Добавить новость
smi24.net
World News in Tajik
Март
2018

Британия 23 дипломати русро аз қаламраваш берун мекунад

0
Британия 23 дипломати русро аз қаламраваш берун мекунад. Дар ин бора Тереза Мэй нахуствазири Британия рӯзи чоршанбе изҳорот дод.


Ӯ ҳамчунин гуфт, ки мақомоти расмии Британия дар  Чемпионати ҷаҳон оид ба футбол дар Русия иштирок намекунанд ва Лондон робитаашро дар сатҳи олии Русия маҳдуд мекунад.


Тереза Мэй Маскавро ба тарҳрезии заҳролудкунии ҷосуси пешини Идораи истихбороти Русия Сергей Скрипал ва духтари ӯ Юлия муттаҳам кард.


"Баъди ҳодисаи ваҳшатноки ахир мо наметавонем робитаамонро бо Русия дар сатҳи пешин нигаҳ дорем... Барои ҳамин мо тамосҳои дуҷониба ва робита дар сатҳи олиро қатъ мекунам ва даъвати Сергей Лавров, вазири хориҷии Русия ба Британияро бозпас мегирем",- гуфт Тереза Мэй. 


Бар пояи Конвентсияи Вена, шоҳигарии Британия 23 дипломати  Русияро, ки ҳамчун ходимони эълонашудаи истихборот мушаххас шудаанд, аз қаламраваш хориҷ мекунад,- гуфт нахуствазир. Дипломатҳои Русия барои берун шудан аз Британия як ҳафта вақт доранд. Мэй гуфт, ки ин бузургтарин ихроҷ аз Лондон дар 30 соли ахир аст ва имкони истихбороти Русия дар Британияро бадтар мекунад.


"Мо дороиҳои давлати Русияро дар ҳар куҷо, ки ҳамчун таҳдид ба ҷони шаҳрвандони Британия ва амволи онҳо истифода мешавад, масдуд мекунем",- гуфт Тереза Мэй.


Ҷосуси собиқ Сергей Скрипали 66 сола ва духтари 33-солаи ӯ Юлия, рӯзи 4 Март дар яке аз курсиҳои кӯчаи шаҳри шаҳри Солсберӣ ошкор шуданд. табибон вазъи онҳоро бӯҳронӣ арзёбӣ мекунанд.














Музыкальные новости






















СМИ24.net — правдивые новости, непрерывно 24/7 на русском языке с ежеминутным обновлением *