Мы в Telegram
Добавить новость
smi24.net
Ozodi.org
Ноябрь
2022

Новости за 03.11.2022

Пайкараи "Модар" дар Тоҷикистон ба модари кӣ монанд бошад? ВИДЕО

Ozodi.org 

Пайкараи "Дуои модар" дар Кӯлоб баҳсбарангез шудааст. Дар долонҳои ҳукумати шаҳр гуфтугӯҳое садо медиҳанд, ки он ба зудӣ бозсозӣ хоҳад шуд, чун "ба раисиҷумҳури Тоҷикистон писанд наомадааст". Намояндагони ҳукумат қазияро шарҳ намедиҳанд.

Пайкараи "Модар" дар Кӯлоб акси модари кист?

Ozodi.org 

Пайкараи “Дуои модар” дар Кӯлоб баҳсбарангез шудааст. Дар долонҳои ҳукумати шаҳр гуфтугӯҳое садо медиҳанд, ки он ба зудӣ бозсозӣ хоҳад шуд, чун “ба раисиҷумҳури Тоҷикистон писанд наомад”. Намояндагони ҳукумат қазияро расман шарҳ намедиҳанд.

"Агар ин миллат як соҳиб медошт..." Додситонии кул гуфт, ки чаро Ғурбатӣ зиндонӣ шуд. ВИДЕО

Ozodi.org 

Хабарнигори 26-сола ва соҳиби як фарзанд чаҳоруми октябри имсол дар мурофиаи паси дарҳои баста ба 7,5 сол зиндон маҳкум шуд. Додрас ӯро ба таҳқири маъмурони милиса ва узвият дар созмони ифротӣ гунаҳкор донист. Худаш иттиҳомҳоро сохта номидааст. Модараш ҳукмро ноодилона хонд.



Иштироки 12 варзишгари тоҷик дар "Baku Grand Slam 2022"

Ozodi.org 

Дар мусобиқаи байнулмилалии ҷудо “Baku Grand Slam 2022”, ки рӯзҳои 4-6-уми ноябр дар пойтахти Озарбойҷон – Боку – баргузор мешавад, Тоҷикистонро 12 варзишгар дар рақобатҳо миёни мардон намояндагӣ хоҳанд кард.

Боздошти як мард дар Душанбе ба гумони қатли духтари ноболиғаш

Ozodi.org 

Кормандони пулис дар шаҳри Душанбе як мардро ба иттиҳоми куштори духтари ноболиғаш боздошт карданд. Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон хабар дод, ки Гурез Саидов, сокини 66-сола ноҳияи Шоҳмансури пойтахт рӯзи 28-уми октябр духтари 11-солаи худро бо чуб ва тасма лабукуб карда, ба ҳалокат расонидааст. Дар як гузориши телевизионӣ ин мард иқрор шудааст, ки вақте маблағҳояш аз хона гум шуд, дар ин кор аз духтари ноболиғаш гумонбар шуд ва хост ӯро ҷазо диҳад. Баъдан ба сару бадани духтари ноболиғ бо чуб ва тасма зад. Читать дальше...

Доварони бозии дӯстонаи мунтахабҳои футболи Тоҷикистон ва Русия аз Узбекистон мебошанд

Ozodi.org 

Бозии дӯстона миёни дастаҳои мунтахаби миллии Тоҷикистон ва Русияро, ки рӯзи панҷшанбе, 17-уми ноябр, дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе баргузор мешавад, ҳакамон аз Узбекистон доварӣ мекунанд.

Бунёди "Сорос-Қирғизистон" аз фишор ба озодии баён нигарон аст

Ozodi.org 

Бунёди "Сорос-Қирғизистон" вобаста ба "Рӯзи ҷаҳонии мубориза бо ҷиноятҳои зидди рӯзноманигорон" муроҷиате нашр кард. Дар муроҷиати бунёд дар робита ба "ҳамла ба озодии баён" дар Қирғизистон изҳори нигаронӣ шудааст.

Ваъдаи маошу паноҳгоҳ. Русия нерӯҳои омӯзишдидаи ҳамсояи Тоҷикистонро ба куҷо мебарад?

Ozodi.org 

Пас аз нашри гузоришҳо дар бораи ҷалби нерӯҳои пешини Афғонистон аз сӯи Русия, як намояндаи Департаменти давлатии Амрико гуфт, онҳо метавонанд, тавассути роҳҳои гуногун худро ба Иёлоти Муттаҳида бирасонанд.





СМИ24.net — правдивые новости, непрерывно 24/7 на русском языке с ежеминутным обновлением *