Мы в Telegram
Добавить новость
smi24.net
World News in Tajik
Апрель
2023

Новости за 01.04.2023

Ярмаркаи ҷойҳои кориро пеши мардикорбозор оварданд, вале талабгор наёфт. ВИДЕО

Ozodi.org 

Дар назди як мардикорбозори Душанбе ярмаркаи ҷойҳои кории холӣ ташкил карданд. Дар он садҳо ҷойи кор пешниҳод шуд. Вале шумори корҷӯён дар ин ярмарка хеле кам буданд. Мардикорон ва бекорон аз чунин маъракаҳо умеди зиёд надоранд.

Шаш маъмури милисаро барои пешгирӣ накардан аз ҷиноят муҳоҷир ҷазо доданд

Ozodi.org 

Дар шаҳри Новосибирски Русия 6 корманди пулисро дар робита ба қазияи куштори духтари 17 сола ба ҷавобгарӣ кашидаанд. Дар ин куштор як муҳоҷири тоҷик гумонбар дониста мешавад. Мақомоти додситонӣ  гуфтаанд, маъмурини милиса ба таҳдиду ҳушдорҳои муҳоҷир ба духтари рус бетаваҷҷӯҳӣ намуда, натавонистаанд аз ҷиноят пешгирӣ кунанд.  Додситони ноҳияи Советскийи Новосибирск ба расонаҳои Русӣ гуфтааст, пулис ба муроҷиатҳои волидони духтари кушташуда, беаҳамиятӣ кардааст. Охири моҳи июл мақомоти Русия... Читать дальше...

Наврасе, ки аз зарбаи корди ҳамсинфаш захмӣ шуда буд, даргузашт

Ozodi.org 

Хонандаи синфи 10 мактаби рақами 5-и шаҳри Кӯлоб, ки аз тарафи ҳамсинфаш ба зарби корд захмӣ шуда буд, даргузаштааст. Ин хабарро ҳам наздикони ӯ ва ҳам намояндагони Шӯъбаи корҳои дохилии шаҳри Кӯлоб тасдиқ карданд. Ҳодиса 31-уми март рӯй дода, ҳамсинфи “кордзан”- и ин хонанда дарҳол пас аз воқеа боздошт шудааст. Пулис мегӯяд, воқеаро таҳқиқ мекунад. Ному насаби хонандагон дар ихтиёри Радиои Озодӣ ҳаст, аммо ба далели ҳуқуқӣ нашр намешавад. Онҳо дар синфи даҳум мехонанд. Мактаби рақами 5 яке аз калонтарин мактабҳои шаҳри Кӯлоб... Читать дальше...

Зани тоҷик аз ночорӣ ба муҳоҷират меравад ё сабабҳои дигар?

Ozodi.org 

Чаро теъдоди занони тоҷик, ки фарзандонашонро дар Тоҷикистон мемонанду барои кор ба Русия мераванд, зиёдтар мешавад? Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, дар соли 2021 аз 500 ҳазор нафаре, ки барои кор ба хориҷ рафтаанд, 13% занон буданд. Онҳоро чӣ маҷбур кардааст, ки хонаводаро гузошта ба Русия бираванд?





СМИ24.net — правдивые новости, непрерывно 24/7 на русском языке с ежеминутным обновлением *