Мы в Telegram
Добавить новость
smi24.net
World News in Tajik
Апрель
2023

Новости за 15.04.2023

"Пулам дидем, пир шудем. Ба мо пул даркор нест, дигар" ВИДЕО

Ozodi.org 

Бо наздиктар омадани фасли гармо дар Тоҷикистон иддае аз мардум барои сайру саёҳат чӣ дар дохил ва ё хориҷ омодагӣ мегиранд. Сокинони Душанбе ба куҳу манотиқи дидании куҳистон мераванд ва иддае ҳам ба Туркияву Дубаю агар сарватмандар бошанд, ба Аврупову дуртар аз он ҳам.

"Пулам дидем, пир шудем дигар. Ба мо пул даркор нест"

Ozodi.org 

Бо наздиктар омадани фасли гармо дар Тоҷикистон иддае аз мардум барои сайру саёҳат омодагӣ мегиранд. Бо назардошти ин хабарнигори Радиои Озодӣ аз чанд раҳгузар дар Душанбе пурсид, ки дар зиндагӣ аз миёни се чиз кадомеро интихоб мекунанд: “Ишқу муҳаббат, сайру саёҳат ва ё пул”.

Линдеман ҳукумати Тоҷикистонро барои фишор ба хабарнигорон танқид кард

Ozodi.org 

Берит Линдеман, дабири кулли Кумитаи Норвегии Ҳелсинки, як созмони ҳомии ҳуқуқ мақомоти Тоҷикистонро барои фишор ба хабарнигорони тоҷик Анора Саркорова ва Рустами Ҷонӣ танқид кардааст. Ӯ дар як баёнияе, ки рӯзи 14-уми апрелд дар вебсайти расмии ин созмон нашр шудааст, гуфтааст: ”Фишор ба оилаҳои Саркорова ва Ҷониев, яке дигар аз ҳамлаҳо ба озодии баён ва журнализм дар Тоҷикистон аст.” Берит Линденман афзудааст: “Вақте режимҳои худкома ҳеч сазое барои помоли ҳуқуқи инсон намегиранд, ҳамингуна ҳодисаҳо иттифоқ меафтанд. Читать дальше...

Владимир Путин қонуни нав дар бораи шеваи нави даъват ба артишро имзо кардааст

Ozodi.org 

Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия Қонун дар бораи даъватномаҳои ҳарбии электрониро ба имзо расонд, ки шеваи наву осонтар кардани даъвати ҷавонон ба сафи неруҳои мусаллаҳро дар назар дорад.

Ҷавони тоҷикро барои кандани рутбаи милиса ба зиндон маҳкум карданд

Ozodi.org 

Додгоҳи  ноҳияи Фирдавсӣ, як сокини 31-солаи шаҳри Душанберо барои кандани рутбаи як афсари милиса ва зӯроварӣ нисбат ба ӯ ба ду соли зиндон маҳкум кардааст. Вазорати умури дохилии Тоҷикистон дар нашрияи расмии худ аз рӯзи 13-уми апрел хабар додааст, ки Муродалӣ Қурбонов барои он ба зиндон маҳкум шуд, ки «дар назди сокинон шаъну шарафи нозири минтақавии милитсия С. Худойдодовро паст зада, нисбаташ дашномҳои қабеҳ ва зӯроварӣ нишон дода, рутбаи куртаи низомии номбурдаро меканад.» Моҷаро баъди он рух додааст... Читать дальше...

Акбари Турсон: Дар суроғи бародаре, ки дӯст бошад…

Ozodi.org 

"Афсӯс бар мо! Афсӯс бар мо!.. Мо, мардум, ҳама вақт дар фикри хиёнат намудан ба бародарони худ буда, ҳуқуқи якдигарро ғасб ва тасарруф мекунем. Кори мо тақаллуб ва дурӯғу фиреб аст… Оҳ, агар аз паси имрӯз бувад фардое!"

Рафтори домулло Абдулҳаннон дуруст буд? Ҷазо ба ӯ чӣ?

Ozodi.org 

Ба 6 сол зиндон маҳкум шудани домулло Абдулҳаннон Маннонов, ки бо дашному ҳақорат тӯи бародарзодаашро вайрон кард, баҳсро дар бораи рафтори ӯ барангехт. Гапи Озод дар бораи рафтори домулло аст ва меҳмонони барнома Фаридун Ҳодизода, таҳлилгар ва Амруллоҳи Низом, хабарнигори муқими Аврупо.

Гапи Озод: Рафтори домулло Абдулҳаннон дуруст буд? Ҷазо ба ӯ чӣ? ВИДЕО

Ozodi.org 

Ба шаш сол зиндон маҳкум шудани домулло Абдулҳаннон Маннонов, ки бо дашному ҳақорат ҷашни арӯсии бародарзодаашро вайрон кард, дигарбора баҳсро дар бораи рафтори ӯ ва ҳукмаш дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба по кард.





СМИ24.net — правдивые новости, непрерывно 24/7 на русском языке с ежеминутным обновлением *