Мы в Telegram
Добавить новость
smi24.net
World News in Tajik
Апрель
2023

Новости за 14.04.2023

Нигоҳҳо аз Тоҷикистон ба нишасти Самарқанд дар бораи Афғонистон. ВИДЕО

Ozodi.org 

Назарҳо аз Тоҷикистон ба нишасти кишварҳои ҳамсояи Афғонистон дар Самарқанд яксон нест. Баъзе аз таҳлилгарон гуфтанд, нишаст бо ҳузури намояндагони кишварҳои Осиёи Марказӣ, Русия, Чин, Эрон ва Покистон натиҷаи муҳиме барои ояндаи Афғонистон надошт, вале бартарихоҳии Русия ва Чинро ба намоиш гузошт.

Ҷасади Ҳумоюн Каримовро дар Хуҷанд дафн карданд

Ozodi.org 

Ҳумоюн Каримов, писари шоирони шинохта Озарахш ва Фарзонаро, ки дар дарёи Сир ғарқ шуду ҷон бохт, 14 апрел дар оромгоҳе дар Хуҷанд дафн карданд. Ҷасади Каримови 21-соларо, ки падараш дар маросими ҷаноза "достони нонавишта" ва "баҳори ношукуфта" хитоб мекард, рӯзи 13-уми апрел аз дарё берун оварданд.

Ахбори Озодӣ аз 14-уми апрели соли 2023

Ozodi.org 

Вокуниши шореҳони тоҷик ба нишасти ҳамсояҳои Афғонистон дар Самарқанд; шарҳи коршинос дар бораи шароити хидмати донишҷӯён дар артиш; бозсозии нақби обёрии Данғара ва матолиби дигар.

"Достони нонавишта". Ҳумоюн Каримовро дар Хуҷанд дафн карданд. ВИДЕО

Ozodi.org 

Ҳумоюн Каримов, писари шоирони шинохта Озарахш ва Фарзонаро, ки дар дарёи Сир ғарқ шуду ҷон бохт, рӯзи 14-уми апрел дар оромгоҳе дар Хуҷанд дафн карданд. Дар маросим садҳо нафар иштирок доштанд.

"Танҳо баҳси тӯй нест." Ҷузъиёти ҳукми Домулло Абдулҳаннон

Ozodi.org 

Вакили мудофеъ мегӯяд, Абдулҳаннон Маннонов (Домулло Абдулҳаннон), рӯҳоние аз ноҳияи Кушониён, на барои ба ҳам задани тӯйи бародарзодааш, балки дидану паҳн кардани "наворҳои вобаста ба Паймони миллӣ" 6 сол зиндонӣ шуд.

Узбекистон ба занони бехона санади дарёфти "барак"-ро дод

Ozodi.org 

Шавкат Абдураззоқов, раиси вилояти Намангони Узбекистон, моҳи март ба 110 зан аз номи президент ҳамчун туҳфа "сертификат" додааст. Аз он 110 кас танҳо ба ду зан манзилҳои нав, ба боқимондаҳо манзилҳои навъи "барак" пешниҳод кардаанд.

Истирдоди 97 кас аз хориҷа ба Душанбе. Мубориза бо ҷиноят ё дигарандешӣ?

Ozodi.org 

Додситони кулли Тоҷикистон гуфт, дар соли 2022 наздик ба сад нафар, аз ҷуила 18 гумонбар ба терроризму ифротгароӣ аз кишварҳои хориҷӣ ба Душанбе истирдод шудаанд. Ин рақам дар гузориши Юсуф Раҳмон ба порлумон дар моҳи марти имсол садо дод.



Гузориш: Эъдомҳо дар Эрон 75 дарсад афзоиш ёфтааст

Ozodi.org 

Бар асоси гузориши нави Созмони ҳуқуқи башари Эрон, омори эъдом дар Эрон дар соли 2022 дар муқоиса бо соли пеш аз он 75 дарсад афзоиш ёфтааст. Ин болотарин шумораи солона аз соли 2015 ба ин тараф мебошад.

Созиши ҳамсояҳои Афғонистон дар бораи тарҳҳои муштарак

Ozodi.org 

Кишварҳои ҳамсояи Афғонистон омодагии худро барои ширкат дар лоиҳаҳои зербиноӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии ин кишвар баён кардаанд. Вазорати корҳои хориҷии Узбекистон иттилоъ дод, ки дар нишаст вазири умури хориҷии ҳукумати Толибон низ суханронӣ кардааст. Нишасти вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон, Чин, Покистон, Эрон, Туркманистон, Русия ва Узбекистон дар мавриди Афғонистон дар шаҳри Самарқанд баргузор шуд. Нишаст таҳти раҳбарии Узбекистон баргузор гашт. Муовини сухангӯи Вазорати умури хориҷии ҳукумати Толибон Ҳафиз Зиё Аҳмад гуфт... Читать дальше...





СМИ24.net — правдивые новости, непрерывно 24/7 на русском языке с ежеминутным обновлением *