Мы в Telegram
Добавить новость
smi24.net
Ozodi.org
Январь
2019

Новости за 29.01.2019

Ҳабиб Нурмагомедов ба мӯҳлати нӯҳ моҳ аз ҳақи ширкат дар бозиҳо маҳрум шуд

Ozodi.org 

Ҳавер Мендес, мураббии Ҳабиб Нурмагомедов қарори комиссияи аёлати Невадаи Амрико барои муваққат маҳрум кардани ин варзишгар аз иштирок дар мусобиқаҳоро нодуруст хондааст. Дар ин бора ӯ ба оҷонсии ТАСС хабар додааст. Рӯзи сешанбе, 29 январ ин варзишгар барои нӯҳ моҳ аз ҳақи иштирок дар мусобиқаҳо маҳрум шуд. Ӯ ба он муттаҳам шуд, ки пас аз пирӯз шудан дар мусобиқаи UFC бо Конор Макгрегор аз ринг ба берун ҷаста бо тарафдорони ҳарифаш задухӯрд кардааст. Ҳамчунин ин варзишгар ба пардохти 500 ҳазор доллар ҷарима вазифадор шуд. Читать дальше...

Ҳалокати 9 нафар дар як садама дар Дарвоз

Ozodi.org 

Дар натиҷаи як садамаи мудҳиш дар қаламрави ноҳияи Дарвоз 9 нафар аз ҷумла чаҳор кӯдаки хурдсол ҳалок шудаанд. Яке аз шоҳидони ҳодиса рӯзи 29-уми январ ба Радиои Озодӣ гуфт, садама дар қаламрави деҳаи Вишхарв рух додааст.  Ба гуфтаи ӯ, ронандаи мошини "Опел-Зефира" ҳангоми ҳаракат дар роҳ аз уҳдаи идораи нақлиёт набаромадааст ва мошин ба дарёи Панҷ афтодааст. Дар Раёсати умури дохилии вилояти Бадахшон вуқуи фалокатро тасдиқ карда гуфтанд, ки гуруҳи кормандони милиса ба маҳалли ҳодиса рафтаанд ва таҳқиқ шуруъ шудааст. Читать дальше...

Вазорат гуфт, бе иҷоза ба "маршировка" наравед

Ozodi.org 

Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон бо судури як қарор ба ректорони ҳамаи донишгоҳҳо ва мактабҳои олии кишвар дастур додааст, ки минбаъд бидуни иҷозаи вазорат донишҷӯёнро ба чорабиниҳои фарҳангӣ, фароғатӣ ва cиёсӣ ҷалб накунанд.

Порошенко барои давраи дуюм довталаби курсии президентӣ шуд

Ozodi.org 

Президенти Украина Петр Порошенко рӯзи сешанбе аз пешбарии номзадиаш ба давраи дуюми президентӣ хабар дод.  Ӯ дар форуми "Аз Крут то Брюссел" суханронӣ кард. Манзур даргирии  Крут аст, ки 101 сол пеш дастаҳои украинӣ ба болшевикҳо муқовимат карда буданд. Президенти Украина ваъда дод, ки дар сурати интихоб шуданаш соли 2024 барои вуруди Украина ба Иттиҳоди Аврупо расман ариза медиҳад.  Ба гуфтаи Порошенко, ӯ ба даври нави раёсат меравад, то таъғирнопазирии масири кишвар ба Иттиҳоди Аврупо ва НАТО-ро  таъмин кунад. Читать дальше...



"Дадам кай меояд?". Нилуфар дар интизори падари бенишон. ВИДЕО

Ozodi.org 

Нилуфари 5-сола як соли охир ба касе иҷоза намедиҳад, ки мӯяшро қайчӣ зананд. Ӯ қариб ҳар рӯз аз модару бибӣ мепурсад, ки кай мӯяш дароз мешавад. Ин интизории Нилуфар ба ваъдаи бозгашти падараш аз муҳоҷират вобаста аст.

"Дадам кай меояд?". Нилуфар дар интизори падари бенишон

Ozodi.org 

Нилуфари 5-сола як соли охир ба касе иҷоза намедиҳад, ки мӯяшро қайчӣ зананд. Ӯ қариб ҳар рӯз аз модару бибӣ мепурсад, ки кай мӯяш дароз мешавад. Ин интизории Нилуфар ба ваъдаи бозгашти падараш аз муҳоҷират вобаста аст. Падар дар сӯҳбатҳои телефонӣ пайваста ба Нилуфар мегуфт, ҳар вақте мӯи духтари зебояш дароз шавад, ӯ ҳам аз муҳоҷират бармегардад. Нилуфар ҳам ба ин сахт бовар дорад. Бехабар аз он, ки як сол боз падари муҳоҷираш бе ному нишон аст.

"Сhina Town" дар Хуҷанд рӯи коғаз монд

Ozodi.org 

Як ширкати чинӣ, ки ваъда дода буд, шаҳраки бузургеро дар вилояти Суғд месозад, аз ин тарҳ даст кашидааст. Ҳоло ҳукумати шаҳри Хуҷанд мегӯяд, ки барои 32 оилае, ки хонаҳояшон барои сохтани шаҳрак вайрон шуд, хона месозад.

Ҳамсари Зайнобиддинов: шиканҷа шудани ҳамсарамро такзиб накардаам

Ozodi.org 

Кумитаи тафтишоти вилояти Челябинск хабарҳо оиди шиканҷа шудани шаҳрванди 29-солаи Қирғизистон Ҳусниддин Зайнобиддиновро, ки дар робита ба таркиши бинои истиқоматии Магнитогорск боздошт шуда буд, таҳқиқ мекунад. Тафтишот ҳамзамон мегӯяд, ки  худи ҷабрдида ва ҳамсари ӯ "истифодаи нерӯ аз ҷониби пулисро қотеона рад мекунанд". Дар ин бора додситони вилояти Челябинск Виталий Лопин ба сомонаи Znak.com рӯзи 29 январ хабар дод. Ӯ ҳамзамон тасдиқ кард, ки "дар бадани ин мард осеби ҷисмонӣ мушоҳида мешавад". Читать дальше...

Ахбори Озодӣ аз 29-уми январи соли 2019

Ozodi.org 

Зани ҳафтодсола мегӯяд, худро оташ назадааст, идораи додситонии кулл исрор меварзад, ки вазъи Бадахшон беҳбуд ёфтааст, Шӯҳрат Уфатов аз марги оилааш хабардор шуд, шикояти муҳоҷирон аз кофтукоби хонаашон дар Домодедовои Русия ва матолиби дигар.

Нахустин мусоҳибаи Шӯҳрат Улфатов баъди шунидани хабари марги оилааш

Ozodi.org 

Шӯҳрат Улфатов дар нахустин мусоҳибааш бо Радиои Озодӣ баъди шунидани хабари даргузашти ҳамсар ва се фарзандаш дар фоҷеаи Магнитогорск гуфт, "ҳамаро аз худо ва сарнавишт мебинад" ва ба тақдир тан додааст.

Лавров: Русия барои пуштибонӣ аз Мадуро тамоми талошашро ба харҷ медиҳад

Ozodi.org 

Вазорати умури хориҷии Русия таҳримҳои ИМА алайҳи PDVSA -ширкати газу нафти Венесуэларо шадидан маҳкум кард.  Вазири умури хориҷии Русия Сергей Лавров ин таҳримҳоро "ғайриқонунӣ" ва "бадбинона" эълон кард. Ба гуфтаи Лавров "Русия барои пуштибонӣ аз президенти Венесуэла Мадуро тамоми талошашро ба харҷ хоҳад дод". Русия ба фарқ аз ИМА Мадуроро раҳбари қонунии  Венесуэла мешуморад. Лавров Амрикоро ба омодагӣ барои сарнагун кардани Мадуро муттаҳам кард. Баҳои ба ин монанд аз забони сухангӯи президенти Русия Дмитрий Песков низ садо дод. Читать дальше...

Bellingcat: Итолиё ба Туркманистон ба маблағи €257 млн аслиҳа фурӯхт

Ozodi.org 

Туркманистон аз кишварҳои Иттиҳоди Аврупо (ИА) аслиҳаи зиёде мехарад. Бино ба натоиҷи пажӯҳиши гуруҳи Bellingcat, бештари силоҳҳо аз Итолиё харидорӣ мешаванд. Кишварҳои ИА соли 2008 мавқеи ягонаеро қабул карданд, ки ба давлатҳои саркӯбгар силоҳ намефурӯшанд. Ба ҷуз ин, қонунгузории Итолиё содирот ва интиқоли силоҳро ба воситаи кишварҳое манъ мекунад, ки ҳукумати онҳо дар нақзи конвенсияи байналмилалии ҳуқуқи инсон айбдор аст. Ин ҳарду санад ба Туркманистон дахл дошт, чун ҳукумати он назарҳои... Читать дальше...

Остона: аз 300 қазоқистонӣ дар Сурия 100 тан ҷангҷӯ ҳастанд

Ozodi.org 

Дар минтақаҳои ҷангии Сурия бештар аз 300 шаҳрванди Қазоқистон ҳузур дорад, ки наздики 100 танашон ҷангҷӯ ҳастанд. Дар ин бора Нургалӣ Билисбеков, раиси Кумитаи амнияти миллии Қазоқистон рӯзи 29 январ дар як ҷаласаи порлумонии он кишвар хабар дод. Ба гуфтаи ӯ, дар байни онҳо занҳо низ ҳузур доранд. "Занҳо асосан аз паси шавҳарҳояшон ба он ҷо мераванд. Аммо занҳое ҳам ҳастанд, ки дар Қазоқистон парвандаи ҷиноӣ доштанд. Дар сурати ба ватан баргаштанашон мо онҳоро ба ҷавобгарӣ ҷалб мекунем", - гуфт муовини раис. Читать дальше...

Вазорат иштироки беиҷозаи донишҷӯён дар "маршировка"-ро манъ кард

Ozodi.org 

Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон бо судури як қарор ба ректорони ҳамаи донишгоҳҳо ва мактабҳои олии кишвар дастур додааст, ки минбаъд бидуни иҷозаи вазорат донишҷӯёнро ба чорабиниҳои фарҳангӣ, фароғатӣ ва cиёсӣ ҷалб накунанд.

Шӯҳрат Улфатов: "Ба тақдир тан додам"

Ozodi.org 

Шӯҳрат Улфатов дар нахустин мусоҳибааш бо Радиои Озодӣ баъди шунидани хабари даргузашти ҳамсар ва се фарзандаш дар фоҷеаи Магнитогорск гуфт, "ҳамаро аз худо ва сарнавишт мебинад" ва ба тақдир тан додааст.

Додситон барои раҳбарони пешини хадамоти амният ҳабси абад талаб кард

Ozodi.org 

Айбдоркунандаи давлатӣ 21 январ барои генерали пешини Хадамоти амнияти давлатии Узбекистон (Хадамоти амнияти миллии пешин ё СНБ) Ҳаёт Шарифхоҷаев ҳабси якумрӣ талаб кард. Парвандаи Шарифхоҷаевро додгоҳи низомии Узбекистон пушти дарҳои баста баррасӣ мекунад. Ба гуфтаи як манбаъ дар мақомоти адлияи Узбекистон, Шарифхоҷаеви 52-сола дар анҷоми як қатор ҷиноятҳо, аз ҷумла "сӯиистифода аз мақом, ташкили гуруҳи ҷиноӣ, шиканҷа ва ба ҷавобгарии ҷиноӣ кашидани афроди бегуноҳ" айбдор мешавад. Сардори хадамоти... Читать дальше...

Ҳомиёни ҳуқуқ аз кушта шудани 35 нафар дар эътирозҳои Венесуэла хабар доданд

Ozodi.org 

Шумори қурбониён дар эътирозҳои зидди президенти Венесуэла Николас Мадуро дар давоми як ҳафта ба 35 тан расид. Эътирозгарон ва чанде аз кишварҳои хориҷӣ қонунӣ будани ҳукумати Мадуроро эътироф намекунанд. Дар бораи марги эътирозгарон хабаргузории AFP бо такя ба роҳбари барномаҳои таҳсилот ва амал дар умури ҳуқуқи инсон хабар медиҳад. Ба иттилои созмони Foro Penal, 850 каси дигар ҳабс шудааст. Мавҷи нави эътирозҳо дар Венесуэла моҳи ҷорӣ шуруъ шуд. 21 январ мақомоти Венесуэла дар бораи пахши табаддулоти низомӣ хабар доданд. Читать дальше...

Дар Душанбе "Маркази байналмилалии намоишгоҳӣ" бунёд мешавад

Ozodi.org 

Дар шаҳри Душанбе Маркази байналмиллалии намоишгоҳӣ сохта мешавад, ки аз 22 табақа иборат хоҳад буд. Дар ин бора 29-уми январ дар нишасти матбуотӣ дар Душанбе раиси Кумитаи сохтмон ва меъмории Тоҷикистон Ҷамшед Аҳмадзода хабар дод. Ба гуфтаи вай, ин марказ аз 22 ошёна ва ду намоишгоҳи бузург иборат буда, дар табақаҳои дигар дафтарҳои ширкатҳову созмонҳои хориҷӣ ҷой дода мешаванд. Ҳамчунин меҳмонхона барои меҳмонони ин марказ ва таъсисоти фароғатӣ бунёд хоҳад шуд. Ба гуфтаи Ҷамшед Аҳмадзода, қарор... Читать дальше...

Амрико ба нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон таҷҳизоти амниятӣ дод

Ozodi.org 

Сафорати Амрико дар Тоҷикистон ба нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон дар ҳаҷми 3,8 миллион доллар, таҳҷизоти амниятӣ тақдим кард. Тибқи иттилои Сафорати Амрико дар Тоҷикистон, ин таҷҳизот субҳи 29-уми январ ба мақомоти тоҷик таслим карда шуд. Дар маросими таслими ин таҷҳизот Саймумин Ятимов, раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон ва Кевин Коверт, Кордори сафорати ИМА дар Душанбе иштирок кардаанд. Манбаъ мегӯяд, ки таҷҳизоти сенсории назорати заминӣ барои тақвият додани иқтидори нерӯҳои барои назорати доимии қисмҳои марзие... Читать дальше...





СМИ24.net — правдивые новости, непрерывно 24/7 на русском языке с ежеминутным обновлением *