Добавить новость
smi24.net
World News in Tajik
Март
2018

Раъйдиҳии даҳҳо шаҳрванди Русия дар Тоҷикистон. АКС

0
Даҳҳо шаҳрванди Русия дар Тоҷикистон рӯзи 18-уми март ба пойи сандуқҳои раъйдиҳӣ рафта, ба тарафдорӣ аз номзади мавриди назарашон овоз доданд. Дар интихоботи рӯзи якшанбеи Русия ҳашт нафар, аз ҷумла президенти кунунӣ Владимир Путин, довталаби курсии раёсати ҷумҳурианд.  


Русия дар Тоҷикистон шаш нуқтаи раъйдиҳӣ ташкил кардааст. Ин нуқтаҳо дар бинои Маркази илмӣ ва фарҳангии Русия ё "Россотрудничество" дар Душанбе ва қисмҳои низомии пойгоҳи 201-ум ҷойгиранд.


Инчунин, шаҳрвандони Русия дар консулгарии ин кишвар дар шаҳри Хуҷанд ва ҳудуди иншооти "Окно" дар Норак раъй доданд.




Игор Лякин-Фролов, сафири Русия дар Тоҷикистон, ба овоздиҳӣ бо ҳамсараш омад. Ӯ дар суҳбат бо хабарнигорон гуфт, ба мушоҳидааш, теъдоди зиёди раъйдиҳандагон ба нуқтаҳои интихоботӣ ҳозир шудаанд.


"Ин баёнгари он аст, ки дар Тоҷикистон ба ончи дар Русия мегузарад, бе тафовут нестанд", - афзуд ӯ. 


Бино ба чанд аксе, ки Радиои Озодӣ аз Душанбе дастрас кард, даҳҳо нафар дар паси бинои Маркази илмӣ ва фарҳангии Русия дар Душанбе истода, барои овоздиҳӣ навбат мепоянд. Яке аз онҳое, ки барои раъйдиҳӣ рафта буд, телефонӣ ба Радиои Озодӣ гуфт, як гуруҳи ин афрод русҳои муқими Тоҷикистон ҳастанд.


"Бахши дигар тоҷиконе мебошанд, ки дар солҳои гуногун шаҳрвандии Русияро соҳиб шудаанд", - афзуд ӯ.







Сафорати Русия дар Тоҷикистон мегӯяд, омори дақиқи шумораи шаҳрвандони Русия дар Тоҷикистон дар даст нест.


Аммо шумораи шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар давоми 20 соли охир соҳиби шиноснома ва шаҳрвандии Русия шудаанд, аз рӯи омори расмӣ то 500 ҳазор нафар мерасад ва бахше аз онҳо мақоми душаҳрвандӣ доранд.














Музыкальные новости






















СМИ24.net — правдивые новости, непрерывно 24/7 на русском языке с ежеминутным обновлением *