Мы в Telegram
Добавить новость
smi24.net
Ozodi.org
Ноябрь
2022

Новости за 20.11.2022

Пеш аз муҳлат ва бе рақибони воқеӣ. Интихоботи президентӣ дар Қазоқистон

Ozodi.org 

Дар Қазоқистон, ки моҳи январи имсол шоҳиди эътирозҳои хушунатомез ва боздошту кушта шудани даҳҳо нафари норозӣ буд, рӯзи 20-уми ноябр интихоботи пеш аз муҳлати президентӣ баргузор шуд.

Бохти Қатар ба Эквадор дар нахустин бозии Ҷоми ҷаҳонӣ-2022

Ozodi.org 

Дастаи мунтахаби Қатар дар аввалин бозии Ҷоми ҷаҳонии футбол-2022 аз тими Эквадор бо ҳисоби 0:2 шикаст хӯрд. Ин бозии гурӯҳи А шаби 20-уми ноябр дар варзишгоҳи «Ал-Байт»-и шаҳри Ал-Ҳавр баъди маросими ифтитоҳи мусобиқа доир гардид.

HRW ҳукумати Қирғизистонро барои тарҳи пешниҳодияш танқид кард

Ozodi.org 

Созмони Дидбони Ҳуқуқи башар (Human Rights Watch) аз ҳукумати Қирғизистон хостааст, тарҳи қонунро дар бораи созмонҳои ғайриҳукуматӣ бозпас бигиранд. Тарҳро дастгоҳи иҷроияи президенти Қирғизистон таҳия ва пешниҳод кардааст.

"Ба издивоҷ, муҳоҷират ва гирифтани мансаби давлатӣ иҷоза надиҳанд"

Ozodi.org 

Нашрияҳои расмии Тоҷикистон ин ҳафта асосан аз Эмомалӣ Раҳмон ва сӣ соли ҳукуматдорияш ситоиш карда, матбуоти дигар аз баъзе мушкили ҷомеа ва ҳамкории намояндагони давлату мухолифон гуфтаанд.

"То кай мунтазири ёрии мардум бошем? Ҳукумат бояд таъмин кунад"

Ozodi.org 

Бародарон, Тоҳиру Зоҳир, ки маъюби модарзоданд, баъд аз чаҳор моҳ 18-сола мешаванд. Зоҳир ҳарчанд бо душворӣ ҳаракат мекунад, дучарха меронад, ба мактаб меравад ва барои оянда нақшаҳо дорад, Тоҳир аз ҳамаи инҳо маҳрум аст.



Вакили зиндониро барои баҳс дар бораи Эмомалӣ Раҳмон ҷазо додаанд

Ozodi.org 

Бародараш Ҷамшед Ёров, раиси "Бунёди Бузургмеҳр", 20-уми ноябр ба Радиои Озодӣ гуфт, ҳодиса дар остонаи рӯзи президент иттифоқ уфтода, "ӯ 15 рӯз дар утоқи танбеҳ хоҳад буд." Рӯзи президенти Тоҷикистонро 16-уми ноябр таҷлил карданд.

"Пинҳонкорӣ". Як Кумитаи СММ аз боздоштҳо дар пайванд ба ҳодисаҳои ВМКБ нигарон аст

Ozodi.org 

Кумитаи ҳуқуқи иқтисодӣ ва маданӣ, ки моҳи октябри имсол гузориши Тоҷикистонро дар бораи мурооти ҳуқуқи инсон баррасӣ кард, гуфтааст, пинҳонкорӣ ҳангоми таҳқиқи парвандаҳо мояи нигаронист.

Ҷоми ҷаҳонии футбол-2022 бо бозии Қатар ва Эквадор оғоз меёбад

Ozodi.org 

Рӯзи 20-уми ноябр дар Қатар маросими ифтитоҳи Ҷоми ҷаҳонии футбол-2022 доир мегардад. Чорабинӣ дар варзишгоҳи “Ал-Байт” як соат пеш аз бозии дастаҳои мунтахаби Қатар ва Эквадор соати 20:00 ба вақти Душанбе шуруъ мешавад.

Ошхонаи Руфия нишонаи меҳмоннавозии тоҷикон дар Алмаато

Ozodi.org 

"Гӯшае аз Тоҷикистон" - исми ошхонаи миллии ғизоҳои тоҷикӣ аст, ки дар як бозори калони Алмаато амал мекунад. Муассиси он як зани тоҷик аст, ки солҳои ҷанги шаҳрвандӣ дар Қазоқистон паноҳ ёфтаву тиҷорати худро боз кард.





СМИ24.net — правдивые новости, непрерывно 24/7 на русском языке с ежеминутным обновлением *