДО

Ozodi.org 

Мақомоти Тоҷикистон гуфтанд, ки ҳавопаймоҳои ширкати “Уралские авиалиниии” иҷозати парвоз дар баъзе аз масирҳоро надоранд, аммо Русия аз тариқи фишор мехоҳад, ин самтҳо фаъол бошанд.

Эрон ноиби президенти замони Аҳмадинажодро зиндонӣ кард

Ozodi.org 

Додгоҳи Эрон Ҳамид Бақоӣ- ноиби раиси ҷумҳур дар аҳди Маҳмуд Аҳмадинажодро рӯзи 13 март баъди эълони ҳукумаш бо ҷурми ришваситонӣ зиндонӣ кард. Дар ин бора матуботи Эрон хабар дод. Хабаргузории "Форс" аз қавли додстонии Теҳрон гуфт, ки афсарон Ҳамид Бақоиро боздошт карданд ва ба зиндон интиқол доданд. Бақоӣ моҳи декабр ба 15 соли зиндон маҳкум шуд. Ҳамид Бақоӣ, ки аз соли 2011 то 2013, дар аҳди президенти пешини Эрон Маҳмуд Аҳмадинаҷод, дар мақоми ноиби раиси ҷумҳур фаъолият мекард, соли 2015... Читать дальше...

Бозии “Истиқлол” бо қаҳрамони Туркманистон дар Ҷоми AFC мусовӣ шуд

Ozodi.org 

Дастаи “Истиқлол”-и Душанбе, қаҳрамони Тоҷикистон, бозии дувумашро дар марҳилаи гурӯҳии Ҷоми AFC (Конфедератсиони футболи Осиё)-2018 бо тими «Алтин Асир»-и Ишқобод, қаҳрамони Туркманистон, бо ҳисоби мусовии 2:2 анҷом дод.

30 рӯз бе сабтином – Созиши нави Тоҷикистону Қазоқистон

Ozodi.org 

Тоҷикистону Қазоқистон санадеро имзо гузоштанд, ки бар пояи он шаҳрвандони ду кишвар ҳақ доранд, дар ҳудуди якдигар 30 рӯз бидуни сабтином будубош кунанд. Ин санад рӯзи 14-уми март, дар ҷараёни сафари раиси ҷумҳури Тоҷикистон ба Қазоқистон имзо шуд.



Британия 23 дипломати русро аз қаламраваш берун мекунад

Ozodi.org 

Британия 23 дипломати русро аз қаламраваш берун мекунад. Дар ин бора Тереза Мэй нахуствазири Британия рӯзи чоршанбе изҳорот дод. Ӯ ҳамчунин гуфт, ки мақомоти расмии Британия дар  Чемпионати ҷаҳон оид ба футбол дар Русия иштирок намекунанд ва Лондон робитаашро дар сатҳи олии Русия маҳдуд мекунад. Тереза Мэй Маскавро ба тарҳрезии заҳролудкунии ҷосуси пешини Идораи истихбороти Русия Сергей Скрипал ва духтари ӯ Юлия муттаҳам кард. "Баъди ҳодисаи ваҳшатноки ахир мо наметавонем робитаамонро бо Русия... Читать дальше...

Сел дар "Чашмасор"-и Душанбе. ВИДЕО

Ozodi.org 

Пас аз тирамоҳ ва зимистони гузаштаи камбориш, тӯли чанд рӯзи ахир фазои Тоҷикистонро абрҳои боронӣ фаро гирифтаанд, ки хисороте ба мазореи кишоварзӣ ва роҳҳои мошингард расонидааст.

"Ҳақиқат ва оқибат". Қиссаи собиқ афсари Хадамоти амнияти Узбекистон. ВИДЕО

Ozodi.org 

Бинои Хадамоти амнияти миллии Узбекистон. Дар паси деворҳои ин бино асрори зиёде ниҳон аст. Қаҳрамони матлаби мо низ дар паси ҳамин деворҳо яке аз мансабҳои муҳимро бар дӯш дошт. Ин нафар аз соли 2000-ум дар муддати 14 сол теъдоди зиёди соҳибкорони саршиносро бозҷӯӣ кардааст. Ҳоло дар Истанбул зиндагӣ мекунад.

Ахбори Тоҷикистон ва ҷаҳон аз 14-уми марти 2018 (HD)

Ozodi.org 

Борону селоб ба баъзе минтақаҳои Тоҷикиcтон зарар расонд, Русия аз Тоҷикистон талаб кард, ки барои парвози “Уралсикие- авиалинии” иҷозат бидиҳад, СММ Гулмурод Ҳалимовро таҳрим кард, Гул Шералӣ боздошту ҳабси писару домодашро ноодилона хон ва матолиби дигар.

Сел "Чашмасор"-и Душанберо бурд

Ozodi.org 

Дар натиҷаи борони сел чанд хона дар деҳаи Чашмасори ноҳияи Исмоили Сомонӣ дар Душанбе зарар дид ва роҳи муҳими даҳҳо хонавода аз байн рафт.

Ҳалокати 4 нафар дар маросимҳои чоршанбесурӣ дар Эрон

Ozodi.org 

Мақомҳои бахши тандурустӣ ва бемористонӣ дар Эрон эълом карданд, ки дар ҳодисаи муртабит ба маросимҳои ҷашни чаҳоршанбесурӣ, дар саросари он кишвар ҳадди ақал чаҳор нафар ба ҳалокат расида ва беш аз 2 ҳазор нафар низ осеб диданд. Ба гузориши хабаргузории расмии Эрон -ИРНА, мақомоти беҳдоштӣ гуфтаанд, "то ба ҳол ду ҳазору 82 нафар дар ҳодисаҳои муртабит бо чаҳоршанбесурӣ дар кишвар осеб дида ва ва чаҳор нафар низ то кунун дар ин ҳодисаҳо ҷони худро аз даст додаанд. Ба гуфтаи мақомот, бештарин маҷрӯҳони... Читать дальше...

"Бачаи тиллоӣ" ба даҳ соли зиндон маҳкум шуд

Ozodi.org 

Додгоҳи Остона вазири пешини иқтисоди миллии Қазоқиистон Қуандиқ Бишимбоевро бо ҷурми ришваситонӣ ва хилофкории молӣ ба муддати 10 сол аз озодӣ маҳрум кард.  Додгоҳ рӯзи 14 март ҳамроҳ бо Бишимбоев чанд нафари дигарро аз гурӯҳи 22 нафарӣ ба муҳлатҳои аз 2 то 7 зиндонӣ кард. Гумонбарони дигар ё ҷарима шуданд ва ё бар пояи афви соли 2017 ба озодӣ баромаданд. Қундиқ Бишибоев 37-сола, ки ҷавонтарин вазири Қазоқистон ҳисоб мешуд, моҳи январи соли 2017 аз тарафи Хадамоти зидди-фасод боздошт шуд.  ... Читать дальше...

Маскав зарбулаҷали Британияро писанд накард, Мэй чораҳояшро эълон мекунад

Ozodi.org 

Дар ҳоле, ки Маскав зарбулаҷали Британияро бо талаби шарҳе, ки чӣ тавр гази фалаҷкунандаи асаби истеҳсоли Шӯравӣ дар Британия пайдо шуд,  писанд накард, қарор аст имрӯз Тереза Мэй чораҳои ваъдагиашро дар муқобили Русия эълон кунад. Ҷосуси пешини Идораи истихбороти Русия Сергей Скрипал ва духтари ӯ Юлия, ахиран бо истифода аз гази фалаҷкунандаи асаб, - "Новичок" ки Иттиҳоди Шӯравӣ дар замони "Ҷанги Сард" истеҳсол мекард, дар Британия заҳролуд шуданд. Маскав даст доштанашро дар ин ҳамла рад мекунад. Читать дальше...

Саидамир Зуҳуров: "Ҳолам хуб аст, ба кор бармегардам"

Ozodi.org 

Саидамир Зуҳуров, раиси пешини Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон расо баъди як моҳи мураххасӣ аз бемористон дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, бори аввал буд, ки дучори сактаи мағзӣ шуд ва ҳосилаш ҳам фикри зиёд будааст.

Кӯдаки 11-моҳа, ки аз баданаш 16 сӯзан пайдо шуд, шифо ёфтааст

Ozodi.org 

Масъулони Маркази ҷумҳуриявии ёрии фаврии тиббии шаҳри Тошканди Узбекистон мегӯянд, вазъи саломатии Азизбек Абдумаҷидов- кӯдаки 11-моҳа, ки табибон аз бадани ӯ 16 сӯзан пайдо карданд, шифо ёфт ва ӯро аз бемористон ҷавоб доданд. Ба гуфтаи табиби марказ Дониёр Асадуллоев, ҳоло, дар бадани кӯдак се сӯзан боқӣ мондааст, ки саломатии ӯ хатар надоранд.  Ёдрас мешавем, ки рӯзи 17 январи соли равон табибон дар бадани Азизбеки 11-моҳа, зодаи вилояти Фарғонаи Узбекистон 16 сӯзанро ошкор карданд. Ӯро фавран ба Тошканд бурда... Читать дальше...

Ангела Меркел барои бори чаҳорум садри аъзами Олмон шуд

Ozodi.org 

Ангела Меркел  барои бори чаҳорум мақоми садри аъзам, ё канслери Олмонро ишғол кард. Рӯзи чаҳоршанбе 364 намояндаи Бундестаг ба тарафдории номзади ҳизби "Иттиҳодияи Насрониву Демократҳо"- Ангела Меркел овоз доданд, -гуфт Deutche Welle. Созиши эътилофӣ бораи таъсиси ҳукумати нави Олмон рӯзи душанбе ҳосил шуд. Дар зери ин созишнома Ангела Меркел, раҳбари ҳизби Иттиҳодияи Насрониву Демократҳо", Ҳорст Зеехофер, раҳбари "Иттиҳодияи Насрониву Сотсиалистҳо" ва иҷрокунандаи вазифаи ҳамраиси ҳизби "Сотциал-Демократ"-и Олмон Олаф Шолтс имзо гузоштанд. Читать дальше...

Маъракаи интихоботии Владимир Путин дар Қрим анҷом меёбад

Ozodi.org 

Президенти Русия Владимир Путин рӯзи чоршанбе сафареро дар водии Краснодар, Қрими ишғолшуда ва Севостопол анҷом медиҳад. Ин сафар дар фосилаи чаҳор руз аз интихоботи раёсати ҷумҳури Русия баргузор мешавад, ки Путин дар он яке аз номзадҳост. Дар ҷараёни сафар боздид аз терминали нави фурӯдгоҳи Севостопол ва сохтмони пули Қрим дар назар аст. Дар ин бора хабаргузории РИА Новостӣ рӯзи 14 март бо такя ба дафтари матбуоти Кремл гузориш дод. Ин охирин сафари минтақавии Путин дар чаҳорчӯби маъркаи интихоботӣ аст. Читать дальше...

Созишномаи сафари бевиза ба Узбекистон барои тасдиқ ба порлумон рафт

Ozodi.org 

Раиси ҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон рӯзи чаҳоршанбеи 14-уми март созишномаи байни ҳукумати Тоҷикистон ва Узбекистон дар бораи сафари шаҳрвандон ба кишварҳои якдигарро барои баррасӣ ба Маҷлиси Олӣ ирсол кардааст. Ин созишнома рӯзи 9-уми март дар ҷараёни сафари раиси ҷумҳури Узбекистон Шавкат Мирзиёев ба Душанбе, имзо шуда буд.  Ба иттилои дафтари матбуоти раёсати ҷумҳури Тоҷикистон, ин созишнома тартиб ва шароити мусофирати шаҳрвандони Тоҷикистону Узбекистонро ба кишварҳои якдигар танзим менамояд. Читать дальше...





СМИ24.net — правдивые новости, непрерывно 24/7 на русском языке с ежеминутным обновлением *