Мы в Telegram
Добавить новость
smi24.net
World News in Tajik
Март
2018

Новости за 24.03.2018

Эътирози Теҳрон ба таҳрими Амрико алайҳи даҳ эронӣ ва...

Ozodi.org 

Эрон Амрикоро барои ҷорӣ кардани таҳрим алайҳи даҳ шаҳрванди ин кишвар ва ширкати “Мабно” ба шиддат танқид намуд. Вазорати молияи Амрико рӯзи 23-юми март алайҳи ин даҳ нафар ва як ширкати эронӣ ба хотири “дахолат дар ҳамлаҳои кибернетикӣ” ва “дузии иттилоот аз ҳазорҳо идора” таҳрим ҷорӣ кард. Ба қавли мақомоти ин вазорат, ширкати “Мабно” болои беш аз сад ниҳоди амрикоӣ ва беш аз 170 донишгоҳ дар 21 кишвар ҳамлаҳои кибернетикиро анҷом дода, иттилоот ба даст овардааст. Баҳром Қосимӣ, сухангӯи Вазорати... Читать дальше...

Таркиш дар Искандарияи Миср ду кушта бар ҷой гузошт

Ozodi.org 

Як инфиҷор дар Искандария, дувумин шаҳри бузурги Миср, рӯзи 24-уми март ду кушта бар ҷой гузошт. Яке аз ҳалокушудаҳо маъмури пулис будааст. Вазорати корҳои дохилии Миср инфиҷорро тарҳрезишуда номид. Ба қавли мақомот, ҳадафи ҳамлаварон Мустафо Намр, раиси пулиси Искандария, буд. Ба оқои Намр дар ин ҳодиса осеб нарасидааст, аммо чаҳор афсари пулис захмӣ шудаанд. Ин инфиҷор чанд рӯз пеш аз баргузории интихоботи раёсати ҷумҳури Миср сурат гирифт, ки пешбинӣ мешавад дар он раиси ҷумҳури кунунӣ Абдуфаттоҳ Сисӣ баранда хоҳад шуд.

Тоҷикистон дар СММ аз пешниҳоди Русия тарафдорӣ кард

Ozodi.org 

Тоҷикистон дар Шӯрои ҳуқуқи башари Созмони Милали Муттаҳид аз қатъномаи пешниҳодии Русия ҷонибдорӣ кард. Ин Шӯро рӯзи 22-юми март қатъномаи “Ягонагии системаи додгоҳӣ”-ро қабул кард, ки муаллифи асосиаш Русия буда, Тоҷикистон дар баробари Венесуэла, Бразилия Қирғизистон ва Қазоқистон ҳамчун ҳаммуаллифи қатънома муаррифӣ шудааст. Ин қатънома аз кишварҳои узви СММ даъват мекунад, зиндонҳои ҳарбӣ ё трибуналҳоеро, ки берун аз низоми додгоҳӣ зери шиори мубориза бо терроризм ба таври махфӣ амал мекунанд, банданд. Читать дальше...

Генерали амрикоӣ гуфт, Русия ба Толибон аслиҳа медиҳад

Ozodi.org 

Генерал Ҷон Николсон, фармондеҳи нерӯҳои Амрико дар Афғонистон, гуфт, Русия аз Толибон ҳимоят мекунад ва ба ин гуруҳ аслиҳа медиҳад. Николсон ин суханҳоро дар мусоҳиба бо Би-би-сӣ баён дошт. Ба қавли генерали амрикоӣ, аслиҳаи русӣ ба Толибон аз тариқи марзи Тоҷикистон қочоқ мешавад. Дар гузашта Русия ин иддаоро рад карда буд. Соли гузашта мақомоти Русия расман ирсоли аслиҳа ба Толибонро рад карда, гуфтанд, ки тамосашон бо Толибон танҳо ба даъвати онҳо ба музокироти сулҳ бо ҳукумати Афғонистон вобаста аст. Читать дальше...

Узбекистон – мизбони нишасти дурӯза дар мавриди Афғонистон

Ozodi.org 

Интизор меравад, пойтахти Узбекистон рӯзҳои душанбе ва сешанбеи оянда мизбони як нишаст дар мавриди Афғонистон бошад. Дар ин нишаст масъалаи амният дар Афғонистону минтақа баррасӣ хоҳад шуд. Антонио Гуттереш – дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, Федерика Моғеринӣ – раиси сиёсати хориҷии Иттиҳодияи Аврупо ва намояндагони Чин, Русия, Амрико, Фаронса, Олмон, Итолиё, Туркия, Ҳиндустон, Эрону Покистон, Қазоқистон Қирғизистон ва Тоҷикистону Арабистони Саудӣ иштирок хоҳанд кард. Эҳтимол дар ин нишаст... Читать дальше...

Донишманди тоҷик дар Полша унвони профессорӣ гирифт

Ozodi.org 

Анджей Дуда, раиси ҷумҳури Полша (Лаҳистон), ба донишманди тоҷики муқими он кишвар Оймаҳмад Раҳмонов унвони профессори илми табиатшиносиро тақдим кард. Ин маросим дар оғози моҳи марти имсол дар қасри раёсати ҷумҳури Лаҳистон сурат гирифт.

Унвони профессории донишманди тоҷик дар Полша

Ozodi.org 

Оймаҳмад Раҳмонов, донишманди тоҷики муқими Полша (Лаҳистон), дар ин кишвар унвони профессорӣ гирифт. Раҳмонов аз охири солҳои ҳаштодум ба ин тараф дар Полша зиндагӣ мекунад ва дар ҳоли ҳозир устоди Донишгоҳи Силезия аст.

Дар Амрико мехоҳанд, истифода аз силоҳ ҷиддӣ назорат шавад

Ozodi.org 

Даҳҳо хонандаи мактаб ва норозиёни дигар дар ҳоли гирдиҳамоӣ дар Вашингтон ҳастанд. Онҳо дар тазоҳуроти густарда аз мақомоти Амрико хоҳанд хост, ки барои назорат аз истифодаи силоҳ қонунҳои сахтгирона ҷорӣ кунанд.  Ташаббускорон интизоранд, ки даҳҳо ҳазор нафар дар эътирози рӯзи 24-уми март дар Вашингтон иштирок хоҳанд кард. Тазоҳуроти ба ин монанд дар даҳҳо шаҳри дигар дар саросари Иёлоти Муттаҳидаи Амрико барномарезӣ шудааст. Роҳпаймоиҳо ба дунболи тирандозии моҳи феврали имсол дар яке аз мактабҳои... Читать дальше...



Дар Амрико мехоҳанд, истифода аз силоҳ сахт назорат шавад

Ozodi.org 

Даҳҳо хонандаи мактаб ва норозиёни дигар дар ҳоли гирдиҳамоӣ дар Вашингтон ҳастанд. Онҳо дар тазоҳуроти густарда аз мақомоти Амрико хоҳанд хост, ки барои назорат аз истифодаи ислоҳ қонунҳои сахтгирона ҷорӣ кунанд.  Созмондиҳандаҳо мегӯянд, интизоранд даҳҳо ҳазор нафар дар эътирози рӯзи 24-уми март дар Вашингтон иштирок кунанд. Тазоҳуроти ба ин монанд дар даҳҳо шаҳри дигар дар саросари Иёлоти Муттаҳидаи Амрико барномарезӣ шудааст. Роҳпаймоиҳо ба дунболи тирандозии моҳи феврали имсол дар яке аз... Читать дальше...

Пулиси захмӣ дар ҷануби Фаронса даргузаштааст

Ozodi.org 

Мақомоти Фаронса рӯзи 24-уми март гуфтанд, пулисе, ки дар ҷараёни ҳамлаи террористӣ дар ҷануби он кишвар захмӣ шуда буд, даргузаштааст. Ин маъмури пулис худро бо яке аз афроде, ки гаравгон афтода буд, иваз кард ва дар ҷараёни ҳамла ба шиддат захмӣ шуд. Вазири умури дохилии Фаронса дар Твиттер гуфтааст, ин маъмури пулис барои кишвараш ҷон дод. Мақомот дирӯз гуфтан, ки як ҳамлавари 25-сола низ дар ин ҳодиса кушта шудааст. Ин ҳодиса дар шаҳри Тарбес дар ҷануби Фаронса замоне рух дод, ки як ҳамлавари... Читать дальше...

Писари президент – раиси ояндаи порлумон?

Ozodi.org 

Туркманистон рӯзи 25-уми марти имсол интихоботи порлумонӣ баргузор хоҳад кард. Кумисюни марказии интихобот ва раъйпурсӣ гуфт, ки 284 нафар барои 125 курсии маҷлис сабқат доранд. Дар миёни онҳо Сардор Бердимуҳаммадов, писари раиси ҷумҳури Туркманистон, низ ҳаст.





СМИ24.net — правдивые новости, непрерывно 24/7 на русском языке с ежеминутным обновлением *