Мы в Telegram
Добавить новость
smi24.net
Ozodi.org
Январь
2019

Новости за 19.01.2019

Садҳо нафар дар Боку озодии зиндониҳои сиёсиро талаб карданд. АКС

Ozodi.org 

Садҳо эътирозгар аз ҳукумати Илҳом Алиев, раиси ҷумҳури Озарбойҷон, талаб карданд, блогери зидди фасод Меҳмон Ҳусейнов ва афродеро, ки ки ба бовари онҳо маҳбуси сиёсӣ ҳастанд, озод намояд. Ин роҳпаймоӣ рӯзи 19-уми январ дар шаҳри Боку баргузор гардид. Меҳмон Ҳусейнов мебоист ба зудӣ аз зиндон озод шавад. Вале охири моҳи гузашта, дар арафаи анҷоми муҳлати ҳабсаш, мақомоти Озарбойҷон алайҳи ӯ айбномаи нав эълон карданд. Ӯ ҳоло ба "зуроварии хатарнок ба ҳаёти намояндаи ҳукумат" муттаҳам мешавад. Читать дальше...

Шӯҳрат Улфатов: "Ба ман гуфтанд, ки Раҷабмоҳу кӯдакон сиҳатанд, хурсанд шудам"

Ozodi.org 

Шӯҳрат Улфатов, муҳоҷири тоҷик, ки тақрибан бист рӯз пеш аз зери харобаҳои як хонаи фурӯрафта дар шаҳри Магнитогорск берун оварда шуд, бори аввал суҳбати видеоӣ кард. Ин навор дар бемористони Челябинск тавассути наздиконаш сабт шуда, рӯзи 19-уми январ ба дасти Радиои Озодӣ расид.

Шӯҳрат Улфатов: "Ба ман гуфтанд, ки Раҷабмоҳу кӯдакон сиҳатанд, хурсанд шудам" ВИДЕО

Ozodi.org 

Шӯҳрат Улфатов, муҳоҷири тоҷик, ки тақрибан 20 рӯз пеш аз зери харобаҳои як хонаи фурӯрафта дар шаҳри Магнитогорски Русия зинда берун оварда шуд, бори аввал суҳбати видеоӣ кард.

Боздошти як гуруҳ аз муҳоҷирони тоҷик дар Челябинск

Ozodi.org 

Як гуруҳ аз муҳоҷирони тоҷику узбек дар Челябински Русия боздошт ва ба идораҳои пулис бурда шудаанд. Ҳодиса рӯзи 18-уми январ сурат гирифтааст. Муҳоҷирон дар тамоси телефонӣ бо Радиои Озодӣ гуфтанд, ки маъмурони пулис аз онҳо санади иқомат ва иҷозаи кор талаб карданд. Муҳаммад, як муҳоҷири тоҷик дар Челябинск, рӯзи 19-уми январ дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, шаби гузашта дар идораи пулиси Курчатов буд ва дар онҷо шумораи зиёди муҳоҷирони боздоштшудаи тоҷику узбекро дидааст. Вай барои раҳо кардани бародарзодааш... Читать дальше...

Гулбиддин Ҳикматёр номзад ба мақоми президентӣ шуд

Ozodi.org 

Гулбиддин Ҳикматёр – раиси Ҳизби исломӣ – номзад ба мақоми президентии Афғонистон шуд. Вай рӯзи 19-уми январ худро дар Кумисюни интихобот номнавис кард. Муовини аввалаш Фазлҳодӣ Вазин ва муовини дувумаш Ҳафизурраҳмон Нақӣ муаррифӣ шуданд. Гулбиддин Ҳикматёр гуфт, шӯрои олии давлатиро таъсис медиҳад, ки тасмимҳои муҳими миллӣ аз тарафи ҳамин шӯро гирифта хоҳад шуд. Ӯ, ҳамчунин, гуфт, Кумисюни интихобот бояд ислоҳ шавад, то интихоботи оянда бо шаффофият анҷом гирад ва ҳақ ба ҳақдор бирасад. Раҳбари Ҳизби исломӣ ҳаштумин номзад аст... Читать дальше...

Саҳнаҳои бӯсобӯсиро дар филмҳо қайчӣ зананд ё бимонанд?

Ozodi.org 

Ҳамагуна лаҳзаи бӯсу канор ва ҳамхобагӣ дар филмҳо аз ин ба баъд ба телевизионҳои давлатии Тоҷикистон роҳ нахоҳанд ёфт. Як гуруҳи махсус муваззаф шудаанд, ки филмҳоро қабл аз пахш мӯшикофона тамошо карда ва чунин саҳнаҳоро қайчӣ зананд. Сокинон дар ин бора чӣ назар доранд? Дар ин навор бинед.



"Кумакҳои Русия ба Қирғизистон, ба маънои сарфи назар шудани Тоҷикистон нест"

Ozodi.org 

Русия дар чаҳорчӯби тақвияти марзҳои Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё ба Қирғизистон ёрии низомӣ ва фаннӣ (техникӣ) расонд. Тоҷикистон фаротар аз ин марзҳо қарор дорад. Барои ҷумҳурие, ки як замон, махсусан барои мавқеи ҷуғрофии худ аз ҳимояти фаннӣ ва низомии Русия бархӯрдор буд, чӣ маъно дорад?

Трамп охири феврал бо раҳбари Куриёи Шимолӣ мулоқот мекунад

Ozodi.org 

Мулоқоти дувуми Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико бо Ким Ҷонг Ун, раҳбари Куриёи Шимолӣ, охири моҳи феврали имсол баргузор хоҳад шуд. Кохи Сафед рӯзи ин хабарро 18-уми январ ва баъди он эълон кард, ки як генерали баландпояи Куриёи Шимолӣ дар як сафари истисноӣ вориди Вашингтон шуд. Ба қавли Сара Сандерз, сухангӯи Кохи Сафед, маҳалли дидори навбатии Трамп бо Ун дертар эълон мешавад. Сандерз афзуд, Трамп ва генерал Ким Йонг Чол, музокиракунандаи аршади Куриёи Шимолӣ ва раиси собиқи амнияти он кишвар, ҳудуди якуним соат гуфтугӯ кардаанд. Читать дальше...

Дар таркиши Мексика дастикам 20 нафар ҷон бохтаааст

Ozodi.org 

Дар натиҷаи таркиш дар як хатти лӯлаи нафт дар Мексика ба камияш 20 нафар кушта ва беш аз 50 тани дигар маҷруҳ шудаанд. Ҳодиса рӯзи 18-уми январ дар аёлати Ҳидалко рух дод. Умар Файёз, волии Ҳидалко, гуфтааст, 54 нафар таҳти муолиҷа қарор гирифтанд. Бино ба гузориши расонаҳои маҳаллӣ, садҳо тан бо зарф дар маҳалли ҳодиса ҳозир шудаанд, то аз онҷо нафт бигиранд. Умар Файёз дар Твиттер ба сокинон ҳушдор додаст, ки нафтро надузданд, чун ин кор натанҳо ғайриқонунист, балки ҷони онҳоро низ ба хатар меандозад.

Ду нафар барои сабқати мошинронӣ дар Душанбе дастгир шуд

Ozodi.org 

Мақомоти корҳои дохилии Тоҷикистон ду нафарро бо иттиҳоми ташкили пойга ё сабқати мошинронӣ дар яке аз кӯчаҳои шаҳри Дуганбе дастгир кардаанд. Ба Фаридун Забиров ва Маъруфҷон Қурбонов аз 13 то 16 ҳазор сомонӣ ҷарима ва ду соли маҳрумӣ аз ҳаққи ронандагӣ таҳдид мекунад. Масъулони Вазорати корҳои дохилӣ рӯзи 18-уми январ гуфтанд, Фаридун Забиров ва Маъруфҷон Қурбонов шаби 10-уми январи имсол дар хиёбони Айнии пойтахт сабқати мошинронӣ ташкил карда, “бо садои гӯшхарош ва суръати баланд оромии шаҳрвандонро халалдор намудаанд”. Читать дальше...

Боздошти 32 нафар дар Булғористон барои кумак ба ҷангҷӯён

Ozodi.org 

Пулиси вижаи Булғористон дар як амалиёти ҳамоҳангшуда дар саросари ин кишвар 32 нафарро бо гумони кумаки молӣ ба террористҳо боздошт кардааст. Иван Гешев, муовини додситони кулли Булғористон, рӯзи 18-уми январ гуфт, яке аз гумонбарон шаҳрванди Сурия буда, дар Булғористон ҳаққи иқомати доимӣ дорад. Гуфта мешавад, ӯ пулро ба ҷангҷӯён дар хориҷа дастрас мекард. Бо онки Гешев дар нишасти матбуотӣ ҳувияти гумонбаронро ошкор насохт, аммо гуфт, ин пул аз тариқи "ҳавола" ба дасти шӯришиён мерасид. Ба қавли вай... Читать дальше...

Оби гарон, аммо дастнорас дар Рӯдакӣ

Ozodi.org 

Сокинони баъзе аз хонаҳои баландошёна дар шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон мегӯянд, бо вуҷуди онки имсол нархи оби ошомиданӣ боло бурда шуд, ҳанӯз мушкили дастрасӣ ба об кам нагардид.

Манъи намоиши саҳнаҳои бӯсу канор дар ТВ-ҳои Тоҷикистон

Ozodi.org 

Ҳамагуна лаҳзаҳои бӯсу канор ва ҳамхобагии қаҳрамонони филмҳои хориҷӣ аз ин ба баъд ба телевизионҳои давлатии Тоҷикистон роҳ нахоҳанд ёфт. Як гуруҳи махсус муваззаф шудаанд, ки филмҳоро қабл аз пахш мӯшикофона тамошо карда ва чунин саҳнаҳоро қайчӣ зананд.





СМИ24.net — правдивые новости, непрерывно 24/7 на русском языке с ежеминутным обновлением *