Мы в Telegram
Добавить новость
smi24.net
World News in Tajik
Март
2018

Новости за 27.03.2018

"Бо мардуми Русия ғамшарикем". ВИДЕО

Ozodi.org 

Бархе сокинони Душанбе дар сӯҳбати сарироҳӣ бо хабарнигори Радиои Озодӣ гуфтанд, ки ҳама гуна хабари нохуш дар Русия онҳоро низ дар ташвиш мегузорад, чунки аъзои хонаводаҳои зиёд дар ин кишвар кору зиндагӣ мекунанд

Тоҷикистон аз Филиппин шикаст хӯрд ва ба Ҷоми осиё-2019 роҳ наёфт

Ozodi.org 

Дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон бо раҳбарии сармураббӣ Ҳаким Фузайлов дар бозии даври охирини марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2019 дар гурӯҳи «F» аз тими миллии Филиппин бо ҳисоби 1:2 шикаст хӯрд ва аз ҳаққи ширкат дар қисми ниҳоии мусобиқот, ки моҳи январи соли оянда дар Имороти Муттаҳидаи Араб барпо мегардад, маҳрум гашт.

Кӣ ҳаққ аст -- тоҷирон ё раиси ноҳия?

Ozodi.org 

Теъдоде аз соҳибмулкони бозори марказии ноҳияи Ҷаббор Расулов бо ирсоли як номаи расмӣ аз раиси Маҷлиси миллӣ хостаанд, ки дар ҳалли мунсифонаи баҳси онҳо бо раиси ин ноҳия мусоидат кунад.

"Шӯҳрат Қудратов охири моҳи август озод мешавад"

Ozodi.org 

Раҳматулло Зоиров, раҳбари ҳизби состсиал-демократии Тоҷикистон иддао дорад, ки Шӯҳрат Қудратов, вакили дифои зиндонӣ бояд як соли пеш озод мешуд. Аммо мақомот мегӯянд, ки мӯҳлати адои ҷазои Шӯҳрат Қудратов рӯзи 26-уми августи имсол ба анҷом мерасад.

Ахбори Озодӣ аз 27-уми марти 2018 (HD)

Ozodi.org 

Дар шаҳри Кемерово маросими мотам ба гирдиҳамоии эътирозӣ табдил ёфт, Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон ба фармондеҳи амрикоӣ посух гуфт, Уралские Авиалинии Тоҷикистонро дар кӯшиши монополия айбдор намуд, Молҳои арзони узбекситонӣ соҳибкорони тоҷикро дар пешорӯи чолишҳо қарор дод



"Уралские авиалинии": "Тоҷикистон 30 % парвозҳои моро кам кард"

Ozodi.org 

"Уралские авиалинии" -- ширкати ҳавопаймоии Русия мегӯяд, мақомоти Тоҷикистон бидуни огоҳии пешакӣ 30 дарсади парвозҳои ин ширкатро кам карданд, ки "як талоши берун кардани ширкатҳои русӣ ва монополия кардани бозор" аст.

Узбекистон музокироти мустақими Кобулу Толибон пешниҳод кард

Ozodi.org 

Узбекистон пешниҳод кард, ки дар байни ҳукумати Афғонистон ва Толибон музокироти сулҳ баргузор шавад. Матбуот менависад, ки ин иқдом метавонад Тошкандро ба бозигари ҳалли низои тӯлкашидаи Афғонистони ҳамсоя табдил диҳад. "Мо омодаем барои ҳар марҳилаи раванди сулҳ шароит фароҳам кунем, дар қаламрави Узбекистон гуфтугӯи мустақими Толибонро бо ҳукумати Афғонистон ба роҳ монем" - гуфт президенти Узбекистон Шавкат Мирзиёев дар нишасти матбуотии Тошканд, ки Ашраф Ғанӣ ҳам дар он иштирок дошт.    Президенти... Читать дальше...

Узбекистон музокироти мустақими Кобулу Толибонро пешниҳод кард

Ozodi.org 

Узбекистон пешниҳод кард, ки дар байни ҳукумати Афғонистон ва Толибон музокироти сулҳ баргузор шавад. Матбуот менависад, ки ин иқдом метавонад Тошкандро ба бозигари ҳалли низои тӯлкашидаи Афғонистони ҳамсоя табдил диҳад. "Мо омодаем барои ҳар марҳилаи раванди сулҳ шароит фароҳам кунем, дар қаламрави Узбекистон гуфтугӯи мустақими Толибонро бо ҳукумати Афғонистон ба роҳ монем" - гуфт президенти Узбекистон Шавкат Мирзиёев дар нишасти матбуотии Тошканд, ки Ашраф Ғанӣ ҳам дар он иштирок дошт.    Президенти... Читать дальше...

Барои 50 сомонӣ гӯшам сурх шуд

Ozodi.org 

Дар ҷануби Тоҷикистон русуме вуҷуд дорад,ки василаи санҷиши чолокӣ ва ҷасорати кӯдакон пиндошта мешавад.

Митинги мотами Кемерово ба эътироз табдил шуд. ПАХШИ ЗИНДА

Ozodi.org 

Субҳи 27 март президенти Русия Владимир Путин аз шаҳри Кемерово дидан кард. Ӯ дар назди маркази тиҷоратии ба коми оташрафтаи “Зимняя вишня” гул гузошт ва осебдидаҳои сӯхтори фоҷеаборро дар бемористон аёдат кард.

Митинги мотами Кемерово ба эътироз табдил шуд. ВИДЕО

Ozodi.org 

Субҳи 27 март президенти Русия Владимир Путин аз шаҳри Кемерово дидан кард. Ӯ дар назди маркази тиҷоратии ба коми оташрафтаи “Зимняя вишня” гул гузошт ва осебдидаҳои сӯхтори фоҷеаборро дар бемористон аёдат кард.

Комисияи савдои ИМА бар зидди Facebook тафтиш оғоз кард

Ozodi.org 

Комисияи федеролии савдои ИМА баъд аз нашри хабарҳо дар бораи ифшо шудани маълумоти шахсии корбарони шабакаи иҷтимоии Facebook алайҳи ин ширкат тафтишот оғоз кардааст. Комисия мехоҳад бидонад, ки раҳбарияти Facebook маълумоти хусусии корбарони худро чи гуна муҳофизат хоҳад кард. Ибтидои моҳи март рӯзноманигорон ширкати таҳлилии бритониёии Cambridge Analyticaро айбдор карданд, ки ҳангоми маъракаи интихоботии президенти ИМА Доналд Трамп аз маълумоти шахсии корбарон ба таври ғайриқонунӣ истифода кардааст. Читать дальше...

Як модарбузург дар Қирғизистон мехост набераашро ба $300 фурӯшад

Ozodi.org 

Пулиси шаҳри Ӯши Қирғизистон як зани 59-солаеро боздошт кард, ки мехост, набераашро ба маблағи 300 доллар бифурӯшад. Бино бар иттилои мақомот, рӯзи 22 март ин занро баъди гирифтани маблағ боздошт карданд. Модарбузург набераашро, ки ҳанӯз якмоҳа нест, ба манзили харидорон овард ва онҷо гузоштааст. Тифлро мақомот ба ихтиёри парасторони махсус супориданд. Аз рӯи ин ҳодиса парванда боз шуда, пажуҳиш идома дорад.

Туркманистон муҳоҷирони кориашро иҷборан бармегардонад

Ozodi.org 

Мақомоти Туркманистон дар шӯроҳои маҳаллии баъзе аз ноҳияҳои вилояти Лебапи ин кишвар ҷаласаҳои махсус баргузор карда,  масъалаи баргардонидани муҳоҷирони корӣ ба ватанро дар миён гузоштанд. Ин ҷаласаҳо сар аз 6 март баргузор шудаанд. Туркманҳо асосан барои мардикорӣ ба Туркия сафар мекунанд. Бино ба хабарҳо, кормандони ниҳодҳои амниятӣ ба занон фишор меоранд, то наздикон ё шавҳарони худро, ки беш аз се сол аст, дар Туркия ҳастанд, ба Туркманистон баргардонанд. Як сокини Лебап мегӯяд, мақомот... Читать дальше...

Беш аз 20 кишвар дипломатҳои Русияро барои қазияи Скрипал хориҷ мекунанд

Ozodi.org 

Мақомоти 22 кишвари ҷаҳон аз хориҷ кардани дипломатҳои Русия,  дар заминаи даст кашидани Маскав аз посух гуфтан ба заҳролудшавии корманди собиқи Идораи истихбороти Русия Сергей Скрипал ва духтари ӯ Юлия, хабар доданд.То ин замон дипломатҳои Русияро худи Британия хориҷ карда буд. Ба нишони ҳамдилӣ бо Британия 15 кишвари узви Иттиҳоди Аврупо, ИМА, Канада, Норвегия, Албания, Македония, ва Украина низ аз ин чора кор мегиранд. Ба сурати умум, давлатҳо қариб 140 дипломати Русияро хориҷ мекунанд. Исландия... Читать дальше...

Парвози истисноии ҳавопаймоҳо аз Екатеринбург ба Душанбеву Хуҷанд

Ozodi.org 

Ҳавопаймоҳои ширкати «Уралские авиалинии» рӯзи 27-уми март аз Екатеринбург ба Хуҷанд ва Душанбе ба таври истисноӣ ду парвоз анҷом дод.   Ду ҳавопаймоии ин ширкат як шабонарӯз  бинобар надоштани иҷозати парвоз ба шаҳрҳои Тоҷикистон бо беш аз 300 мусофиронаш дармонда буданд. Иҷозатномаро мақомоти ҳавопаймоии Тоҷикистон содир мекунанд.   Марина Корпенко, сухангӯи ширкати «Уралские авиалинии» рӯзи  27-уми март дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки ду ҳавопаймои ширкат дар масири Екатеринбург-Душанбе... Читать дальше...

Путин “бепарвоии ҷинояткоронаро” сабабгори фоҷеаи Кемерово номид

Ozodi.org 

Президенти Русия Владимир Путин зимни боздид аз шаҳри Кемеровои минтақаи Сибир субҳи 27 март дар фоҷеаи марги беш аз 60 нафар дар як маркази тиҷоратии маҳаллӣ “беғамию бепарвоии ҷинояткорона”-ро гунаҳгор кард.  Баъди гулгузорӣ дар макони сӯхтор Путин гуфт, ки маҳрумияти мардум дар ин фоҷеа бо қурбоние, ки мардум дар ҷанг медиҳанд, қобили қиёс нест. Вай гуфт: “Мо нафарони зиёдро аз даст медиҳем? Вале чаро чунин мешавад? Чунки бепарвоии ҷинояткорона дорем, беғам ҳастем”. Путин ба як дақиқа хомӯшӣ дар ёди қурбониҳои сӯхтори мудҳиш даъват кард. Читать дальше...





СМИ24.net — правдивые новости, непрерывно 24/7 на русском языке с ежеминутным обновлением *