Мы в Telegram
Добавить новость
smi24.net
Ozodi.org
Январь
2019

Новости за 22.01.2019

Shutdown ба Тоҷикистон расид

Ozodi.org 

Паёмади қатъи муваққатии кори ҳукумати Амрико ё Shutdown, ки ба дунболи баҳси президент Доналд Трамп ва демократҳои Конгресс як моҳ пеш шурӯъ шуд, аз дурии тақрибан 11 ҳазор километр дар Тоҷикистон ҳам эҳсос шуд.

Кори неки мардуми Зафаробод дар ҳаққи худ.

Ozodi.org 

Муаллифи видео рӯзи 22-уми январ ба Радиои Озодӣ гуфт, ки дар гузашта пулро сел чанд дафъа хароб кард ва мардум зимни убур аз он бисёр азоб мекашиданд. Ҳоло умедворанд, пули ба сел тобоваре, ки сохтаанд, то дер барои мардум хидмат мекунад.

Номзадҳо ба ҷоизаи Оскар маълум шуданд

Ozodi.org 

Академияи синамои Амрико номзадҳо ба ҷоизаи "Оскар"-ро эълон кард. Филмҳои "Китоби сабз", "Ситора тавлид шуд", "Баргузида", "Ҳокимият", "Юзи сиёҳ" ва "Рапсодияи боҳемӣ" дар бахши филми беҳтарин номзад пешниҳод шуданд. Дар бахши беҳтарин ҳунарманди мард Вигго Мортенсен, Брэдли Купер, Рами Малек, Кристиан Бэйл ва Уилиам Дефо сабқат мекунанд. Леди Гага, Мелисса Маккарти, Ялициа Апарисио, Гленн Клоуз ва Оливия Коулмен дар бахши беҳтарин ҳунарманди зан номзад шудаанд. Тақдими ҷоизаи "Оскар" имсол... Читать дальше...

Юлия Тимошенко довталаби курсии президентии Украина шуд

Ozodi.org 

Номзадии нахуствазири пешини Украина Юлия Тимошенко ба мақоми раиси ҷумҳур пешбарӣ мешавад. Ӯ дар ин бора рӯзи 22-юми январ дар анҷумани ҳизби "Баткившина", ки худ раҳбараш аст, хабар дод. Вакилон номзадии Тимошенкоро якдилона пазируфтанд. Тимошенко ҳангоми суханронӣ дар анҷуман барои "иштибоҳҳо"-и гузаштааш узр хост ва гуфт, бо Кремл ягон робита надорад. Нахуствазири пешин ҳамчунин гуфт, ноҳияҳои Донбассро, ки аз назорати Украина хориҷ шудаанд, бармегардонад.  Дар анҷумани ҳизби "Баткившина"... Читать дальше...

Суқути бомбандози Русия дар Мурманск. Хисороти ҷонӣ ҳаст

Ozodi.org 

Ҳавопаймои ҷангии ТУ-22МС рӯзи 22-юми январ ҳангоми нишастан дар фурудгоҳи Оленгорски вилояти Мурманск ба садама дучор шуд.   Хабаргузории ТАСС навишт, аз чаҳор нафаре, ки дар ҳавопаймо буд, ду нафар - фармондеҳи ҳавопаймо ва штурман зинда монд.  Хабари ду кушта ва ду наҷотёфтаро хабаргузории "Интерфакс" бо такя ба манбаъҳои Вазорати дифои Русия тасдиқ кард. Дар ин ниҳод гуфтанд, ки ҳавопаймо ба хати парвоз бархӯрд ва суқут кард. Ту-22 бидуни силоҳ парвози тамринӣ анҷом медод.   Ба гуфтаи идораи тарҳҳои "Туполев"... Читать дальше...



Ахбори Озодӣ аз 22-уми январи соли 2019

Ozodi.org 

Ҳавопаймое, ки ба Маскав мерафт, самташро ба Афғонистон тағийр дод Таъйини раисони нави “Тоҷикэйр ” ва “Амонтабонк” Роҳи Душанбе – Чаноқ боз шуд Кӯдакони тоҷикро бе модар аз Ироқ меоранд Зани тоҷик крани борбардорро идора мекунад аз сӯи зани тоҷик ва матолиби дигар.

Таркиш дар корхонаи нафти Гулистон. Як кушта ва ду захмӣ

Ozodi.org 

Дар натиҷаи таркиш дар корхонаи коркарди нафти шаҳри Гулистони вилояти Суғд як нафар ба ҳалокат расида, ду тани дигар, аз ҷумла як шаҳрванди Чин маҷруҳ шудаанд. Мақомоти Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон гуфтанд, ки ҳодиса рӯзи 22-юми январ рух дод. Ба иттилои расмӣ, дар корхонаи "Манфиат" аввал сӯхтор сар зада ва сипас таркиш шудааст. Сабаби сӯхтор “риоя накардани қоидаҳои бехатарии маводи зуддаргиранда” гуфта мешавад. Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон гуфт, дар ин ҳодиса Фирдавс Пӯлодов, сокини 26-солаи шаҳри Гулистон ҷон бохтааст. Читать дальше...

Мусофире, ки парвози ҳавопаймо ба Афғонистонро талаб кард, боздошт шуд

Ozodi.org 

Мусофири ҳавопаймои хатсайри Сургут-Маскав, ки аз халабонҳо талаб кард ба Афғонистон парвоз кунанд, боздошт шудааст. Хабаргузории Интерфакс бо такя ба манбаи огоҳаш менависад, ки мусофири ҳавопаймо силоҳ надошт. Чанде пеш ин хабаргузорӣ гуфт, ки як мусофири 41-солаи шаҳрванди Русия талаб кард, ки ҳавопаймо ба самти Афғонистон парвоз кунад. РИА Новости бо истинод ба манбаи беномаш гуфт, ки ходимони экипаж тавонистанд бо баҳонаи сӯхтгирӣ ҳавопайморо дар фурудгоҳи Ханти-Манскийск фуруд оранд. Ин манбаъ гуфтааст, ки мусофир маст буд. Читать дальше...

Украина: киштиҳои оташгрифта ба Сурия маводи сухт мебурданд

Ozodi.org 

Ду киштии таҳти парчами Танзания, ки шоми 21 январ дар баҳри Сиёҳ, наздикии тангнои Керч оташ гирифта, дастикам 14 нафарро ба ҳалокат расонд, дар қочоқи маводи сухт ба Сурия даст доранд. Дар ин бора Вазорати Украина дар умури қаламравҳои ишғолшуда рӯзи сешанбе бо пахши як изҳорот хабар дод.  Биноба маълумоти Идораи умури назорат ба дороиҳои хориҷӣ дар Вазорати милияи ИМА, киштиҳои "Венис" ва "Маэстро" аз соли 2016 ба ин тараф ба Сурия гази моеъ мебурданд, омадааст дар изҳорот. Дар изҳорот ҳамчунин гуфта мешавад... Читать дальше...

Баъди эътирозҳои густарда парвандаи нави блогнависи озарӣ лағв шуд

Ozodi.org 

Мақомоти Озарбойҷон иттиҳоми нави блогнависи зиддифасод Меҳмон Ҳусеновро лағв карданд. Дар ин бораи Додситонии кулли Озарбойҷон хабар дод. Ҳусейнов ду сол боз дар зиндон аст. "Парвандаи ҷиноӣ алайҳи Меҳмон Ҳусейнов бекор карда шуд",- гуфт дафтари матбуоти додситонӣ рӯз 22 январ, ба думболи тазоҳуроти густарда ва талаби озодии Ҳусейнов дар дохил ва хориҷи Озарбойҷон. Дар баробари намоиши эътирозии серодами рӯзи 19 январ дар Боку, Порлумони Аврпуо бо талаби озодии оҷили Ҳусейнов қатънома қабул кард. Читать дальше...

Тағйироти кадрӣ дар Вазорати молия ва Дастгоҳи президент

Ozodi.org 

Дар Вазорати молия ва Дастгоҳи иҷроияи президенти Тоҷикистон чанд тағйироти кадрӣ сурат гирифт. Бино ба қарорҳои ҳукумати Тоҷикистон, ки рӯзи 22-юми январ нашр шуд, Ҷамшед Нурмаҳмадиён "бо сабаби ба кори дигар гузаштан" аз вазифаи муовини вазири молия озод гардид. Нурмаҳмадиён 46 сол дошта, қаблан дар Оҷонси рушди коғазҳои қиматбаҳо кор кардааст. Аз моҳи марти соли 2015 муовини вазири молия буд. Ҳоло Абдураҳмон Ҳалимзод ва Карим Гулмуродзода муовинони нави вазири молия муаррифӣ шуданд. Гулмуродзода... Читать дальше...

Ситораи попи Русия аз тарси боздошташ сафари ИМА-ро лағв кард

Ozodi.org 

Ситораи попи Русия Эмин Агаларов баъди шикасти музокирот бо прокурори махсус ва Когресси ИМА сафари ҳунариаш ба Амрикоро бекор кард. Агаларов бояд дар робита ташкили мулоқоти писари номзад ба мақоми президентии ИМА ва ҳуқуқдони Русия Наталя Веселнитская, соли 2016 дар Trump Tower,  ба ин ду ниҳод шоҳидӣ медод.  Эмин Агаларови 39-сола писари миллиардери сохтмон Арас Агаларов, ҳамкори муҳими тиҷоратии Трамп дар Русия аст.  Эмин Агаларов рӯзи 21 январ дар твиттер навишт: "Бинобар вазъияте, ки хориҷ аз назорати ман аст... Читать дальше...

Мақоми нави писари Маҳмадсаид Убайдуллоев дар ҳукумат

Ozodi.org 

Амирҷони Убайдулло, писари Маҳмадсаид Убайдуллоев, раиси Маҷлиси Миллии Тоҷикистон мушовири калони ёвари президент оид ба масъалаҳои иқтисодӣ таъйин шуд. Дар ин бора рӯзи 22-юми январ амри президенти Тоҷикистон содир гардид. Вай аз соли 2014 боз дар вазифаи муовини сардори раёсати молияи Дастгоҳи иҷроияи президент кор мекард. Амирҷони Убайдулло қаблан ба ҳайси намояндаи Тоҷикистон дар Бонки Ҷаҳонӣ ва Сандуқи Байналмилалии Пул низ кор кардааст. Маҳмадсаид Убайдуллоев солҳои тӯлонӣ шаҳрдори Душанбе... Читать дальше...

Хуруҷи афсарони эҳтиётии Туркманистон аз кишвар мамнуъ шуд

Ozodi.org 

Туркманистон берун рафтани сарбозони эҳтиётӣ ба хориҷи кишварро мамнуъ кард. Аз моҳи ноябр афсарони эҳтиётиро ба комиссариатҳои ҳарбӣ даъват ва аз онҳо талаб мекунанд, ки дар макони сабти номашон ҳозир бошанд. Дар ин бора бахши туркмании Радиои Озодӣ бо такя ба манбае дар ниҳоди низомии Туркманистон хабар медиҳад.  Комиссариатҳои низомӣ дастур гирифтаанд, ки мардҳои то 50 соларо ба манзури коршоям будани онҳо дар амалиёти низомӣ мавриди санҷиш қарор диҳанд,- гуфтааст ин манбаъ ба Радиои Озодӣ. Қариб тамоми навоҳии наздимарзии Афғонистонро... Читать дальше...

Қирғизистон истифодаи Манасро дар шаробҳо манъ мекунад

Ozodi.org 

Дар Қирғизистон лоиҳаи қонуне дар баррасии ҷомеа қарор дорад, ки истифодаи номи қаҳрамонини "Хамосаи Манас"-ро дар шаробҳо манъ мекунад.  Лоиҳаи тағйиру иловаҳо ба қонуни "Ҳамосаи "Манас" ташаббуси вакили порлумони Қирғизистон Тазабек Икромов аст. Лоиҳа истифодаи номи персонажҳои мусбати асар -- Манас, Бакай, Семетей, Каникей ва Сейтекро дар нӯшокиҳои спиртӣ ва тамоку мамнуъ мекунад. "Имрӯз зарурати баланд бардоштани сатҳи идеологияву фаҳмиши сокинон ва гузаронидани корҳои тарбиявӣ дар робита ба муқаддасоти аҷдодиямон пеш омадааст. Читать дальше...

Дар Тошканд ганҷинаи қадимиро пайдо карданд

Ozodi.org 

Дар маркази шаҳри Тошканд, пойтахти Узбекистон дар таҳхонаи яке аз манзилҳо ганҷинаи қадимие пайдо шуд. Ин ганҷина бештар аз 1 миллион доллар арзиш дорад. "Бино соли 1870 сохта шудааст. Зери таҳхонаҳои он як иморати дигар мавҷуд будааст. Роҳи вурудӣ ба иморат махкам шуда, 80 сол касе аз он огоҳӣ надошт", - менависанд расонаҳои Узбекистон. Миёни бозёфтҳо тангаву тило, расмҳои қадимӣ ва зару зевар мавҷуд аст. Ин бозёфт ҷиҳоз ва ашёи гаронбаҳои марбут ба дарбори Русияи подшоҳиро низ дар бар мегирад. Читать дальше...

Қазоқистон берунории шаҳрвандонашро аз Сурия идома медиҳад

Ozodi.org 

Вазорати корҳои хориҷии Қазоқистон гуфт, ки мақомоти ин кишвар амалиёти берунории шаҳрвандонро аз Сурия идома медиҳанд. Дар ин бора рӯзи 21 январ Айбек Смадияров, намояндаи расмии вазорат иттилоъ дод. "Дар ин амалиёт таваҷҷуҳи асосӣ ба кӯдакони то синни 5-сола равона мешавад. Аксари онҳо дар ҳудуди Сурия таваллуд шудаанд. Мо метавонем бигӯем, ки ин марҳилаи ниҳоии амалиёт нест", - гуфт Айбек Смадияров. Мақомоти он кишвар рӯзи 9 январ эълон карданд, ки 47 шаҳрванди Қазоқистонро аз Сурия берун овардаанд. Читать дальше...

Ҳамлаи Толибон ба пойгоҳи низомӣ даҳҳо кушта бар ҷой гузошт

Ozodi.org 

Дар натиҷаи ҳамлаи гуруҳи тундрави Толибон ба як маҷмааи размоиши низомии Афғонистон 126 нафар кушта шуд. Дар ин бора хабаргузории Reuters бо истинод ба мансабдори баландпояи Вазорати дифои Афғонистон иттилоъ дод. Вале мақомоти расмӣ шумори кушташудаҳоро 12 нафар мегӯянд. Толбибон иддао карданд, ки дар ҳамлаи рӯзи 21 январ 190 низомии афғон кушта шуд. Намояндагони мақомоти маҳаллӣ дар суҳбат бо хабаргузорӣ ҳалокати беш аз 100 нафарро тасдиқ карданд, вале намояндагони ҳукумати Афғонистон аз шарҳи ҳодиса худдорӣ мекунанд. Читать дальше...





СМИ24.net — правдивые новости, непрерывно 24/7 на русском языке с ежеминутным обновлением *