Мы в Telegram
Добавить новость
smi24.net
Ozodi.org
Январь
2019

Новости за 27.01.2019

Саҳнаи афсонавӣ. Видеои муҳоҷире, ки бом покиза мекунад

Ozodi.org 

Яке аз корбарони вебсайти Радиои Озодӣ видеоеро ба мо фиристод, ки ҳам зимистони сард, ҳам кори сахт ва аз тарафи дигар зебоии табиатро нишон медиҳад. Шумо ҳам метавонед, видеову аксу хабарҳои худро бифристед. Рақами ИМО, Вайбер ва Вотсаппи мо ин аст: +420 724 053 959

Сафири нави Амрико ба Душанбе меояд

Ozodi.org 

Сафорати Амрико дар Душанбе хабар дод, ки Марк Поммершайм, сафири тозатаъйини он кишвар ба зудӣ барои иҷрои вазифаҳояш ба Тоҷикистон меояд. Рӯзи дақиқи омадани ӯро эълон накардаанд. Дар баёнияи сафорат аз рӯзи 27-уми январ омадааст, ки дипломати собиқадорро Доналд Трамп раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳида рӯзи 12-уми сентябр ба ин мақом пешниҳод кард ва номзадии ӯ расман рӯзи 7-уми январ тасдиқ шудааст. Марк Поммершайм аз соли 2015 то соли 2018 муовини сафири Амрико дар Қазоқистон буд. Аз ин пештар... Читать дальше...

Русия 75-умин солгарди хотираи Ленинградро таҷлил кард

Ozodi.org 

Дар Русия 75-умин солгарди хотима додан ба муҳосираи маргбори шаҳри собиқи Ленинградро  таҷлил карданд, ки дар натиҷаи он садҳо ҳазор нафар ҷон додаанд. Дар маросими таҷлил дар шаҳри Санкт-Петербург, раиси ҷумҳур  Владимир Путин ширкат кард, аммо зимни раҳпамоии низомӣ дар маркази шаҳр ҳузур надошт. Маросим рӯзи 27-уми январ сурат гирифт. Тахмин мешавад, ки дар замони Ҷанги Бузурги Ватанӣ, ки аз соли 1941 то соли 1945 идома кард, нерӯҳои Олмони фашистӣ Ленинградро 872 рӯз дар муҳосира нигаҳ доштанд. Читать дальше...

Ситоиши Майк Помпео аз пешрафт дар гуфтугуҳо бо Толибон

Ozodi.org 

Майк Помпео, вазири умури хориҷии Амрико аз “пешрафтҳои чашмгир” дар гуфтугуҳо бо Толибон суҳбат ва ҷараёни ин гуфтугуҳоро ситоиш кард. Залмай Халилзод, фиристодаи хоси Амрико барои Афғонистон рӯзи 6-ум аст, ки бо намояндагони Толибон дар Қатар дар бораи хотима додан ба ҷанги 17-солаи онҳо дар Афғонистон гуфтугу дорад. Майк Помпео рӯзи 26-уми январ дар Твиттер навишт, ки хабарҳои ташвиқкунандаеро аз Залмай Халилзод дарёфт кардааст. Ӯ ҳамчунин гуфтааст, ки Залмай Халилзод аз “пешрафтҳои чашмгир... Читать дальше...

Амрикову Канада ҳавопаймоҳои Русияро дунболагирӣ карданд

Ozodi.org 

Ҳавопаймоҳои ҷангии Амрико ва Канада ду ҳавопаймои бомбаандози Русияро думболагирӣ кардаанд, ки ба гуфтаи мақомот ба минтақаи таҳти назорати неруҳои Канада ворид шудаанд. Фармондеҳи неруҳои муҳофизатии Амрикои шимолӣ рӯзи 26-уми январ гуфт, ки ду ҳавопаймоии Ту-160 – и Русия рӯзи 25-уми январ мушоҳида шудаанд ва ду ҳавопаймои ҷангии F-22 ва ду ҷангандаи CF-18 аз Канада ба маҳалли вуруд парвоз карданд ва ҳавопаймоҳои Русияро аз фазои зери назорат берун кардаанд. Ҳавопаймои Ту-160 қодир ба ҳамли мушакҳои атомист. Читать дальше...



Таркиш дар қаҳвахонаи Русия соҳиби зодрӯзро кушт

Ozodi.org 

Дар натиҷаи таркиши газ дар як қаҳвахонае дар Русия 1 нафар кушта шудааст ва  22 тани дигар осеб дидаанд. Фалокат рузи 26-уми январ дар маҳаллаи Лисие Гори дар вилояти Саратов рух дод. Таркиш дар замони таҷлили зодрузи як муҳандиси 60-сола ба вуқуъ пайвастааст ва замони ҳодиса дар қаҳвахона 35 меҳмон ва 5 корманди қаҳвахона ҳузур доштаанд. Дар натиҷаи таркиши қавӣ 90 дар сади бадани муҳандис сухта ва у дар шифохона ҷон додааст.  Ёздаҳ нафари дигар дар шифохона муолиҷа мегиранд. Кумитаи тафтишоти Русия гуфт... Читать дальше...

Бейдери амрикоӣ Емеляненкои русро бо нокаут шикаст дод

Ozodi.org 

Размандаи услуби омехта (ММА) Райан Бейдери амрикоӣ дар финали "Гран-при" Bellator дар вазни сангин Фёдор Емеляненкои русро бо нокаут шикаст дод. Дар ин бора нашрияи “Спорт – Экспресс” хабар додааст. Сабқат миёни Бэйдери 35-сола  ва Емеляненкои 42-сола шаби 26-ум ба 27-уми январ дар Инглвуди иёлати Калифорнияи Иёлоти Муттаҳидаи Амрико баргузор шуд. Рақобат ҳамагӣ 34 сония идома кард. Дар арафаи ин қувваозмоӣ Емеляненко нисбат ба рақибаш 3,8 килограмм вазнинтар буд. Бейдер 103,4 кг ва Емеляненко 107,2 кг вазн доштанд. Читать дальше...





СМИ24.net — правдивые новости, непрерывно 24/7 на русском языке с ежеминутным обновлением *