Бинои Хадамоти амнияти миллии Узбекистон. Дар паси деворҳои ин бино асрори зиёде ниҳон аст. Қаҳрамони матлаби мо низ дар паси ҳамин деворҳо яке аз мансабҳои муҳимро бар дӯш дошт. Ин нафар аз соли 2000-ум дар муддати 14 сол теъдоди зиёди соҳибкорони саршиносро бозҷӯӣ кардааст. Ҳоло дар Истанбул зиндагӣ мекунад.