Мы в Telegram
Добавить новость
smi24.net
Ozodi.org
Январь
2019

Новости за 13.01.2019

Ҳаракати автобусҳо дар Душанбе зиёдтар мешавад, вале

Ozodi.org 

Шаҳрдории Душанбе эълон кард, ки аз рӯзи 16-уми январ ҳаракати мусофирбарҳои хурде, ки дар як хатсайри серодам мусофир мекашонанд, манъ мешавад. Шаҳрдорӣ рӯзи 11-уми январ бо нашри як эълон дар вебсайти расмии худ навиштааст, ки бо мақсади кам кардани танбашавии нақлиёт дар кӯчаю хиёбонҳои марказии Душанбе ва беҳтар кардани хизматрасонӣ ба мусофирон, аз 16 январи соли 2019 ҳаракати микроавтобусҳои хатсайри манъ карда мешавад”. Ба гуфтаи шаҳрдорӣ ба ҷойи ин ҳаракати автобусҳои рақами 2, 18, 4... Читать дальше...

Толибон як кӯдак ва се афсари пулисро дар Ҳирот куштанд

Ozodi.org 

Дар натиҷаи ҳамла ба як идораи пулис дар шаҳри Ҳироти Афғонистон 5 нафар кушта шудаанд. Фарҳод Ҷайлонӣ, сухангӯи ҳуукумати вилояти Ҳирот гуфт, ки ҳамла соати 6 ба вақти маҳаллӣ ва рӯзи 12-уми январ ба вуқуъ пайваст. Қорӣ Юсуф Аҳмадӣ, як сухангӯи Толибон гуфтааст, ки ҳамла кори дасти ҷангҷӯёни онҳо буд. Фарҳод Ҷайлонӣ ба Радиои Озодӣ гуфт, дар ҷараёни даргирии дусоата се афсари пулис, як кӯдак ва як ғайринизомии дигар кушта шуданд. Чаҳор маъмури дигари пулис ҷароҳат бардоштаанд. Амонулло Амирхел... Читать дальше...

Фалокат дар кони Чин 21 нафарро ҳалок кард

Ozodi.org 

Дар натиҷаи таркиши як кони ангишт дар Чин 21 нафар ба ҳалокат расидаанд. Ба навиштаи хабаргузориҳои давлатӣ, фоҷиа рӯзи 13-уми январ дар вилояти Шансӣ дар яке аз вилоятҳои аслии истихроҷкунандаи ангишт ба вуқуъ пайвастааст. Шастушаш конкани дигарро наҷот додаанд. Бо вуҷуди коҳиши талафот дар конҳои ангишт дар Чин дар солҳои гузашта, дар ин кишвар назар ба ҳар гушаи дигари дунё ангиштканҳо зиёдтар дар зери нақб монда ҳалок мешаванд.

Эрон аз тасмими Лаҳистон асабонӣ шудааст

Ozodi.org 

Вазорати умури хориҷии Эрон тасмими Лаҳистон барои мизбонии муштараки як ҳамоиши амниятӣ дар мавриди Ховари Миёнаро “амали душманона ба зидди Эрон” номидааст. Хабаргузории давлатии ИРНА рӯзи 13-уми январ навишт, ки дипломатҳои эронӣ бо ҳадафи баёни эътирозӣ расмӣ, Войтсех Унолт, кордори сафорати Лаҳистон дар Теҳронро ба вазорат даъват кардаанд. Қарор аст, конфронси мазкур бо мусоидати Амрико ва Лаҳистон рӯзҳои 13 ва 14-уми феврал дар Варшава сурат бигирад. Хабаргузории ИРНА аз қавли як мақоми вазорат навиштааст... Читать дальше...

Ҳушдори нави Доналд Трамп бо ангушти иттиҳом ба сӯи демократҳо

Ozodi.org 

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико ҳушдор дод, ки мумкин аст, таваққуфи кори қисме аз ҳукумат ҳамчунон идома ёбад ва вакилони Ҳизби демократро гунаҳкори ин вазъ номид. Дар таърихи Амрико то кунун дида нашудааст, ки таваққуф дар кори ниҳодҳои давлатӣ ба ин ҳад тӯл кашида бошад. Ӯ рӯзи 12-уми январ дар Твиттер навишт, “то замоне, ки демократҳо аз “таътил” барнагарданд ва ба кор оғоз накунанд, таваққуф идома меёбад.” Қарор аст, вакилони порлумони Амрико ҳамин ҳафта ба кор баргарданд. Таваққуфи 21 рӯза дар кори ҳукумат... Читать дальше...

Нахуствазири Македония мунтазири посухи Юнон аст

Ozodi.org 

Зоран Заев, нахуствазири Македония гуфт, ки интизор дорад, порлумон Юнон созиш дар бораи тағйири номи кишвараш ба Ҷумҳурии Македонияи Шимолиро тасвиб мекунад. Ӯ рӯзи 12-уми январ гуфт, вакилони мардумии Македония бо ворид кардани ислоҳот ба Қонуни асосӣ, ки имкон дод, номи кишвар тағйир ёбад, “кори таърихӣ карданд.” Вай гуфт, “Ман медонам, чӣ қадар сахт буд. Мо озурдагиҳоро дар гузашта мегузорем ва бо ифтихор ба оянда менигарем.” Нахуствазири Македония афзуд, ҳоло интизор дорад, ки порлумони... Читать дальше...





СМИ24.net — правдивые новости, непрерывно 24/7 на русском языке с ежеминутным обновлением *