Қарзи ширкати писари Бег Сабур дар Кӯлоб дубора бархост. ВИДЕО
Радиои Озодӣ ҳуҷҷатеро ёфт, ки ҳашт ширкату бинои вобаста ба наздикони Бег Сабур, раиси Хадамоти алоқа ва қудои президенти Тоҷикистон, беш аз 2 миллиону 600 ҳазор сомонӣ пули барқро надодаанд. Ин рақам то охири моҳи январи имсолро дар бар мегирад.