Добавить новость
smi24.net
World News in Tajik
Март
2018

Новости за 07.03.2018

Аввалин зани тоҷик, ки фаранҷиашро кашид, кӣ буд? Нахустин милисаи зан чӣ?

Ozodi.org 

Аввалин бор дар Душанбе осорхонаи “Бонувони барҷастаи Тоҷикистон” дари худро ба рӯи сокинон боз кард. Осорхонаи нав дар бинои музейи мардумшиносии пойтахт ҷойгир буда, ба нақши занони тоҷик дар таърих, саҳми онҳо дар маорифу фарҳанг, пешрафти иҷтимоиву сиёсии қарнҳои 17-20 бахшида шудааст.

Генерали амрикоӣ: "Тоҷикистон шарики калидии ИМА дар минтақа аст"

Ozodi.org 

Генерал Ҷозеф Вотел – фармондеҳи нирӯҳои марказии Амрико – дар як гузориши худ Тоҷикистонро бо назардошти марзи беш аз 1400-километриаш бо Афғонистон "шарики калидии Иёлоти Муттаҳида дар минтақа" хондааст.

"Мегӯяд, ки дӯст медорад"... "Агар дӯст медошт, мерафт?" ВИДЕО

Ozodi.org 

Баъзе аз занони роҳгузар дар хиёбонҳои шаҳри Душанбе гуфтанд, ки шаҳваронашон танҳо дар вақти ид, аз ҷумла Рӯзи Модар, ибораи "дӯст медорам"-ро ба забон меоранд. Бархеи дигар гуфтанд, ки тақрибан ҳар рӯз ин ибораро мешунаванд ва он ба як бахши зиндагиашон табдил шудааст

“Истиқлол” дар аввалин бозии Ҷоми AFC “Аҳал”-ро шикаст дод

Ozodi.org 

Дастаи “Истиқлол”-и Душанбе, қаҳрамони Тоҷикистон, дар нахустин бозиаш дар марҳилаи гурӯҳии Ҷоми AFC (Конфедератсиони  футболи Осиё) - 2018 бар тими «Аҳал»-и Балканобод, ҷоизадори нуқраи мусобиқоти қаҳрамонии Туркманистон, бо ҳисоби 1:0 ғолиб омад.

"Ҷайш ал-Ислом" масъулияти суқути ҳавопаймои Русияро бар дӯш гирифт

Ozodi.org 

Гурӯҳи "Ҷайш ал-Ислом" -и Сурия масъулияти сарозер шудани ҳавопаймои ҳомили низомиёни Русия дар наздикии пойгоҳи Хмеймими Сурияро бар дӯш гирифт.  Ад-Диёр- нашрияи Либиё бо иқтибос аз изҳороти ин гурӯҳ рӯзи 7 март гуфт, ки ҳавопаймо ҳангоми фурӯдоӣ, дар фосилаи ҳудудан сад метр аз замин, мавриди оташи мусалсал қарор гирифт. Пеш аз ин Вазорати дифои Русия гуфт, ҳавопаймои АН-26, ки дар Сурия суқут кард, 39 мусофир дошт. Ин ниҳод ҳамчунин гуфт, ки ҳамаи мусофирон низомиҳои рус  буданд. Биноба фарзияи Вазорати дифои Русия... Читать дальше...

Домод пеш аз тӯй худкушӣ кард. Гуфтааст, "аз баҳри нафси дунё гузаштам"

Ozodi.org 

Як сокини ноҳияи Муъминободи вилояти Хатлон тақрибан як ҳафта пеш аз тӯяш сирко хӯрда, худкушӣ кардааст. Нуралӣ Раҷабови 34-сола рӯзи 11-уми март бояд арӯсӣ мекард, аммо ба ҷойи хурсандӣ хонаводаро дар мотам нишонд. Ҷасади ӯро рӯзи 6-уми март дар зодгоҳаш дафн карданд.



Дӯст намедошт, ки баромада рафт

Ozodi.org 

Дар остонаи Рӯзи модар дар Тоҷикистон, ки ҳар сол рӯзи 8-уми март таҷлил мешавад, хабарнигори Радиои Озодӣ аз чанд зан пурсид, ки оё шавҳарашон ба онҳо эҳсоси муҳаббати худро нишон медиҳад ва мегӯяд, ки дӯсташ медорад. Видеоро бубинеду назаратонро нависед

Барои модар 100 сомонӣ кам аст, барои писандида...

Ozodi.org 

Дар остонаи рӯзи модар, хабарнигори Радиои Озодӣ аз раҳгузарон дар Душанбе пурсид, ки дар рӯзи 8-уми март ба азизони худ чӣ ҳадя мекунанд. Шумо ҳам бубинед ва бигӯед, ки чӣ ҳадя мекунед.

Президенти Тоҷикистон ба раҳбари Русия арзи тасаллият кард

Ozodi.org 

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 7 март дар робита бо  суқути як ҳавопаймои ҳарбии Русия ба президенти ин кишвар Владимир Путин изҳори тасаллият кард. Шоми 6 март ҳавопаймои борбари низомии Ан-26-и Русия дар фосилаи 500 метр то хати фуруди  фурудгоҳи Хмеймими Сурия нарасида суқут кард. Дар натиҷа тамоми сарнишинони он, аз ҷумла 33 мусофир ва 6 халабон ва ҳайати хусусӣ ба ҳалокат расиданд.   Дар матни барқияи президенти Тоҷикистон, аз ҷумла гуфта мешавад, ки  "хабари фоҷеабори суқути ҳавопаймои ҳарбӣ-нақлиётӣ... Читать дальше...

"Либосовезӣ дар балконҳо бефарҳангӣ не, аз ночорист". ВИДЕО

Ozodi.org 

Холӣ кардани биноҳои истиқоматии Душанбе аз торҳои пур аз либосу палос ва курпаву курпача яке аз ҳадафҳои аслии мақомоти шаҳр аст. Ҳадафе, ки гурӯҳеро ба зебову озода шудани симои шаҳр умедвор кардаву боиси нороҳатии гурӯҳи дигари сокинон ба вижа хонаводаҳои серфарзанд шудааст.

Таҳрими нави ИМА алайҳи Пхенян барои куштори бародари Ким Чен Ин

Ozodi.org 

ИМА дар робита ба куштори бародари модарҷудои роҳбари Кореяи Шимолӣ Ким Чен Нам алайҳи ин кишвар таҳримҳои нав ҷорӣ кард. Дар ин бора хабаргузории Reuters рӯзи 7 март бо такя ба Департаменти давлатии ИМА иттилоъ дод. Тасмими ҷори кардани таҳримҳои нав ҳанӯз 22 феврал қабул шуд. Аммо то кунун дақиқ нест, ки ин таҳримҳо аз чӣ иборат хоҳанд буд. Хизер Нойерт, намояндаи Департаменти давлатии ИМА гуфт, Вашингтон ба хулосае омад, ки мақомоти Куриёи Шимолӣ дар куштори Ким Чен Нам даст доранд. Барои... Читать дальше...

Фавти як оилаи тоҷик дар Арабистони Саудӣ

Ozodi.org 

Бахтиёр Додохонов, соҳибкори тоҷик, бо се узви оилааш дар шаҳри Мадинаи Арабистони Саудӣ ба ҳалокат расидааст. Хабари марги Додохонови 35-сола, ҳамсараш Гулнора Додохонова (33-сола), писаронаш Некрӯз (8-сола) ва Беҳрӯз (12-сола) рӯзи 6-уми март ба наздиконаш расонда шуд.

Модари Нодир куҷо шуд?

Ozodi.org 

Нодир модарашро, ки бемории саратон дошт, аз даст медиҳад ва холигоҳи ҷои ӯро касе пур карда наметавонад.

Дар балкон либос наовезед, 1000 сомонӣ ҷарима мешавад

Ozodi.org 

Дар шаҳри Душанбе мақомот аз сокинон хостаанд, дигар дар айвону кӯчаҳо либос наовезанд, зеро ҷарима мешаванд. Гурӯҳҳои махсус дар пойтахт мегарданд ва назорат мекунанд, ки либос дар айвону пеши биноҳо овезон набошад.

Ахбори Тоҷикистон ва ҷаҳон аз 7-уми марти 2018

Ozodi.org 

Ҳалокати хонаводаи тоҷик дар Арабистони Саудӣ, Раҳоии зани тоҷик аз зиндони Эрон, Интизорот аз сафари давлатии Шавкат Мирзиёев ва бозори гарми наздимарзӣ дар Турсунзода ва манъи либосовезӣ дар берун аз манзилҳои зисти пойтахти Тоҷикистон.

Рақобати тиллои "усмонӣ" ва "ғарбӣ" дар бозори Душанбе. ВИДЕО

Ozodi.org 

Осиёи Марказӣ бо инки чандон минтақаи сарватманду доро нест, вале аз қадим бо ҳунари баланди заргариаш маъруф буд. Дар Душанбе - пойтахти Тоҷикистон - низ тиҷорати тилло ва маҳсулоти заргарӣ дар ҳар давру замон қадри баланд дошт.

Ахбори Тоҷикистон ва ҷаҳон аз 7-уми марти 2018 (HD)

Ozodi.org 

Ҳалокати хонаводаи тоҷик дар Арабистони Саудӣ, Раҳоии зани тоҷик аз зиндони Эрон, Интизорот аз сафари давлатии Шавкат Мирзиёев ва бозори гарми наздимарзӣ дар Турсунзода ва манъи либосовезӣ дар берун аз манзилҳои зисти пойтахти Тоҷикистон.

Наҷоти 49 муҳоҷири бандмондаи тоҷик дар Қазоқистон

Ozodi.org 

Масъулони сафорати Тоҷикистон дар Қазоқистон гуфтанд, ки ба 49 шаҳрванди бандмондаи кишвар дар вилояти Акмолаи Қазоқистон кумак кардаанд ва ҳоло онҳо дар роҳ ба ватан ҳастанд. Ин гуруҳи шаҳрвандон баъди адои кор аз вилояти Екатеринбурги Русия тариқи Қазоқистон ба Тоҷикистон бармегаштанд.

Бозори тиллои Корвон. Ҷое, ки касе гап намезанад

Ozodi.org 

Дар Тоҷикистон дар арафаи Рӯзи модар, мағозаҳои ҷавоҳирот серодам шудаанд. Ҷавоҳирот дар Тоҷикистонро занон аслан барои ороиш мехаранд вале ҳадафи аслии дигарашон фурӯхтани ҷавоҳир дар рӯзи мабодо ва ҳал кардани мушкили сахти иқтисодӣ аст.

Писари рӯҳонии аршади Эрон барои интиқоди раҳбарон боздошт шуд

Ozodi.org 

Мақомоти Эрон рӯҳониеро боздошт карданд, ки чанде пеш ҳукуматро барои саркубгарӣ ва ноадолатӣ интиқод карда буд. Рӯҳонии боздоштшуда Ҳусейн Шерозӣ, писари рӯҳонии машҳур Оятуллоҳ Содиқ Шерозӣ аст, ки гуфта мешавад дар Эрону Ироқ пайрав дорад.  Падару писар ҳарду аз мунақидони ҳукумати Эрон ба шумор меоянд. Як хеши Оятуллоҳ Содиқ Шерозӣ дар Лондон, ба бахши форсии  Би-би-си гуфт, ки Ҳусейн Шерозӣ рӯзи 6 март, баъди иштирок дар дарси илоҳиёти Исломӣ, дар шаҳри муқаддаси Қум боздошт шуд. Гуфта мешавад... Читать дальше...





СМИ24.net — правдивые новости, непрерывно 24/7 на русском языке с ежеминутным обновлением *