Мы в Telegram
Добавить новость
smi24.net
World News in Tajik
Апрель
2023

Новости за 17.04.2023

Талаби $600 барои таҳияи билети ҳарбии сохта

Ozodi.org 

Сардори шуъбаи умури дифои яке аз ноҳияҳои шаҳри Тошканди Узбекистон ҳангоми гирифтани пора ба маблағи 600 доллар бар ивази билети ҳарбии сохта дастгир шудааст.

Нурангез Рустамзода: Нагузоштанд, масҷидро навор гирем

Ozodi.org 

Хабарнигори бахши дарии "Садои Амрико" дар Тоҷикистон шикоят кард, ки ходимони ҳифзи ҳуқуқ ба наворгирии ӯ дар масҷиди марказии Душанбе монеъ шуданд. Ҳодиса рӯзи 14-уми апрел рӯй додааст. Нурангез Рустамзода рӯзи 17-уми апрел нақл кард, ки барои ба навор гирифтани масҷид иҷозаи Кумитаи динро доштанд, аммо маъмурони милиса натанҳо напазируфтанд, балки таҳдид карданд. Ҳоло барои расидагӣ ба қазия ба Дастгоҳи иҷроияи президент ва Вазорати корҳои хориҷиву Вазорати корҳои дохилӣ нома фиристодааст. Мақомоти Тоҷикистон ҳодисаро шарҳ надоданд. Читать дальше...

"Тавба намекунам, фахр мекунам." Вокунишҳо ба ҳукми мухолифи Путин

Ozodi.org 

Владимир Кара-Мурза, рӯзноманигор, сиёсатмадор ва яке аз мунтақидони сарсахти ҳукумати Русияро ба иттиҳоми "хиёнат ба давлат" ва ҷиноятҳои дигар, ки худаш рад мекунад, 25 сол зиндонӣ карданд. Ӯ 45-сола аст.

Пас аз бародари зиндонияш Рамзӣ, Сино Вазирбеков низ "парвандадор" шуд

Ozodi.org 

Мақомоти Бадахшон зидди Сино Вазирбеков парвандаи ҷиноӣ кушода, ӯро барои ширкаташ дар як гирдиҳамоии мухолифон дар Берлин ба ифротгароӣ айбдор мекунанд. Сино Вазирбеков бародари фаъоли маданӣ Рамзӣ Вазирбеков аст, ки ба 13 сол зиндон маҳкум шудааст.

"Аморат"-и Маскав. Чаро шаҳрвандони Русия ба Дубай паноҳ мебаранд? ВИДЕО

Ozodi.org 

Теъдоди шаҳрвандони Русия, ки аз таҳрим ва сафарбаркунӣ ба артиш ба Иморати Муттаҳидаи Арабӣ мекӯчанд, ҳарчӣ бештар мешавад. Онҳо дороӣ ва тиҷорати худро ба ин кишвар мебаранд ва зиндагии худро дар ин ҷо месозанд. Дар Дубай аллакай намояндагии мактабҳои русӣ фаъол шудаанд



Чаро русҳо ба Имороти Муттаҳидаи Арабӣ мегурезанд?

Ozodi.org 

Теъдоди шаҳрвандони Русия, ки аз таҳрим ва сафарбаркунӣ ба артиш ба Иморати Муттаҳидаи Арабӣ мекӯчанд, ҳарчӣ бештар мешавад. Онҳо дороӣ ва тиҷорати худро ба ин кишвар мебаранд ва зиндагии худро дар ин ҷо месозанд. Дар Дубай аллакай намояндагии мактабҳои русӣ фаъол шудаанд.

Сиёсатмадори мухолифи рус 25 сол зиндонӣ шуд

Ozodi.org 

Додгоҳи шаҳри Маскав рӯзи 17-уми апрел сиёсатмадори мухолиф Владимир Кара-Мурзаро, ки ба хиёнат ба давлат, паҳн кардани иттилои нодуруст дар бораи артиши Русия ва ҳамкорӣ бо "созмони номақбул" муттаҳам буд, 25 сол аз озодӣ маҳрум кард.

Манъи эътирозҳо: Вакил мехоҳад, ба Додгоҳи олӣ шикоят кунад

Ozodi.org 

Додгоҳи шаҳри Бишкек рӯзи 14 апрел дархости вакили мудофеъ Бактибек Жумашевро дар бораи бекор кардани қарори додгоҳи ноҳияи Якуми май рад кард. Додгоҳи ноҳияи Якуми май ташкили гирдиҳамоиҳоро дар баъзе аз минтақаҳои Бишкек, пойтахти Қирғизистон, манъ кардааст.

Самоъ, василае барои расидан ба Ҳақ ё рақсу саргармӣ? ВИДЕО

Ozodi.org 

Дар моҳи Рамазон дар Сурия расм аст, ки мардум дар тарабхонаҳо ифтор кунанд ва шоми худро хуш бигзаронанд. Бахше аз ифтор дар баъзе аз ресторанҳо само ё рақси пайравони аҳли тасаввуф аст, ки онро василае барои расидан ба Ҳақ мешумориданд.

Дар сӯхтори Ваҳдат чанд хона ба коми оташ рафт

Ozodi.org 

Сӯхтор дар як бинои баландошёна дар маркази шаҳри Ваҳдат, канори Душанбе, манзили чанд сокини биноро вайрон кард. Ҳодиса шаби 15 ба 16-уми апрел рӯй дод. Бар асоси навори корбарон, сӯхтор гуё дар пайи таркиши зарфи гази моеъ сар задааст. Худи сокинон аз эҳтимоли ба ҳам расидани сими барқ мегӯянд.

Даъвати расмӣ аз президенти Ироқ барои сафар ба Тоҷикистон

Ozodi.org 

Дафтари матбуоти раёсати ҷумҳури Ироқ иттилоъ дод, ки президенти ин кишвар Абдулатиф Ҷамол Рашид барои сафар ба Душанбе даъватнома гирифт. Даъватномаро аз номи Эмомалӣ Раҳмон рӯзи якшанбе Зубайдулло Зубайдов, сафири Тоҷикистон дар Ироқ, супурд.

Рақси сӯфиёнаи Анас

Ozodi.org 

Дар Сурия дар моҳи Рамазон расм аст, ки мардум дар тарабхонаҳо ифтор кунанд ва шоми худро хуш бигзаронанд. Бахше аз ифтор дар баъзе ресторанҳо самоъ, ё рақси пайравони аҳли тасаввуф аст, ки онро василае барои расидан ба Ҳақ мешумориданд. Яке аз онҳое, ки рақсро иҷро мекунад, Анаси чаҳорсола аст.





СМИ24.net — правдивые новости, непрерывно 24/7 на русском языке с ежеминутным обновлением *