Мы в Telegram
Добавить новость
smi24.net
Ozodi.org
Январь
2019

Новости за 26.01.2019

Ҷасади Ҳукмишоҳро баъди 11 рӯз аз зери тарма ёфтанд. АКС

Ozodi.org 

Ҷасади Ҳукмишоҳ Саидов, сокини ҷамоати Язгуломи ноҳияи Ванҷро баъди ёздаҳ рӯз аз зери тарма берун оварданд. Наздиконаш ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки ҷасади Ҳукмишоҳ рӯзи 26-уми январ ёфт шуд ва маросими дафни ӯ рӯзи якшанбе баргузор мешавад.

Дар Душанбе ҷавонони аз 18 то 27-соларо мешуморанд

Ozodi.org 

Мақомоти шаҳри Душанбе ду моҳ пеш аз шурӯи мавсими даъвати баҳорӣ ба хидмати ҳарбӣ, ба шумурдани ҷавонони аз 18 то 27-сола дар пойтахт оғоз кардаанд. Дар ин робита дар оғози ҳафтаи гузашта қарори Рустами Эмомалӣ, шаҳрдори Душанбе, ба тасвиб расид. Даъвати баҳории ҷавонон ба артиш маъмулан моҳи апрел шуруъ шуда, то ду моҳ идома мекунад. Бино ба қарори нав, то 25-уми март ҷавононе, ки тибқи қонун аз хидмат озод нестанд, аз ташхиси тиббӣ гузаранд. Абдумаҷид Усмонзода, сухангӯи ҳукумати Душанбе, дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт... Читать дальше...

Шӯрои амният бӯҳрони сиёсии Венесуэларо баҳс мекунад

Ozodi.org 

Қарор аст, Шӯрои амнияти Созмони Милали Муттаҳид рӯзи шанбе буҳрони сиёсӣ дар Венесуэларо баррасӣ кунад. Иёлоти Муттаҳида қаблан хоста буд, ки барои баҳс дар мавриди вазъияти Венесуэла як нишасти изтирорӣ ё фавқулодаи Шӯрои амният баргузор шавад. Интизор меравад, Майк Помпео, вазири умури хориҷии Амрико, дар ин нишаст иштирок кунад. Помпео рӯзи 25-уми январ гуфт, ӯ аз соири кишварҳо хоҳад хост, то аз Хуан Гуайдо, раҳбари муваққати Венесуэла ҳимоят кунанд. Гуайдо рӯзи чаҳоршанбеи гузашта дар ҳоле худро раиси ҷумҳури муваққат эълон кард... Читать дальше...

Ҳамлаҳои ҳавоӣ дар ҷануби Афғонистон 16 узви як оиларо кушт

Ozodi.org 

Ҳамлаҳои ҳавоӣ дар ҷануби Афғонистон 16 узви як хонаводаро куштааст. Атоулло Афғон, раҳбари Шӯрои вилоятии Ҳилманд гуфт, ҳамлаҳои ҳавоӣ дар пайи сахттар шудани муқовиматҳои байни нерӯҳои давлатӣ ва ҷангҷӯёни Толибон сурат гирифтааст. Вай гуфт, дар миёни кушташудаҳо ҳашт кӯдак ва се зан ҳастанд. Умар Звок, сухангӯи волии Ҳилманд гуфт, таҳқиқи ҳодиса оғоз шудааст. То ҳол маълум нест, маъсули ҳавлаҳои ҳавоӣ кӣ буд: нерӯҳои афғон ваё нерӯҳои НАТО, ки баъзан аз ҳаво ба ба нерӯҳои афғон кумак мекунад.

"Генералҳои тоҷик либоси худро дар Маскав фармоиш медиҳанд"

Ozodi.org 

Ба зудӣ милисаҳо дар Тоҷикистон бо либоси нав дар маҳзари ом зоҳир мешаванд. Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон ним сол қабл барои интихоби шакли нави либоси кормандонаш миёни тарроҳон ва ширкатҳои либосдӯзӣ озмун эълон кардааст.



Қатар ва Иморот дар нимфинали Ҷоми Осиё-2019

Ozodi.org 

​Дастаҳои мунтахаби миллии футболи Қатар ва Имороти Муттаҳидаи Араб, ки дар чорякфинали Ҷоми Осиё-2019 пирӯз шуданд, ба ҳаққи ширкат дар даври ниманиҳоии мусобиқот мушарраф гаштанд.

"Shutdown" ё таътили идораҳои далватии Амрико ба поён расид

Ozodi.org 

Тӯлонитарин таътил ваё “шатдаун”-и ҳукумати Амрико ба поён расид. “Шатдаун” 35 рӯз идома кард. Маҷлиси Намояндагон ва Сенати Амрико рӯзи 25-уми январ тарҳеро тасвиб карданд, ки дар натиҷаи он маоши идораҳои ҳукуматӣ то 15-уми феврал пардохта хоҳад шуд. Баъдан ин тарҳро раиси ҷумҳури Амрико Доналд Трамп низ имзо гузошт.  Баъзе аз идораҳои ҳукумати федеролии Амрико рӯзи 22-юми декабри соли 2018 таътил шуданд. Ба ин маъно, ки ҳеч гуна маоше барои онҳо пардохта нашуд ва аз ин нигоҳ кормандони давлат бо мушкили бузург рӯбарӯ буданд. Читать дальше...

Боздошти паноҳҷӯи 49-солаи тоҷик дар Олмон

Ozodi.org 

Як паноҳҷӯи тоҷик, ки дар ҳоли ҳозир аз ӯ ном бурда намешавад, дар шаҳри Олсберги вилояти Нордрайн Вестфален дастгир шудааст. Мақомоти Олмон гуфтанд, ки паноҳҷӯи тоҷик бояд ба Литва ихроҷ мешуд.

Аз вазирону раисони тоҷик чӣ мехоҳанд? ВИДЕО

Ozodi.org 

Хабарнигорони тоҷик ин шабу рӯз ба вазирон ва раисони идораҳои давлатӣ бастаи суолҳои худро омода мекунанд. Онҳо мехоҳанд, паҳлӯҳои норӯшани чанд ҳодисаро, ки дар давоми беш аз ним соли охир дар кишвар рух додааст, маълум кунанд.

Аз вазирони тоҷик чӣ мехоҳанд?

Ozodi.org 

Хабарнигорони тоҷик ин шабу рӯз ба вазирон ва раисони идораҳои давлатӣ бастаи суолҳои худро омода мекунанд. Онҳо мехоҳанд, паҳлӯҳои норӯшани чанд ҳодисаро, ки дар давоми беш аз ним соли охир дар кишвар рух додааст, маълум кунанд.





СМИ24.net — правдивые новости, непрерывно 24/7 на русском языке с ежеминутным обновлением *