Мы в Telegram
Добавить новость
smi24.net
Ozodi.org
Ноябрь
2022

Новости за 07.11.2022

Талаби ду сенатори амрикоӣ аз раиси ҷумҳури Тоҷикистон

Ozodi.org 

Ду сенатори амрикоӣ аз афзоиши таъқибу хушунат алайҳи хабарнигорон ва нокомии ҳукумат барои ҳифзи озодии баён дар Тоҷикистон изҳори нигаронӣ кардаанд. Дар ним соли охир дар Тоҷикистон ҳафт хабарнигору блогер дастгир ва чаҳор нафар зиндонӣ шуданд.

Интихоботи миёндаврии ИМА. Чӣ дигар мешавад?

Ozodi.org 

Натиҷаи интихоботи Сенат ва Маҷлиси намояндагон ба фазои сиёсии Амрико дар ду соли боқимондаи раҳбарии Ҷо Байден ва эҳтимоли бозгашти президенти собиқ ба Кохи Сафед таъсир хоҳад гузошт.

Ахбори Озодӣ аз 7-уми ноябри соли 2022 (Пахши зинда)

Ozodi.org 

Хабаргузории Эрон мегӯяд, қотили 13 нафар дар масҷиди шаҳри Шерози ин кишвар шаҳванди Тоҷикистон будааст, боздошти дубораи рӯҳонии тоҷик Муҳаммадӣ Раҳматулло, интихоботи миёндавраӣ дар Амрико, камбуди китоб дар мактабҳои тоҷикии Қазоқистон ва матолиби дигар.

Муҳаммадӣ Раҳматулло дигарбора боздошт шуд

Ozodi.org 

Муҳаммадӣ Раҳматуллоҳ (Муҳаррамов Муҳаммад Раҳматуллоевич), ки замоне ӯро "раҳбари салафиҳои Тоҷикистон" ном мебурданд, баъди бештар як соли раҳоӣ аз зиндон, дигарбора боздошт шудааст. Пайвандонаш дар маҳаллаи Чоряккорони Душанбе гуфтанд, дар бораи сабаби боздошти ӯ маълумот надоранд.



"Ба масҷид намерафт, дар хона буд." Боздошти дубораи Муҳаммадӣ Раҳматулло

Ozodi.org 

Муҳаммадӣ Раҳматуллоҳ, ки замоне ӯро "раҳбари салафиҳои Тоҷикистон" ном мебурданд, баъди бештар як соли раҳоӣ аз зиндон, дигарбора боздошт шудааст. Пайвандонаш дар маҳаллаи Чоряккорони Душанбе гуфтанд, дар бораи сабаби боздошти ӯ маълумот надоранд. Мақомоти интизомӣ шарҳ намедиҳанд.

Дастаи мунтахаби футзали Русия ба Душанбе омад

Ozodi.org 

Имрӯз, 7-уми ноябр, дар Қасри теннис ва намудҳои варзиши обии Маҷмааи универсалии варзишии шаҳри Душанбе бозии дӯстона миёни тимҳои миллии футзали Тоҷикистон ва Русия доир мегардад.

Роҳи Душанбе-Чаноқ боз шудааст

Ozodi.org 

Роҳи Душанбе-Чаноқ, ягона масир ба шимоли Тоҷикистон баъди чанд соати баста будан, дубора боз шудааст. Ширкати IRS, масъули нигоҳбини роҳ, ки аз ронандагон маблағ мегирад, бо нашри хабарномае гуфт, маҳдудиятҳо барои ҳама намуд нақлиётҳо бардошта шуд. "Шурӯъ аз субҳи барвақт кормандони мо тоза намудани роҳ аз барф ва коркарди он бо маводи зиддилағжишро идома доданд",-омадааст дар хабарномаи IRS.  Рӯзи 6-уми ноябр дар пайи боридани барфи зиёд равуо дар роҳи Душанбе-Чаноқ мушкил шуд ва даҳҳо мошин дар дохили нақб дармонданд. Читать дальше...

"Истиқлол" бори ёздаҳум қаҳрамони Тоҷикистон шуд

Ozodi.org 

Бошгоҳи «Истиқлол»-и Душанбе, ки дар бозии даври бистуми қаҳрамонии футболи Тоҷикистон миёни дастаҳои лигаи олӣ дар гурӯҳи “А” тими «Хатлон»-и Бохтарро бо ҳисоби 1:0 мағлуб кард, пешакӣ соҳиби медалҳои тилои мусобиқот гардид.

Темур Раҳимов барандаи медали тиллои мусобиқоти «Grand Slam” шуд

Ozodi.org 

Паҳлавони машҳури тоҷик Темур Раҳимов дар мусобиқаи байналмилалии ҷудо «Baku Grand Slam 2022», ки рӯзҳои 4-6-уми ноябр дар пойтахти Озарбойҷон – Боку – баргузор шуд, дар вазни беш аз 100 кило медали тило ба даст овард.

Кӣ мегӯяд, ки хиштрезӣ фақат кори мардон аст? ВИДЕО

Ozodi.org 

Дар ноҳияи Восеъ як корхонаи хиштпазӣ ҳаст, ки дар он занону мардон якҷо заҳмат мекашанд ва музди муносибе ҳам мегиранд. Корхонаи “Ниагара-А” даҳҳо зани маҳаллиро ба кор ҷалб кардааст, то дар хона аз бекорӣ “хаста” нашаванду барои худу фарзандон рӯзӣ пайдо кунанд.





СМИ24.net — правдивые новости, непрерывно 24/7 на русском языке с ежеминутным обновлением *