Добавить новость
smi24.net
World News in Tajik
Март
2018

Новости за 28.03.2018

Дар Душанбе шаҳидонро дуо карданд

Ozodi.org 

Сокинони шаҳри Душанбе ба поси хотири шаҳидони сӯхтори шаҳри Кемеровои Русия дар майдони "800 солагии Маскав" ба фазо пуфакҳои сафедро сар доданд.

Фарзон Салимов: “Дар сӯхтори Кемерово беш аз 50 нафарро наҷот додем”

Ozodi.org 

Дар наҷоти қисме аз бошандагони маркази тиҷоратии оташгирифтаи “Зимная вишня” дар Кемеровои Русия панҷ нафар аз тоҷиктаборон, аз ҷумла Фарзон Салимов ва Маҳмуд Хоҷаев, низ саҳм гузоштаанд. Ин панҷ нафар, ки ҳамагӣ кормандони мағозаи фурӯши либосу пойафзол дар ошёнаи дувуми ин марказ буданд, беш аз 50 нафарро аз оташ наҷот додаанд.

Фарзон Салимов: "Ҳар касе ба ҷои мо мешуд, одамонро аз сӯхтор наҷот медод" САДО

Ozodi.org 

Дар наҷоти қисме аз бошандагони маркази тиҷоратии оташгирифтаи “Зимная вишня” дар шаҳри Кемеровои Русия панҷ шаҳрванди Тоҷикистон низ саҳм гузоштанд. Ин панҷ нафар, ки корманди мағозаи либосу пойафзол дар ошёнаи дувуми марказ буданд, беш аз 50 нафарро аз дами оташ берун бурдаанд.

Кӯдаке, ки ба деги суманак афтод, дар бемористон ҷон дод

Ozodi.org 

Рустамбек Қодирови чаҳорсола, ки рӯзи 21-уми март дар шаҳри Истаравшан ба даруни деги суманак афтода буд, шаби гузашта дар бемористон ҷон додааст. Анварҷон Орифов, як масъули бемористони Истаравшан, дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, Рустамбек шаш шабонарӯз бо ёрии дастгоҳ нафас мегирифт ва дигар ба худ наомад. “Ҳар коре аз дастамон омад, барои наҷоти ӯ кардем. Аммо роҳи нафасаш ҳам сӯхтааст, ба худ наомад ва фавтид", - афзуд ӯ. Ба қавли ин масъули бемористони Истаравшан, 75 дарсади бадани Рустамбек... Читать дальше...



Юшенко: Кремл аз ҳама бештар аз мавқеи ягонаи Ғарб метарсад

Ozodi.org 

Раиси ҷумҳури пешини Украина Виктор Юшенко гуфт, ки Кремл бештар аз ҳар чизи дигар дар муқовимат бо Русия аз мавқеи ягонаи Ғарб метарсад. Ин нуктаро Юшенко дар сӯҳбат бо шабакаи телевизионии Sky News баён дошт. Ба қавли президенти пешин, танҳо "якдилии байналмилалӣ" метавонад ба тавтеаҳои Кремл посухи сазовор шавад. Юшенко гуфт, "қарори 24 давлати дунё барои ихроҷи дипломатҳои рус - муҳимтарин дар таърихи ҷаҳон, шадидтарин зарба ба сиёсати Путин аст". Виктор Юшенко аз мавқеи Британия, ки ба гуфтаи ӯ пуштибонии байналмилалӣ ва ҳамдилӣ ёфт... Читать дальше...

Мудири маркази тиҷоратии Кемерово боздошт шуд

Ozodi.org 

Додгоҳи Кемерово дар заминаи сӯхтори ахир, ки 64 нафарро қурбон кард, мудири маркази тиҷоратии "Зимняя вишня" Надежда Суденнокро ба муҳлати ду моҳ боздошт кард. Дар ин бора хабарнигори "Сибир.Реалии" аз толори додгоҳ хабар дод.  Худи Суденнок иттиҳомро рад мекунад. Ӯ дар додгоҳ гуфт, рӯзи 25-уми март коромандони толорҳои синамо дар бораи берун бурдани тамоми тамошобинон, баъди сар задани сӯхтор, гузориш доданд. Боздоштшуда ҳамчунин гуфт, ки дари толори синамо ҳеч гоҳ баста набуданд ва тамошобинон метавонистанд озодона дохил ва хориҷ шаванд.

Ахбори Озодӣ аз 28-уми марти 2018 (HD)

Ozodi.org 

Русия ба ёди қурбониҳои сӯхтор дар Кемерово мотам дорад, зане, ки дар Муъминобод ба рӯи фарзандонаш оби гарм пошид, бемории рӯҳӣ доштааст, ҷомеаи ҷаҳонӣ аз музокироти сулҳи ҳукумат ва Толибони афғон пуштибонӣ кард, Панҷакент ба ҷашни Наврӯз омода мешавад ва матолиби дигар.

Пол Райан: ИМА аз Чехия таслими ҳакери русро интизор дорад

Ozodi.org 

Раиси палатаи намояндагони ИМА Пол Райан гуфт, онҳо  интизор доранд, ки Чехия ҳакери русро ба Амрико таслим мекунад, на ба Русия. Райан дар ҷараёни сафари аввали ҳафтааш ба Чехия гуфт "намунаҳое вуҷуд дорад, ки  ҳакер Никулин ба Амрико истирдод мешавад. Дар робита ба истирдод, замони дархости истирдод ва ҷиноятҳое, ки Никулин дар ИМА содир кардааст, бартарӣ бо Амрикост:- гуфт Райан ба хабарнигорон рӯзи 27 март.  Евгений Никулин ба рахна кардани бузургтарин ширкатҳои интернетӣ, бо шумули Linkedin... Читать дальше...

Ҳолу ҳавои Панҷакент пеш аз ҷашни расмии Наврӯз

Ozodi.org 

Наврӯзи шаҳри Панҷакент шоми 28-уми март шурӯъ мешавад. Барои иштирок дар ин ҷашн президент Эмомалӣ Раҳмон субҳи чоршанбе бо чархбол ба ин шаҳр омад. Дар ин ҷашн гурӯҳи 20-нафарии зиёиёну фарҳангиён аз Самарқанд ҳам иштирок мекунанд.

Лондонград поккорӣ мешавад? ВИДЕО

Ozodi.org 

Баъди заҳролудшавии ҷосуси собиқи рус Сергей Скрипал ва духтараш Юлия дар Лондон, мақомоти Бритониё тасмим гирифтаанд, ки сарчашмаҳои даромад ва моликияти олигархҳои рус дар ин кишварро таҳқиқ намоянд.

САҲА аз Тоҷикистон хост, номи 14 журналистро аз рӯйхати Бонки Миллӣ берун кунад

Ozodi.org 

Ҳарлем Дешир, намояндаи Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо дар бахши озодии матбуот, аз Сироҷиддин Аслов – вазири умури хориҷии Тоҷикистон – хостааст, ки номи 14 журналистро аз листи сиёҳи Бонки Миллӣ ва аз рӯйхати “афроди алоқаманд бо терроризм” берун кунанд.

Аслов: Гурӯҳи тундрави "Давлати исломӣ" ҳанӯз нирӯ дорад. ВИДЕО

Ozodi.org 

Вазири умури хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Аслов гуфт, ки Тоҷикистон ҳеч гоҳ қонунмандии гурӯҳи Толибонро эътироф накардааст ва аз қаламрави ин кишвар ҳам ба ҷангиён аслиҳа интиқол намеёбад.  Ин изҳороти Аслов шоми 27-уми март дар нишасти байналмилалӣ оид ба Афғонистон дар шаҳри Тошканд садо дод. Ин посух ба як генерали амрикоӣ буд, ки гуфтааст, Русияи ҳамкори Толибон ин гурӯҳи ҷангҷӯро аз қаламрави Тоҷикистон бо силоҳ таъмин мекунад. ​ Изҳори назари Ҷон Николсон, яке аз генералҳои баландпояи... Читать дальше...

Аслов: "Давлати Исломӣ" ҳанӯз нирӯ дорад

Ozodi.org 

Вазири умури хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Аслов гуфт,  Тоҷикистон ҳеҷ гоҳ қонунмандии гурӯҳи Толибонро эътироф накардаанд ва аз қаламрави ин кишвар ҳам ба ҷангиён силоҳу аслиҳа интиқол намеёбад.  Ин изҳороти Аслов шоми 27 март дар нишасти байналмилалӣ оид ба Афғонистон дар Тошканд садо дод ва ин посух ба як генерали амрикоӣ буд, ки гуфтааст, Русияи ҳамкори Толибон ин гурӯҳи ҷангҷӯро аз қаламрави Тоҷикистон бо силоҳ таъмин мекунад. Изҳори назарҳои генерал Ҷон Николсон, яке аз генералҳои баландпояи... Читать дальше...

Модаре, ки 4 кӯдакашро сӯзонд, ба бемористони касалиҳои рӯҳӣ интиқол ёфт

Ozodi.org 

Рухсора Ҳасанова, сокини 36-солаи ноҳияи Муъминобод, баъди ба сару рӯи фарзандонаш пошидани оби ҷӯш дар бемористони касалиҳои руҳии шаҳри Кӯлоб бистарӣ шуд. Хонаводааш мегӯянд, ки ӯ дар гузашта бемории рӯҳӣ дошт, аммо соли 2012 табобат гирифта буд.

Модаре, ки 4 кӯдакашро сӯзонд, ба бемористони касалиҳои рӯҳӣ интиқол ёфт. ВИДЕО

Ozodi.org 

Рухсора Ҳасанова, сокини 36-солаи ноҳияи Муъминобод, баъди ба сару рӯи фарзандонаш пошидани оби ҷӯш дар бемористони касалиҳои руҳии шаҳри Кӯлоб бистарӣ шуд. Хонаводааш мегӯянд, ки ӯ дар гузашта бемории рӯҳӣ дошт, аммо соли 2012 табобат гирифта буд.

Наврӯзи Панҷакент бо ширкати меҳмонон аз Самарқанд доир мешавад

Ozodi.org 

Наврӯзи Панҷакент соатҳои 6 шоми 28 март шурӯъ мешавад ва барои ширкат дар ин ҷашн президент Эмомалӣ Раҳмон субҳи чоршанбе бо чархбол ба ин шаҳр парвоз кард. Барои ширкат дар ин ҷашн аз Самарқанд гурӯҳи 20-нафараи зиёиёну фарҳангиёни тоҷик ҳам ба Панҷакент рафтаанд. Дар соатҳои қабл аз шурӯи ин ҷашн, дар Панҷакент президент дар расми ифтитоҳи хати интиқоли барқи 220 киловолтаи «Айнӣ-Рӯдакӣ» ва зеристгоҳи барқии «Рӯдакӣ» иштирок кард.  Вебсайти президенти Тоҷикистон навишт, ки ин истгоҳи барқӣ тавони... Читать дальше...

CNN: амрикоиҳо оиди созиши пинҳонии Трамп бо Русия назари ягона надоранд

Ozodi.org 

Биноба пурсиши афкори умум, ки шабакаи телевизионии CNN анҷом дод, 58 дар сади амрикоиҳо мехоҳанд, қазияи созиши эҳтимолии Доналд Трамп бо Русия ҳамаҷониба таҳқиқ шавад; 36 дар ин таҳқиқро талоши мухолифин барои бадном кардани Доналд Трамп арзёбӣ мекунанд.  Ин рақамҳо, сарфи назар аз лаҳни тунди Трамп дар робита ба таҳқиқи дахолати Русия ба умури интихоботи соли 2016 ва ҳамин тавр прокурори махсус Роберт Мюллер, тақрибан ҳамон тавре боқӣ мондаанд, ки дар моҳи феврал буданд.  Дар беш аз як моҳи гузашта... Читать дальше...

Пулиси Қазоқистон ҳодисаи тирпарронӣ ва кушторро таҳқиқ мекунад

Ozodi.org 

Пулиси вилояти Қизилордаи Қазоқистон хабар дод, ки баъди ҳалокати як шаҳрванд дар бемористон, бо моддаи "куштор" таҳқиқро шуруъ кардааст. Ин шаҳрванд дар тирпарронии рӯзи 27 март дар шаҳри Қизилорда маҷруҳ шуда буд. Пулис гуфт, гумонбаронро боздошт кардааст. Шаҳрванде, ки ҷароҳат бардошта буд, шаби 27 март дар бемористон даргузашт. Дар наворе, ки расонаҳо нашр карданд, дида мешавад, ки дар яке аз кӯчаҳои марказии шаҳр марди ҷавон аз як гуруҳи одамон фирор мекунад. Баъди он садои тир шунида мешавад. Читать дальше...





СМИ24.net — правдивые новости, непрерывно 24/7 на русском языке с ежеминутным обновлением *