Мы в Telegram
Добавить новость
smi24.net
World News in Tajik
Апрель
2023

Новости за 29.04.2023

Даъвати Эрон ба баргузории машқҳои муштараки амниятӣ бо Тоҷикистон

Ozodi.org 

Хабаргузории “Меҳр”-и Эрон рӯзи 29 апрел навишт, дар мулоқоти ахири вазирони мудофеаи Эрон ва Тоҷикистон вазири дифои Эрон Муҳаммад Ризо Оштиёнӣ аз ҳамтои тоҷикаш Шералӣ Мирзо даъват кардааст, ки тавонмандиҳои дифоии кишварҳоро ба вижа дар бахши мубориза бо терроризм тақвият диҳанд. Ин мулоқот,  ба навиштаи “Красная звезда”, имрӯз дар шаҳри Деҳлӣ, пойтахти Ҳинд дар ҳошияи ҷаласаи Созмони ҳамкориҳои Шонгҳой барпо шудааст. Оштиёнӣ даъват кардааст, ки Эрону Тоҷикистон машқҳои муштараки амниятӣ барпо кунанд. Читать дальше...

Эрдуғон се рӯз баъди бемориаш аз худ дарак дод

Ozodi.org 

Се рӯз баъди муолиҷаи  уфунати меъдааш рӯзи 29 апрел президенти Туркия Раҷаб Тайиб Эрдуғон дар мазҳари ом дида шуд. Президенти 69-сола дар як ҷашнвораи ҳавопаймоӣ дар Истамбул ҳамроҳ бо ҳампаймонҳояш - президенти Озарбойҷон Илҳом Алиев ва нахуствазири Либия Абдулҳамид Дибейбе бо чеҳраи хандон ба минбар баромад. Ин ду кишвар ба ҳангоми низоъҳои мусаллаҳона аз дронҳои ҷангии истеҳсоли Туркия истифода кардаанд. Эрдуғон талош дорад дар интихоботи президентии 14 май баранда шавад.

350 парвандаи ҷиноӣ барои “терроризму экстремизм” дар ҷануби Тоҷикистон  

Ozodi.org 

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон гуфт, ки соли 2022 ва дар семоҳаи аввали соли ҷорӣ дар ҳудуди вилояти Хатлон “354 ҷинояти хусусияти террористиву экстремистидошта ошкор ва аз рӯи ин ҳолатҳо нисбат ба 350 нафар парвандаҳои ҷиноятӣ оғоз карда шудааст”. Раҳмон, ки рӯзи 27 апрел дар ноҳияи Данғара назди раҳбарону фаъолони вилояти Хатлон сӯҳбат мекард, гуфт,  “сатҳи баланди ифротгароӣ ва шомилшавии сокинон ба ҳизбу ҳаракатҳои террористӣ ва экстремистӣ бештар дар шаҳру ноҳияҳои Кӯлоб, Қубодиён, Шаҳритус... Читать дальше...

Ба сокинони Душанбе тарзи рафтор дар вақти заминҷунбиро меомӯзонанд

Ozodi.org 

Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон гуфт, ки моҳи май ҳамроҳ бо мақомоти шаҳрдории Душанбе барои сокинони пойтахт тарзи рафтор ба ҳангоми зилзиларо шарҳ медиҳанд. Ҳадаф огоҳонидани мардум аз  тарзи рафтори дуруст ба ҳангоми рӯй додани ин офати табиӣ ба хотири ҳифзи ҷони худ ва атрофиён гуфта мешавад. Дар хабари КҲФ дар бораи тарзу макони  мушаххаси чӣ гуна баргузор шудани ин барномаҳо шарҳ дода нашудааст, вале аз сокинон даъват шудааст, ки дар ин чорабиниҳо иштирок кунанд. Ин хабар дар ҳолест... Читать дальше...

Дар Тоҷикистон аз аввалин амалиёти буриши меъдаи се гирифтори фарбеҳӣ хабар доданд

Ozodi.org 

Вазорати тандурустии Тоҷикистон аз анҷоми бомуваффақияти аввалин амалиёти буриши меъда  аз ҷониби табибони тоҷик хабар додааст, ки  рӯзи 27 апрел дар «Маркази ҷумҳуриявии илмии ҷарроҳии дилу рагҳо» анҷом гирифт. АМИТ «Ховар» бо такя ба  маркази матбуоти вазорат навиштааст, ки амалиёти ҷарроҳӣ дар се нафари гирифтори бемории фарбеҳӣ анҷом шуд ва дар ду шабонарӯзи баъди он вазъи саломатии онҳо “нисбатан қаноатбахш” арзёбӣ шудааст. Амалиёти ҷарроҳиро табибон  ба таври лапораскопӣ, яъне  бе буриши... Читать дальше...

Оё аз дасти падар ба писар гузаштани ҳукумат дуруст аст? ВИДЕО

Ozodi.org 

Рустами Эмомалӣ, писари раиси ҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, ки амалан шахси дувуми кишвар аст, аз ҷониби баъзе расона ва шореҳон вориси курсии падар шумурда мешавад. Оё ин як амали қонунӣ ва демократӣ аст ва чӣ пайомад дошта метавонад?

Оё аз дасти падар ба писар гузаштани ҳукумат дуруст аст?

Ozodi.org 

Дар Тоҷикистон солҳост, ки дар бораи эҳтимоли аз дасти раиси ҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон гузаштани ҳукумат ба дасти писараш Рустами Эмомалӣ, ки ҳоло раиси Маҷлиси миллӣ аст, суҳбат мешавад. Ин шеваи гузариши ҳукумат аз як фард ба фарди дигар кори дуруст аст? Гапи озод дар ҳамин бора аст.





СМИ24.net — правдивые новости, непрерывно 24/7 на русском языке с ежеминутным обновлением *