Мы в Telegram
Добавить новость
smi24.net
Ozodi.org
Ноябрь
2022

Новости за 06.11.2022

"Мардаки ман дар Русия аст, пул намефиристад"

Ozodi.org 

Кӣ гуфт, ки хиштрезӣ кори мардон аст? Дар як корхонае дар Восеъ занон баробари мардон хишт мекашонанду корҳои дигари вазнинро иҷро мекунанд. Занони хиштрез мегӯянд, барои таъмини рӯзгору кӯдакон маҷбур буданд, аз ин роҳ зиндагиро пеш мебаранд.

Cозмони Милал мегӯяд, курраи Замин зудтар "метасфад"

Ozodi.org 

Созмони Ҷаҳонии Ҳавошиносӣ рӯзи 6-уми ноябр ҳушдор дод, курраи Замин назар ба гузашта бо суръати бештар гарм мешавад ва сатҳи дарёву уқёнусҳо зудтар боло мераванд, ки метавонанд дар пай фалокатҳои азиме дошта бошанд.

Додгоҳи Душанбе Ораз Вазирбековро ба 16 сол зиндон маҳкум кардааст

Ozodi.org 

Додгоҳи шаҳри Душанбе Ораз Вазирбеков, яке дигар аз фаъолони мадании зодаи Бадахшонро ба 16 соли зиндон маҳкум кардааст. Яке аз пайвандони ӯ рӯзи 6-уми ноябр ба Радиои Озодӣ гуфт, ки муҳокима рӯзи 5-уми ноябр бидуни ҳузури хешовандон сурат гирифтааст ва додрас ҳам ҳукмро эълон кардааст.

Гуруҳе аз сокинони Рашт мегӯянд, раиси пешин заминашонро гирифт

Ozodi.org 

Дар як деҳаи минтақаи Рашт, ки мардумаш бо чорводорӣ зиндагиро пеш мебаранд, гурӯҳе сокинон шикоят доранд, ки хонаводаи раиси пешини ноҳия онҳоро аз нони даҳонашон мондааст. Ба иддаои онҳо, наздикони раиси пешин чарогоҳҳоро аз худ кардаву ба мардуми дигар иҷозаи истифода намедиҳанд.

Дар фалокате дар Ишкошим ҳафт нафар куштаву маҷруҳ шудаанд

Ozodi.org 

Дар натиҷаи як садамаи нақлиётӣ дар ноҳияи Ишкошим ҳафт сокини ноҳия куштаву захмӣ шудаанд. Вазорати умури дохилӣ рӯзи 6-уми ноябр бо нашри як баёнияи расмӣ гуфт, фалокат рӯзи 5-уми ноябр дар қаламрави ноҳия рух додааст.





СМИ24.net — правдивые новости, непрерывно 24/7 на русском языке с ежеминутным обновлением *